Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАРЧАМБАРДОРОН
Дар ҷавонӣ дар радифи омӯхтани илму фарҳанг ва саҳмгузорӣ дар рушду нумўи меҳани худ, ҳамзамон ба тамрини бадан шуғл варзидану бо ғолибият дар мусобиқаҳои варзишӣ кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданро ҳар тан аз ҷавонони ватандӯст орзу доранд. Варзишгар, номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 9 маротиба чемпиони Тоҷикистон Раҳмоналӣ Асомудинов аз зумраи он ҷавононест, ки мехоҳад ба монанди варзишгарони машҳури тоҷик Расул Боқиев, Дилшод Назаров, Лоиқ Раҷабов, Аъзам Ғаффоров дар мусобиқаҳои сатҳи гуногуни ҷаҳонӣ парчамбардори Тоҷикистон бошад.Раҳмоналӣ соли 1999 дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ ноҳияи Қумсангир) чашм ба олами ҳастӣ кушода, овони наврасиро дар назди волидон ва меҳру муҳаббати бепоёни онҳо тай намудааст. Падару модар ҳамеша орзу доштанд, ки ҷигарбанди онҳо, дар оянда фарзанди содиқу номбардори ватани худ гардад. Бо гузашти солҳо волидайн ва аҳли оилаи Раҳмоналӣ аз муваффақиятҳои ба дастовардаи ӯ дар риштаи варзиш ифтихор менамоянд. Баъди хатми мактаби зодгоҳаш дар соли 2017 тариқи Маркази миллии тестӣ ба факултети педагогика ва варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд.
– Иштирок дар мусобиқаҳо ва сазовори ҷойҳои намунавӣ гаштан кори он қадар ҳам осон нест, - мегӯяд Раҳмоналӣ. - Чунки барои дар набарди тан ба тани майдони мусобиқа қувваозмоӣ намудан, нафаре лозим, ки ба мо нозукиҳои варзиши ихтиёрнамудаамонро биомӯзад. Аз ин рӯ, ҳама дастоварду муваффақиятам, танҳо бо дуои волидон ва устодони варзиши “Санъати муҳорибавии муҳориботи омехта” Азизҷон Ҳомидов ва Комил Ҳомидов ҳаст, ки бевосита нозукиҳои ин намуди варзишро ба ман омӯхтаанд.
Аз нахустин мусобиқаҳои варзишии дар сатҳи ноҳия ва вилоят ӯ ҷаҳду талош менамуд, то ба даврҳои байналмилалӣ роҳ ёбад. Бо ҳамин орзуву умед ва аз сидқи дил ба варзиш машғул гардидан, имкон дод, ки Раҳмоналӣ соли 2019 дар мусобиқаи Санъати муҳорибавии муҳорибаҳои омехтаи Осиё дар Душанбе иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ бо паҳлавони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдукарим Бобокалонов ба майдон баромада, ғолиб ва сазовори ҷоизаи Қаҳрамони Осиё гардид.
Ибтидо аз соли 2017 то инҷониб Раҳмоналӣ дар чандин мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қувваозмоӣ намуда, ҷамъ 13 медали тилло ва дипломҳои ҷойи аввал, 2 адад медали нуқра бо дипломҳои ҷойи дуюм ба даст овардааст.
Ҳама кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Раҳмоналӣ ба хотири иштироку ғолибият дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ аст. Натиҷаи далериву ҷасорати фавқулода ва ғалабаҳои пай дар пайи Раҳмоналӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ буд, ки соли 2018 аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони номзади Устоди варзиш сазовор гардид.
Дар соли 2019-ум бошад ӯ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар вилояти Хатлон доир гардида буд, бо дарёфти ҷойи аввал, сазовори медали тилло ва дипломи дараҷаи якум мегардад. Ҳамчунин дар он сол Раҳмоналӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муҳорибаи “Бокси Тайландӣ” ва “Муай-тай” байни ҷавонон ва калонсолон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардид. Баъдан, дар ҳамон сол дар Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санъати муҳорибавӣ ва муҳориботи омехта ММА сазовори ҷойи аввал гардидааст.Ба гуфтаи Раҳмоналӣ Асомудинов сирри музаффариятҳои ӯ аз баракати эҳтирому манзалати падару модар ва дӯст доштани ватани худ сарчашма мегирад ва ҳамсолони худро даъват мекунад, ки баҳри ободию рушду нумўи Ватани азизи хеш ҳамеша ҷаҳду талош намоянд, то аз худ номи неку рӯзгори ибратбахшеро барои наслҳои оянда боқӣ гузоранд.
Акмали ҚУРБОН
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД


