Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СӮЗАНИ МЕРОСӢ
Бонувони тоҷик аз дигар занҳои олам бо фарҳанги либоспӯшӣ, гесӯи дарозу иффату одоби тоҷикона, маҳорати сухандонию ҳусну ҳунармандиҳои беназирашон фарқ мекунанд. Бешубҳа, рушди ҳунарҳои мардумӣ имконияти бузурге барои муаррифии симои аслии бонувони тоҷик ва донишу малакаи онҳо фароҳам оварда истодааст.- Ин фурсати муносиб мо, бонувонро водор менамояд, ки бо саъю талоши пайваста миллату давлати худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, обрӯву нуфузиТоҷикистонро баланд бардорем,- мегӯяд қаҳрамони матлаби мо Нуринисо Самиева.
Дар ҳақиқат, духтарони тоҷик аз хурдӣ пайи омўзиши ҳунару такмили маҳорати хешанд. Маҳз бо ҳунару салиқаи аҷдодӣ гули сари сабади маҳфилҳо шуда, дастранҷҳои беназиру нотакрори хешро манзури оламиён мегардонанд. Ташкилу баргузории озмунҳои «Сад ранги чакан», «Чакомаи гесӯ» ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар баробари ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебопарастию озодманишӣ мояи рушду ривоҷи ҳунармандӣ дар кишвар гардида, ба таъмини садҳо занону духтарони хонашин бо шуғли музднок мусоидат мекунад.
Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон аз марказҳои ҳунармандие маҳсуб меёбад, ки дар оғӯши он садҳо наврасон ҳунарҳои гуногуни ниёгонамонро аз бар намуда, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба василаи такмили маҳорату касбияти хеш дуконҳои ҳунарӣ кушодаву нафарони дигарро ба шуғлҳои музднок фаро гирифтаанд. Дар ин муассиса ҳунармандони чирадасте ба ҳавасмандон нозукиҳои ҳунарҳои дӯзандагӣ, попурӣ, зардӯзӣ ва ғайраҳоро омӯзонида, мањҳорати худро аз насл ба насл мерос мегузоранд.Нуринисо мутахассиси варзидае мебошад, ки аз замони наврасӣ аз модару бибӣ ҳама нозукиҳои ҳунарро омўхта, феълан бо ду духтараш ба дигар наврасон дарси ҳунар меомӯзад. Аз овони кӯдакӣ бо табиати орому чусту чолокӣ ва завқи баланди ҳунаромӯзӣ аз дигар ҳамсолонаш фарқ мекард. Дар баробари дӯхти либоси занона инчунин нозукиҳои ҳунари зардӯзӣ, попурзанӣ, дӯхти кӯрпаву болишт, чодару сару либоси арӯсӣ ва аврупоиро аз бар намуда, ҳамакнун харидорони дастранҷҳояш сол аз сол зиёд аст. Бахусус, курпаҳои попурии омоданамудааш, ки зинатбахши хонаи арӯсон аст, имрӯз муштариёни зиёд дорад. Тавре ин бонуи ҳунарманд дар суҳбат бо мо иброз дошт, сол аз сол талабот ба дастранҷҳои ҳунарҳои мардумӣ зиёд шуда истодааст.
Нуринисо саргарми дӯхтани фармоиши навбатӣ ҳамзамон ба суолҳои мо посух мегуфт. Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба заҳмати зиёд сарф намудан дар омодасозии маҳсули ҳунармандӣ боре ҳам хастагиро эҳсос накардааст.
- Нақшу ороишоте, ки дар матоъ нусхабардорӣ мешаванд, илҳоми маро ба гулдӯзӣ бештар меафзояд. Ҳанӯз аз овони дар синфи 9-ум таҳсил доштанам ин ҳунари зеборо аз бибиам омӯхта будам. Васияти ӯ буд, ки ба ҳунармандӣ ҷиддитар машғул шавам,то оянда ин ва дигар ҳунарҳои ниёгонро ба наслҳои оянда биомӯзам. Ӯ ба сӯзани нуги ангуштшонаш ишора намуда, илова намуд, ки ин ёдоварӣ аз бибии ҳунармандаш мебошад. Баъзан шогирдон хоҳиш мекунанд, ки боре бо ин сӯзани таърихӣ гулдӯзӣ намоянд, чун он барои мо ҳунармандон арзиши баланд дорад. Дарвоқеъ, ҳамин сӯзан сабаб шуду ман имрӯз шогирдони зиёдеро тарбия кардаам, ки дар навбати худ онҳо ҳунарҳои азхуднамудаашонро ба наврасону дигар ҷавондухтарон меомӯзанд. Ҳар боре сӯзанро ба даст гирам он суханҳо ва он чеҳраи гарми бибиам пеши назар ҷилвагар мешавад,- ба ёд меорад Нуринисо.
-Мо ки бо духтан сару кор дорем, дар баробари дигар ашёҳои лозимӣ сӯзанро низ бештар мехарем, вале сӯзанҳои замонавӣ тез- тез корношоям мешаванд. Ҳол он ки ҳатто лаҳзаи шикастани сӯзан дӯзандаро лаҳзае нороҳат месозад ва баъзан ин ҳолатҳо боиси хастагии ҳунарманд мешавад. Ин аст, ки сӯзани аз бибиам мерос монда, барои мо арзиши гарон дорад, ки тӯли ин солҳо бо ман асту сабабгори пешрафти фаъолиятам мебошад,- мегӯяд Нуринисо.
Лаҳзаи дидору ошноӣ аз кору коргоҳ ва муҳити хонаводагии ин бонуи ҳунарманд, шоҳбайти мардумӣ ба хотир меояд, ки:
Ба ҳар коре ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Завқи баланди гулдӯзию таваҷҷуҳи беандоза ба рушду ривоҷи ҳунарҳои гуногуни мардумӣ дар муҳити хонаводагии Нуринисо баръало мушоҳида мешавад. Девориҳои бо завқу ҳаваси баланд дӯхташуда, сарулибоси бонувони ин остон ва ҳар нақшу нигори коргоҳу муҳити оилавии ӯ бозгӯи ҳунари волои ин бонуи чирадаст мебошад. Ба мушкилу мураккабии ҳунарҳои чакану зардӯзӣ, попурзанию дигар шуғлҳои дастӣ нигоҳ накарда, Нуринисо дар ҷодаи омӯзиши касбу ҳунар ба шогирдон ва ҳамзамон рушду ривоҷи ҳунарҳои аз аҷдодонаш омӯхта неруи хастанопазир дорад. Чун аз таҷрибаи рӯзгор ва собиқаи фаъолият дар ин ҷода итминон ҳосил намудааст, ки маҳз ба ин васила ризқу рӯзии худро дарёфт намудаву ҳам бо омӯхтани ин шуғлҳои даромаднок ба садҳо нафар шогирдон барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандае гузошта бошад.
Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД


