Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хизмати ҳарбӣ- рамзи ҷавонмардӣ
- Дар набардҳои бисёр ҳам шадиди дараи Хоки сафеди вилояти Фароҳи Афғонистон ҳамяроқонамро душманон ба муҳосира гирифта, чанде аз онҳоро ба қатл расониданд, ки ин фоҷиаи даҳшатбор бароям фаромӯшношуданист, - нақл мекунад Маҳмадюсуф Калонов аз хотироти хизмати ҳарбии худ дар Афғонистон. -Командири взвод Икром Очилдиев, ки аз ноҳияи Шаҳритус буд, ҳамроҳи дигар бачаҳо дар ин набарди нобаробар ҳалок шуданд. Он вақт ҷони ҳамаи мо дар хатар буд. Ҳар сарбоз хоҳ - нохоҳ ба як нохушӣ рӯ ба рӯ мешуд. Ё захм мегирифт, ё зери мушак метаркид ва ё бемор шуда, ранҷ мекашид. Яъне барои ҷавони 18 - сола таҳаммули ҷанги даргир осон набуд, - мегӯяд ҳамсуҳбатамон.
Баъд аз хатми мактаб соли 1983 Маҳмадюсуф Калоновро аз Комиссариати ҳарбии собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа ба хизмати модар-Ватан даъват намуданд. Ӯву ҳамсафонаш аввал дар шаҳри Тирмизи вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми се моҳ омодагии ҳарбӣ-тактикӣ дида, сипас ба Афғонистон сафарбар карда шуданд.
-Мо орзу мекардем, ки ҳарчи зудтар мактабро хатм намуда, ба хизмати ҳарбӣ равем. Зеро он рамзи матонату ҷасорат ва ҷавонмардӣ дониста мешуд. Ман ҳамеша мехостам, ки берун аз кишвар хизмат кунам. Хеле ҷавон будам ва пайваста фикр мекардам, ки маро барои адои хизмат ба кадом ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мефиристода бошанд? Белоруссия, Украина, Грузия ва ё Литва. Он вақт бисёр даъватшудагонро ба кишварҳои дур равон мекарданд. Аммо хаёлам хом баромад. Маро барои хизмати ҳарбӣ ба Афғонистони ҳамсоя фиристоданд, - зикр менамояд муаллими литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Бохтар.
-Мо мешунидем, ки ҳамон солҳо аз Афғонистон ҷасади сарбозонро ба Ватан меоварданд, - мегӯяд М. Калонов. - Муддати ду сол дар амалиётҳои сангини ҳарбии хоки Афғонистон иштирок кардем.
Барои хизматҳои шоён Маҳмадюсуф Калоновро бо медалу ифтихорномаҳо ва сипосномаю нишонҳои ифтихории сарисинагӣ қадр намудаанд.
Ҳамин тавр, баъд аз хизмати Модар-Ватан Маҳмадюсуф Калонов соли 1985 ба Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дохил шуда, онро аз рӯйи ихтисоси омӯзгори забони давлатӣ бомуваффақият хатм менамояд.
Ӯ фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ба ҳайси омӯзгор дар собиқ Техникуми энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуда, пасон дар Иттифоқи ҷавонони шаҳр кор мекунад. Аз соли 1996 инҷониб Маҳмадюсуф Калонов дар литсейи давлатии рақами 1-и шаҳри Бохтар ба ҳайси омӯзгори забони давлатӣ дар гурӯҳҳои ӯзбекию русӣ дарс мегӯяд. Вай дар ин муддат садҳо нафар толибилмонро таълиму тарбия дода, шаш нафар дастпарваронаш дар олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Қаҳрамони матлабамон таъкид мекунад, ки имрӯз бояд ҷавонон ба қадри сулҳу амонӣ ва серию фаровонӣ расанд ва бо ифтихор аз миллату давлати худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мардонавор хизмат намоянд. Ба назари Маҳмадюсуф Калонов наврасон бояд аз замони мактабхониашон, ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шуда, хуб обу тоби бадан кунанд, то барои адои хизмат ба Ватан ҳаматарафа омода бошанд.
-Ҳамасола дар Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ғалаба бар фашизм ва дигар иду айём бо ҷавонон вохӯрӣ доир намуда, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, шуҷоату матонат ва меҳанпарварию қадрдонии бузургон даъват менамоям, то ин ки фарзандонамон дар рӯҳияи солим ба воя расида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд, - иброз медорад М. Калонов.
Ӯ зимни суҳбат бо арзи сипос ба давлату ҳукумат баён намуд, ки дар баробари ғамхориҳои пайваста онҳо ҳоло ҳам ба хизматрасониҳои тиббию ёрии моддӣ умед доранд, то ин ки вазъи саломатиашонро беҳтар намуда, боз ҳам дар хизмати Ватан бошанд.
Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ 08:291147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД 14:41
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


