Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бибии танӯрсоз
Танӯрсозӣ шуғли саҳлу осон нест ва ҳунар аз пешавари он заҳмату маҳорати зиёд мехоҳад. Соҳибҳунари танӯрсоз бояд кори худро босабру таҳаммул ва шавқу рағбати бепоён иҷро намояд, то ин ки маҳсули дастранҷаш мақбули мизоҷон гардида, мардум ба ҳунару маҳорати вай баҳои баланд диҳад.Танӯрсозӣ ҳам аз санъатҳои қадимии гузаштагони мо мебошад, ки ҳунармандон онро аз насл ба насл мерос гирифтаанд. Бо ташаббуси хирадмандони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли (2018) ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), ки аз тарафи сокинони кишварамон ҳамовозӣ пайдо кардааст, ба эҳё ва марҳилаи нави рушди ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон замина гузошт. Дар ин росто аз пардохти андозҳо озод намудани фаъолияти ҳунармандӣ дар рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ дар кишварамон нақши ниҳоят бузург бозида истодааст.
Танӯрсозӣ аз ҳунарҳои хоси фасли тобистон мебошад, зеро нафари машғули ин ҳунар бо обу лой сару кор гирифта, ҳам барои омода намудани танӯрҳои хушсифату истифодаашон дарозмуддат ҳарорати баланди гармӣ лозим меояд. Сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Давлатой Сафарова, ба синну соли бознишастагӣ нигоҳ накарда, солиёни зиёд аст, ки ба танӯрсозӣ машғул аст.
Ҳунари танӯрсозиро овони ҷавонӣ аз пиразанони ҳамдеҳаи худ омӯхта буд, ки дар он солу замонҳо ҳунармандони чирадаст онро танҳо барои эҳтиёҷоти худу наздиконашон омода мекарданду халос. Ҳамин тавр, Давлатой, ки ба ҳунари танӯрсозӣ мароқи зиёд пайдо карда буд, дар баробари кумак расонидан ба пиразанон, аз онҳо нозукиҳои ҳунари танӯрсозиро аз бар менамуд.
Дар солҳои аввали танӯрсозӣ фармоиш камтар мегирифт, зеро дар он солҳо хоки барои танӯрсозиро аз дигар мавзеъ тавассути аробаҳо мекашониданд, ки ин заҳмати миёншикан барои бонувон ниҳоят мушкил буд. Бо мурури солҳо зиёд шудани теъдоди талабгорони танӯрҳои гилинро дида, Давлатой Сафарова ба танӯрсозӣ ҷиддитар машғул гардид. Ҳамин сон, бо гузашти солҳо илова ба иҷро намудани фармоишҳои хоҳишмандон шогирдони зиёдеро ба воя расонид, ки имрӯз ҳар нафари онҳо мустақилона ин ҳунари серхаридорро пеш бурда истодаанд.
Новобаста ба тайёр шудани даҳҳо тан дастпарваронаш, то кунун харидорони танӯрҳои Давлатой бешуморанд. Ин аст, ки бонуи ҳунарманд ҳамроҳи аҳли хонаводаи худ баҳри иҷрои фармоишҳои муштариён саъю кӯшиш менамоянд.
- Беҳтарин шогирдони ман фарзандони худам мебошанд, ки тамоми нозукиҳои ин ҳунарро аз ман омӯхтаанд,- табассумомез иқрор мешавад Давлатой Сафарова.
-Барои сохтани танӯр мо хоки кабуди ширадорро харида, инчунин пашми бузро аз Норак дастрас менамоем, - тарзи омода намудани танӯрро шарҳ медиҳад Давлатой. - Аз он лой тайёр карда, бо пой сум мезананд. Баъди каме дам партофтан лойро дубора тунук карда, ба он пашмро ҳамроҳ менамоем. Сипас, лойро чанд тан танумандон сум карда, маҳсули тайёршударо 2-3 шабонарӯз нигоҳ медорем. Пас он, аз лойи «пухтарасида» қолаби танӯрро мерезем ва онро се- чор шабонарӯз дар ҳавои гарм нигоҳ медорем. Дар давоми рӯзҳои хушк шудани қолаби танӯр дохили онро бо санг ҳамвор мекунем. Баъди пурра тайёр шудани танӯр онро дар ҷойи аз намнокӣ баланд нигоҳ медорем,то ин ки танӯри омода кардаи мо хуб хушк бигардад. Умуман, танӯрҳои гилини нонпазӣ дар муддати 10 рӯз тайёр мешаванд.
- Барои аз заҳмати танӯрсозӣ баҳраи бештар бурдану аз баракати ин ҳунар баҳравар шудан, ҳунармандро мебояд, ки ҳама ҳастии худро ба рушду ривоҷи ин ҳунар бахшида бошад, то ба талаботу хостаҳои муштариён танӯрҳои хушсифат омода намояд.
Ба гуфтаи Давлатой Сафарова, сол аз сол талаботи сокинон ба танӯрҳои гилин афзуда, мардум аз деҳоту маҳаллаҳои дурдасти ноҳия ба суроғи маҳсулоти омоданамудаи ӯву аҳли оилаашон меоянд. Ин аст, ки Давлатой дар якҷоягӣ бо фарзандону пайвандонаш соле аз 130 то 160 адад танӯр омода намуда, пешкаши харидорон менамоянд.
Як хислати шоистаи ин модари ҳунарманд он аст, ки дар омӯзиши ин ҳунар ба ҷавонон худ майлу рағбати беандоза дорад. Тавре иқрор мекунад, файзу баракат дар ҳунару ҳунармандӣ он вақт меафзояд, ки ҳунарманд пешаи худро ба дигарон низ омӯхта, барои дарёфти кору шуғлҳои фоидаовар ва пешбурди рӯзгори дигар одамон дасти мадад расонад. Чаро ки омӯхтану ба мерос гузоштани ҳунар барои наслҳои оянда бузургтарин кори хайрест, ки аҷру савобаш беохир аст.
Наҷибулло ГУЛЗОДА,
таҷрибаомӯз
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


