Бойгонӣ

ДАР СУҲБАТИ ФАЛАКСАРОИ БЕНАЗИР

Сарояндаи машҳури тоҷик Давлатманд Холов 26 -уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, собиқ Шӯроободи вилояти Хатлон,  дар оилаи деҳқон ва ҳунарманди китобдор ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба фалаксароӣ меҳру муҳаббати беандоза дошта, то имрӯз бо сурудҳои овозадораш санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Дар баробари фаъолияти эҷодӣ айни ҳол дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият дорад. Зимни як дидор суҳбате доштем бо машъалафрӯзи санъати мусиқии тоҷик, ки муҳтавои онро пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонем.

- Нахуст, аз овони хурдсолӣ ва маншаи ҳунару истеъдоди худ қисса мекардед? 
   -  Айёми кӯдакиам шодравон падарам ҳамроҳи дӯстонаш дар хонаи мо сурудхонӣ мекарданду ман аз паси дару тирезаҳо истода, онҳоро гӯш мекардам ва завқам меомад, ки мисли онҳо сурудхонӣ кунам. Рӯзе падарам мо, фарзандонро  имтиҳон гирифта, пасон, ба ман ишора карда гуфт: «Бачаҳо, ҳамаи шумо хуб, вале аз Давлатманд санъаткори хуб мебарояд». Ҳамин тавр, бо кумаки падар нозукиҳои чанд навъ асбоби мусиқиро аз худ кардам. Мутаассифона, ман хело ҳам барвақттар, дар 13 - солагӣ қиблагоҳамро  аз даст додаам. Ибтидо дар мактаби зодгоҳам деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мехондам, аммо баъди даргузашти падар таҳсилро дар мактаб -интернати давлатии «Саричашма»-и ноҳия идома дода, онро бо баҳои аъло хатм кардам. Гарчанде дар дил орзу доштам, ки таҳсилро дар Донишкадаи санъат ва ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода идома бахшам, аммо  бародарам хоҳони таҳсили ман дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буд ва ночор соли 1968 ба ин донишгоҳ дохил шудам. Овони таҳсил дар Донишгоҳи технологӣ рӯзе як тан аз устодон вазифа дод, ки ягон номгӯи ашёи хонагиамонро тасвир намоям. Вақте ман бо расми асбобҳои навозандагӣ ба дарс ҳозир шудам, устод нороҳат шуда, «Шумо артист» гӯён маро таъна зад. Баъди андаке баҳсу гуфтугӯ бо он омӯзгор ман дигар нахостам, ки таҳсилро дар ин муассисаи олӣ идома диҳам. Ҳамин сон, баъди хатми соли севуми таҳсил охиран ба Донишкадаи санъат ва ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро бо баҳои аъло ва дипломи сурх хатм кардам. Аммо аз се соли таҳсил дар донишгоҳи технологӣ пушаймон нестам, зеро самараи ҳамон солҳои таҳсил буд, ки дар идомаи ҳаёт лоиҳаҳои хонаҳои истиқоматиамонро худ тарҳрезӣ менамоям. 
- Аз маъракаҳои хурди ҳунарии рустои дурдасти кӯҳистон то саҳнаҳои бузург чӣ роҳеро тай намудаед?
   - То 13 - солагиам касе аз ҳамдеҳагони мо намедонист, ки салиқаи сурудхонӣ дорам. Чун аз падар ятим мондаву бародаронам дар хизмат буданд, дилам намешуд, ки аз модар барои харидани ғижак маблағ пурсам. Рӯзе дар як тӯйи деҳа чанд  тан ҳофизҳо ба навбат ҳунарнамоӣ мекарданд. Дар ман завқе пайдо шуду назди кати сарояндаҳо рафта хоҳиш кардам, ки рубобро ба ман диҳанд, то сарояндагӣ кунам. Аммо раиси маҳалла «ин ҷо ҷойи ту нест», - гуфта  маро сарзаниш кард. Хушбахтона, он ҷо як марди обрӯманде суҳбати моро шунида, «писари кӣ мешавӣ?», - гуфта ба ман таваҷҷуҳ намуд. Чун аз авлоди Холаҳмаду  Раҷабмад буданамро фаҳмид, «бигзор як навбат бисарояд» гуфта, ба ман навбат дод. Ҳамин тавр, бори аввал, ки он замон дар синфи 5-ум таҳсил доштам, дар маъракаи сертамошобин ҳунарнамоӣ кардам.
Баъдан, як рӯзи навбати пода дар маҳалли «Хами лақайҳо», ки нахӯди хоҷагӣ кишт карда шуда буд, Бобои Раҷабалӣ ва хазиначии хоҷагӣ амаки Зарифро вохӯрдам, ки баъди пурсупосу таърифи ман аз он лаҳзаи фалаксароиям дар тӯйхона ёдовар шуданд. Аз фурсат истифода намуда, аз онҳо хоҳиш кардам, ки бароям як халта нахӯд диҳанд, то онро фурӯхта аз маблағаш асбоби мусиқӣ бихарам. Ҳамин тавр, як миқдор нахӯди инъомнамудаи онҳоро бо рафиқам  кӯфта роҳ сӯи шаҳри Кӯлоб пеш гирифтем. Дар бозори Кӯлоб нахӯдро фурӯхта, ба мағозае ворид шудем, ки фурӯшандаи он падару бобои ҳофизамро мешинохтааст. Вақте ғижаки дар фурӯш гузошташударо навохтам, фурӯшандаҳо  шавқу истеъдоди маро дида, он асбоби мусиқиро аз нархи будааш арзонтар бароям тақдим намуданд. Онҳо чанд сол боз ба хотири соҳиби фарзанд шудан корҳои хайр анҷом медодаанд. Ману ҳамсафарам хурсанду мамнун раҳораҳ акардион навохтаву сурудхонон ба деҳа баргаштем. Баъди соҳиби ғижак шудан ба санъати навозандагӣ ҷиддитар машғул шудам.
Ҳамин тавр, як моҳ нагузашта ману Ҳақназар, Абдулҳамид, Ҷумъа, Собир, Назаралӣ, Сайид, Нурулло, ҷамъ, беш аз 10 нафар бачаҳои деҳа ансамбли худро ташкил кардем. 
- Давлатманд Холов ному шуҳрати деҳи Доғистону қуллаи ҳазрати Эмом Аскарӣ ва умуман Тоҷикистонро то ба ақсои олам бурдааст. Аммо муҳиту табиати сеҳрангези зодгоҳ дар тарбияи ӯ чӣ нақшу асаре гузоштааст?
  - Мавзеи ҳазрати Эмоми Аскарӣ тамрингоҳи овони наврасӣ ва ҷойи дӯстдоштаи ман аст. Чаро ки овони бачагию соатҳои рамачаронӣ дар марзҳои ин гӯшаи сеҳрангези кишварамон ман овозамро сайқал медодам. Вақте дар пешорӯи қуллаҳои Эмом Аскарӣ  нидои худро баланд мекунӣ, баъди лаҳзае акси садоят аз авҷи қуллаҳо дубора ба сӯят  танинандоз меояд. Умуман, марзҳои чарогоҳии кӯҳи ҳазрати Эмом Аскарӣ чун ҷойи истироҳату тановули ғизо ва ҳам тамрингоҳу мавзеи дӯстдоштаи ман буд. Овони наврасӣ дар васфи мазори ҳазрати Эмом Аскарӣ шеърҳо ҳам эҷод кардаам.
Умуман, саҳнаҳои ҳунариро дӯст медорам, аммо дар муҳити кӯҳсорон, бахусус, дар мавзеи кӯҳи Ҳазрати Эмом-Аскарӣ дар ман илҳоми фалаксароӣ боло мегирад. 
- Кадом аз лаҳзаҳои ҳунарнамоӣ бароятон хотирмон буд?
- Ба ҷуз нахустин ҳунарнамоӣ дар он тӯйи деҳа, инчунин замони таҳсил дар мактаб-интернати  Саричашма дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро гирифта будам. Баъдан, ҳини таҳсил дар Донишгоҳи технологӣ бори аввал аз тариқи телевизиони ҷумҳуриявӣ барномаи мусиқӣ иборат аз 45 дақиқаи ман пешкаши тамошобинон гардид, ки баъди он аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон  мухлис пайдо кардам. 
- Фаъолияти касбиро аз куҷо оғоз карда ва то кунун ба кадом кишварҳои олам сафари ҳунарӣ доштед?
-  Фаъолияти касбиро аз соли 1972  дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб оғоз намудаам. Аммо қаблан замони таҳсил дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳам ансамбли ҳунарӣ доштам. 
Нахустин сафари ҳунарӣ соли 1980 ба давлати Юнон ба вуқӯъ пайваста буд. Ба кишварҳои зиёди Ғарбу Шарқ сафари ҳунарӣ доштам. Аз  ҳама сафари хотирмонам дар як ҳавопаймо ҳамроҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Фаронса буд. Зимни ҳунарнамоӣ дар яке аз театрҳои бошукӯҳи Фаронса дар миёни намояндагони садҳо кишвари олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дида, эҳсоси бузурге маро фаро гирифта буд. Ман аз масофаи дуртар маънии ҳар имову ишораи Сарвари давлатамонро фаҳмида, торафт ба садои баландтар овозамро кашида фалак месароидам, ки аз ин тамоми саҳна ба ваҷд омада буд. 
-Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чӣ иқдомҳое рӯи даст доред?
-  Дар зодгоҳам - деҳаи Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як иншооти иборат аз се ошёна бунёд намудаем, ки дар қабати якуми он кошонаи ҳусн, ошёнаи дуюмро осорхонаи Давлатманд ва меҳмонхона инчунин қабати сеюмро барои толори мусиқии  зиндаи ниёгон фароҳам намудаем. Ҳамчунин, дар атрофи ин бино тарҳҳои зебои таҷассумгари фарҳангу осори ниёгон сохта мешавад. Дар ин ҷо аспҳои зоти тоҷикӣ бо зину авзорҳои қадима  омода карда шудаанд, ки сайёҳон метавонанд савори онҳо  шуда, ба мавзеи Ҳазрати Эмоми Аскарӣ тамошо бираванд. Мо кӯшиш дорем, ки дар он ҷо сайёҳии аграриро эҳё намоем, то ин ки сайёҳони хориҷӣ агар завқу ҳаваси ягон лаҳза дарав намудани ғалладонагӣ ё майли сабзавотчинӣ дошта бошанд, лаҳзае аз воқеияти зиндагии мардуми Тоҷикистон  баҳравар гарданд. Дар назар аст, ки ин нуктаро Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайри сайёҳӣ медарорад. Барои нигоҳубини ин мавзеъ то 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд. 
-Дар бораи шогирдони дар ҷодаи сарояндагӣ тарбиянамудаатон чӣ гуфтаниҳо доред?
- Чандин нафар дастпарваронам имрӯз ҳамчун ҳунарманди муваффақ метавонанд санъати мусиқии тоҷикро муаррифӣ намоянд. Ҳаким  Дамдоров аз ҳунармандони ояндадорест, ки айни ҳол магистрант буда, ҳамзамон дар ансамбли давлатии «Фалак» фаъолият дорад. Шогирдонам Неъматулло Сайдализода, Наврӯзи Досӣ, Сураҷ Ҳайдаров, Фотима Машрабова низ аз ҳунармандони ҷавону муваффақ дар арсаи ҳунар мебошанд. 
-Боре шудааст, ки аз санъат дилмонда шуда бошед?
  - Агар сад бори дигар зиндагиро аз нав ёбам, боз ҳунарманд мешавам. Ҳеҷ гоҳ дилмонда намешавам. Агар ҳунарманд санъату ҳунарашро самимона дӯст надорад, пас, баръакс, санъат аз ӯ дилмонда мешавад. 
 - Оё ягон тан аз фарзандон пешаи шуморо интихоб кардаанд?
- Шукри Худованд, ки писарам Лоиқшоҳ дар ҷодаи ҳунар кӯшишу заҳмати зиёд дорад. Ӯ низ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати  Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, барои такмили ҳунару маҳорати худ бисёр заҳмат мекашад. 
- Каме дар бораи унвону мукофотҳои ба дастовардаи хеш маълумот медодед. 
- Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буда, инчунин дорандаи ордену нишонҳои «Шараф», «Нишони Сулҳ» дараҷаи якум,  Нишони «Дӯстӣ», медалҳои «10-солагии Истиқлолият» ва «20-солагии Истиқлолият», Нишони дараҷаи олии сарояндагӣ ва навозандагии кишвари Фаронса ва ғайраҳо мебошам. Боре як шогирдам пинҳонӣ аз ман баъзе мукофотҳоямро дар тарозу баркашидааст, ки вазни онҳо 8 килограмм баромадааст.
- Таманнои Шумо ба ҳамватанон?
- Ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон тансиҳативу хонаободӣ, сарбаландиву муваффақиятҳои бузургро таманно дорам. Хоҳони онам, ки аз имконияту шароити созандаи фароҳамовардаи Пешвои муаззами миллат оқилона истифода намуда, дар баробари саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи Ватани худ, ҳамзамон баҳри таъмини зиндагии шоиста барои худ ва ояндаи дурахшони наслҳои баъдӣ  саъю талош намоем. 
Мусоҳиб Мизробшоҳ НАЗИРОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019