Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ РОҲНАМОИ МО!
Сухани сармуҳаррирПаёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зуҳуроти неку ояндасози даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, ин ҳуҷҷати роҳнамои халқ ва ифодагари рушди давра ба давраи соҳаҳои хоҷагии халқ дорои аҳамияти муҳими стратегӣ буда, дар таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва иҷрои ҳадафҳои пешгузоштаи роҳбарияти олии мамлакат нақши ниҳоят бузург мебозад.
Таҷрибаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтору ташкилоту идораҳо, инчунин соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат аз Паём то Паём собит менамояд, ки маҳз аз давраи ироаи Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти хизматчиёни давлатӣ, кормандону хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиёну коргарони соҳаҳои мухталифи ҷомеро дар иҷрои вазифаву масъулияти ба зимма доштаашон дучанд месозад. Бешубҳа, Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат ҳар фарди ватандӯстро водор ба он месозад, ки нуктаҳои муҳими дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кору фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор дода, аз Паём то Паём вазифаву рисолати назди худ гузоштаашро бечунучаро иҷро намояд. Зеро Паёмҳои Президенти кишварамон ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ, таъмини ҳаққу ҳуқуқҳои шаҳрвандон, сатҳи худогоҳию маърифатнокии ҷомеа ва баланд бардоштани мақому нуфузи давлат нигаронида шудааст. Бинобар ин, Паём ба сифати як барномаи муҳиму аз лиҳози илмӣ асоснокгардидаи давлату ҳукумат барои як соли рушди ҷомеа ва давлат хизмат хоҳад намуд.
Дар Паёми Сарвари давлат аз бунёди 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва дигар дастовардҳои як соли сипаригардида сухан рафт, ки ин ва дигар дастовардҳо умеду боварии мардуми шарифи кишвари моро ба ояндаи дурахшону беҳбудии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз бештар месозад. Тибқи таҳлилҳо, агар то соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд дошт, пас танҳо дар як соли охир, яъне соли 2020-ум дар мамлакати мо 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар умум, имрӯз шумораи корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ба 2274 адад расида, тибқи нақша дар ҳафт соли оянда, теъдоди корхонаҳо ба 3500 адад расонида мешавад.
Роҳбари давлат бо ёдоварӣ аз моҳияти ташкилу баргузории озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, таъкид намуданд, ки истеъдодҳои дарёфтнамуда ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонида, дар баробари дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ мондани ин озмунҳо маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида зиёд карда шавад. Ҳамчунин, ба Њукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдори кишвар супориш дода шуд, ки ғолибони ин озмунҳоро аз рӯи интихоби худи онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии устодон ва зодмандони онҳо тадбирҳои иловагї андешида шавад. Тавре ки Президенти кишвар зимни ироаи Паём таъкид доштанд: “Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад”.
Андешарониҳои Сарвари давлат оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва нақши бонувон дар рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои илму маориф ва тандурустии кишвар аз муҳимтарин нуктаҳои Паём арзёбӣ мегардад. Зикр гардид, ки “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”.
Президенти кишвар ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар Паёми имсолаи худ Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар масоили ҳалталаб, инчунин дар хусуси хавфу таҳдидҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла, таъкид доштанд, ки «вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».
Пӯшида нест, ки пешрафту дастовардҳои кишвари мо ба душманони миллату давлат хуш намеоянд, ки солҳои охир як зумра асолатбохтагон ва пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон фитнаву низоъ барангехта, мехоҳанд, ки бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷавонони моро гумроҳ намоянд.
Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат дар мавриди он ки ҳифзи арзишҳои муқаддас ва истиқлолияту озодиҳо аз ҳар нафари мо нангу номуси миллӣ, саъю талошҳо, заҳмати содиқона муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.
Аз ин рӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, ҷавонони худогоҳу меҳандӯст бо нияти дифоъ аз манфиатҳои миллату давлат дар муқобили душманони миллат муқовимат нишон дода, бо истифода аз ВАО, чорабиниҳои фарҳангӣ оммафаҳмонӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, амалу кирдорҳои хоинони Ватанро мањкум намоянд. Бавижа, мо, аҳли эҷод ва зиёиёни кишвар бояд пайваста атрофи мавзӯи пешгирӣ аз хатарҳои бегонапарастӣ суҳбату вохўриҳо доир намуда, фикру андешаҳои мардумро оид ба роҳҳои муосири мубориза бо ҳуҷумҳои идеологӣ ба ҷомеа бирасонем.
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ШАРАФ БА ПЕШВО


