Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҳуқуқшинос
Инсони ватандори бонангу номус дар роҳи ватандорӣ қадамҳои боэътимод гузошта, бо дарки масъулияти баланд, эҳтиром ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва умумибашар дар ин ҷода ба қуллаи мақсуд мерасад. Қурбон Гурез, сокини шаҳри Бохтар, аз зумраи шахсиятҳои ватандӯсте мебошад, ки садоқат ба мардум ва хизмати шоиста барои меҳанро рисолати худ дар зиндагӣ мешуморад. Тавре худ қисса мекунад, садоқат ба Ватан, ба давлату миллат шиори зиндагии ӯ буда, бо ҳисси эҳтиром аз обу хоки ин мулки аҷдодӣ дар арсаҳои гуногун кору хизмат намуда истодааст.
Гузаштагони ӯ чун аксари мардуми кӯҳистон аз Даҳбеди Самарқанд буда, солҳои 50 – уми асри ХХ аз дараи зебоманзари Даштиҷум баҳри ободонӣ ва азхудкунии замини ноҳияи Фархор ба ин гӯшаи диёр кӯчонида шуданд. Он солҳо Даштиҷум дар ҳудуди ноҳияи Москва дохил мешуд ва Қурбон Гурез 10 – уми апрели соли 1954 дар ҳамин дараи биҳиштию афсонавӣ дар оилаи усто Қурбон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Модараш Бибӣ хола аз бонувони соҳибмаърифате буд, ки дар тарбияи фарзандон аҳамияти зиёд медод. Падари Қурбон Гурез солҳои тӯлонӣ дар колонаи сайёри механиконидашудаи ноҳияи Фархор ба сифати устои дуредгар заҳмат мекашид ва модар бошад дар хоҷагии «Коммунизм» кор мекард.
Баъди хатми МТМУ №8-и ноҳияи Фархор, таҳсилро дар техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе идома медиҳад. - Мо бачагони деҳотии солҳои шастуми асри ХХ дар симои муаллим як фарди бомаърифат, тарбиятгар, зебопараст, ҳомӣ ва пуштибони давлату миллатро медидем, - қисса оғоз кард Қурбон. - Муаллим миёни халқу шогирдон обрӯ ва мақоми хосае дошт, зеро ҳама ҳастии худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшида буд. Барои мо наврасони он давра ҳам ин андарзи бузургон таъсиргузор буд;
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В – аз падар устод дар пеш аст.
Ӯ бо эҳсосоти наҷибе аз нахустин устодаш Валӣ Эмомов ёдовар мегардад, ки он марди хирадманд бо рафтору гуфтор, шеъру зарофатгӯиҳои дилнишинаш дар қалбҳои шогирдонаш маъво гирифта буд. Бо меҳру муҳаббати бепоён аз заҳматҳои устодаш ёдовар шуда, шеъри пандомӯзро замзама мекунад мусоҳибам:
З – ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар муаллим.
Қурбон Гурез баъди хатми техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дар соли 1974 ба сифати устои корхонаи хишти шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, солҳои 1974 – 1976 хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоии шаҳри Астрахани Федератсияи Россия сарбаландона адо кард. Маҳз дар ҳамин мактаби мардонагӣ дар баробари обутоби ҷисмонӣ ва такмили маҳорат ҷаҳонбинии ӯро дигар сохт.
Марҳилаи дуюми фаъолияти устод Қурбон Гурез ба солҳои 1976 – 1992 рост меояд, ки дар ин давра ӯ ба сифати телеграфисти рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленин» - и вилояти Кӯлоб (солҳои 1976 - 1981), мухбири хурди рӯзномаи зикргардида (солҳои 1980 - 1981), мудири шуъбаи рӯзномаи ноҳиявии «Зафар» - и ноҳияи Москва (ҳоло М. А. Ҳамадонӣ – солҳои 1981), мусаҳҳеҳ ва тарроҳи рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» (солҳои 1981 - 1989), ҳуқуқшиноси колхози «Коммунизм» - и ноҳияи Фархор, ҷонишини котиби масъули рӯзномаи «Роҳи ленинӣ» фаъолият намуд. Кори устод дар ин марҳила бештар ба матбуоти даврӣ алоқаманд буд. Вай дар тӯли ин солҳо аз ҳаёти мардум, одамони касбу кори гуногун, рӯйдоду ҳодисоти вилоят мақолаҳо интишор намуд. Дар пешрафти матбуоти тоҷик дар ин гӯшаи диёр ҳиссагузорӣ кард.
- Устод Қурбон Гурезро солҳои зиёдест мешиносам, аз қаламаш огоњӣ дошта, хизматҳояшро ҳамчун эҷодкор, ҳуқуқшинос эътироф мекунам. Ҳамчун инсон, дӯст ва бародар шахси ҳалиму меҳрубон, хоксору ботамкин, дорои иродаи қавӣ, марди дарёдилу равшанзамир буда, миёни рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон ҷой ва мақоми хоса дорад. Ҳаёту фаъолияти ин марди асил барои журналистону ҳуқуқшиносони ҷавон сабақи ибратомӯзе шуда метавонад, - иброз дошт дар суҳбат ба мо сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон», раиси Иттифоқи журналистони вилоят Асалмоҳ Сафарова.
Устод Қурбон Гурез аз зумраи зиёиёни равшанзамир ва эҷодкорони ватандӯсте мебошад, ки бо заҳмати шабонарӯзии эҷодӣ ва хизмати софдилона ба халқу меҳани худ дар ҷомеа обрӯву эҳтиром дорад. Ӯ соли 1983 Донишкадаи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ғоибона хатм намуда, баъди хатми техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дониши худро дар риштаи филологӣ ва ҳуқуқшиносӣ мукаммал намуд.
Марҳилаи сеюми фаъолияти Қурбон Гурез ба кори ӯ дар мақомоти прокуратураи вилоят, шаҳри Левакант, ноҳияи Бохтар (Кӯшониён), ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш ба солҳои 1992 – 2017 рост меояд. Тӯли 28 сол дар ин мақомот дар вазифаҳои масъул софдилонаю содиқона ифои вазифа намуда, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон тибқи талаботи моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда саҳми сазовор гузоштааст.
Аз моҳи июни соли 2017 то имрӯз ба сифати мудири бахши кадрии Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон кор карда истодааст.
- Бо Қурбон Гурез солҳои зиёд дар прокуратураи вилояти Хатлон якҷоя фаъолият доштем, - ба ёд меорад гузаштаро собиқ ҷонишини прокурори вилояти Хатлон Раҷабалӣ Ғуломов. - Ӯро ҳамчун ҳуқуқшиноси варзидаю масъулиятшинос, марди фозилу донишманд, дар кор серталаб, нисбат ба тақдири ҳуқуқу озодиҳои инсон, мақому мартабаи ӯ боэътимод ва шахси дидадарою соҳибэҳтиром мешиносам.
Ӯ дар кадом вазифае кор накарда бошад, ба халқу миллати худ ва сиёсати созандаю бунёдкор ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати бепоён дошт ва бешубҳа собиқаи 46 соли корӣ ӯро як фарди дурандешу ватандори асил муаррифӣ менамояд.
Қурбон Гурез хушбахтиҳои зиндагиро аз тарбияи фарзандони азизу дилбандаш мебинад. Фарзандони ӯ Файзалӣ Қурбонов дар вазифаи сардори шуъбаи кадрҳои ҳуқуқии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Парвина Қурбонова ба сифати мудири кафедраи Муассисаи давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе, Шуҳрат ба ҳайси раиси ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён, Маҳина – ҳамшираи калони тиббии яке аз кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе, Идимад – сардори шуъбаи буҷети Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён ва Хайрулло ба сифати сардори шуъбаи Хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Вахш ифои вазифа доранд. Фарзандон аз падари ғамхору мушфиқи худ, роҳи тайкардаи ӯ ифтихор дошта, зиндагиномаашро барои худ ва фарзандону наслҳои ояндаи миллат сабақи ибратомӯз медонанд.
Саидзода ШЕРАЛӢ

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР