Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШУҒЛИ БАМАНФИАТ
Парандапарварӣ дар баробари як бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ буданаш аз шуғлҳои дӯстдоштании сокинони маҳаллӣ низ ҳаст. Имрӯз дар баробари фабрикаҳои хурду бузурги мурғпарварӣ бархе аз рустонишинон ҳам дар шароити хона ба нигоҳубини паранда ва истеҳсоли тухм машғул мебошанд, ки яке аз онҳо Набиҷон - фарзанди шодравон ҳофизи халқӣ Саидмурод Ҳотамов аст. 
Набиҷон рӯзҳоеро ба хотир меорад, ки замони мактаббачагӣ ҳамроҳи падараш борҳо барои харидани мурғ ба Файзободу дигар манотиқи кишвар рафтаанд. Имрӯз бошад ӯву бародаронаш на аз Файзободу Рашту Ҳисор мурғ меҷӯянд, балки ҳоло ба назди онҳо дӯстдорони парандагон аз шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ва Бохтару Турсунзода барои харидории мурғҳои хушзоту тухму чӯҷаҳо меоянд.
-Падарам, ки парандаро бисёр дӯст медоштанду онҳоро хеле хуб парвариш мекарданд, аз кӯдакӣ мо низ ба ин шуғл завқ доштем, - мегӯяд Набиҷон Ҳотамов. - Ёдам ҳаст, ки рӯзе қиблагоҳам ба ману додарам якчандтоӣ чўҷа ҳадя намуда гуфтанд, ки “инҳоро нағз нигоҳубин карда обу дон диҳед, калон шуда ба тухм медароянд”. Мо, албатта ин корро карда будем. Ҳар саҳар барвақт ба катаки мурғ даромада аввал тухми онҳоро ҷамъоварӣ мекардем ва аз он шод мешудем, -аз айёми наврасӣ қисса мекунад ҳамсуҳбати мо.
Ҳоло фарзандони Саидмурод Ҳотамов дар ҷамоати деҳоти “Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён як ҳавлии истиқоматиро пурра ба макони зотпарварии парандагон ва истеҳсоли тухмҳои камёб табдил додаанд, ки хеле зебою диданӣ мебошад.
-Инҷо 32 намуди парандагон парвариш меёбанд, ки аксари онҳо аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Хитой, Белорус, Ҳиндустон, Африқо, Ҳоланд ва Россия оварда шудаанд. Дар ин миён парандагони нодир ҳам мавҷуданд, ки ҳам гӯшт ва ҳам тухми онҳо хусусияти шифобахшӣ доранд, - таъкид мекунад Набиҷон.
Ба гуфтаи парандапарварон онҳо аз аввал дар фикри даромади ин кор набуданд. Аммо завқу хоҳиши одамонро дида, зотҳои гуногуни мурғро аз Россия ва дигар кишварҳо оварданд. Зеро талаботи аҳолӣ ҳам ба гӯшти парҳезӣ зиёд асту ҳам ба тухм. Аз ин лиҳоз Набиҷон ҳамроҳ бо фарзандони падар ба ин соҳа мароқ зоҳир намуда, онро рушд доданд. - Ҳоло дар хона зиёда аз 700 сар мурғ дорем. Ҳамарӯза то 500 дона тухм мегирем, - иброз медорад Набиҷон Ҳотамов. - Зоти фаронсавии мурғи сафеду сиёҳ тухми бештар медиҳаду ҳам то панҷ килограмм вазн мегирад. Як намуди дигари мурғ дорем, ки ранги тухмаш сабз буда, ба чандин дардњо даво мебошад. Илова бар ин ранги гӯшташ ҳам сиёҳ буда, бомаззаву фоиданок аст.
Ҳамчунин оилаи Ҳотамовҳо ба нигоҳубини панҷ намуди мурғи даштии фазан машғул ҳастанд ва тасмим доранд, ки бо зиёд намудани шумораи ин намуди паранда онҳоро ба табиати диёр сар диҳанд.
М. АМОНҶОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


