ҒИЗОИ СОЛИМ - ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ

- Солимӣ -

Дар Тоҷикистон баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ чораву тадбирҳои зарурию саривақтӣ андешида мешаванд. Қабули як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии аҳолӣ имконият фароҳам овард, ки заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ мустаҳкам гардида, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хубтару беҳтар гардад.

Тибқи нишондодҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, солимии ҷомеа асосан, яъне 55 фоиз аз худи аҳолӣ, 18 фоиз аз муҳити зист,17 фоиз аз ирсият ва танҳо 10 фоиз аз сохторҳои тандурустӣ вобастагӣ дорад. Бо назардошти ҳамин барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ қабул мегарданд, ки қисмати асосии нақшаи чорабинии онҳо аз тадбирҳои профилактикӣ иборат мебошанд.

Қабули Барномаи «Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» барои пешгирӣ аз афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ нигаронида шудааст.

Барои афзоиши ақлонӣ, ҷисмонӣ ва фаъолияти пурсамари организм, таъмини энергия маводи ғизоӣ нақши асосиро мебозад. Барои мувозинати мубодилаи дохилии организм донистани таркиби кимиёвии маҳсулоти ғизоӣ барои инсон ниҳоят зарур мебошад. Зеро маводи ғизоӣ, аз ҷумла сафедаҳо, равғанҳо, ангиштобҳо, моддаҳои минералӣ, витаминҳо дар афзоиши мубодилаи маводи дохилии организм ва дигар равандҳои дохилии он иштироки бевосита дорад. Истеъмоли ғизо яке аз равандҳои ниҳоят мураккабест, ки аз воридшавӣ, ҳазм, ҷаббидашавӣ ва ба ҳампайвастшавӣ (ассимилятсия)-и маводи ғизоӣ дар организми инсон иборат мебошад. Неру ҳангоми азхудкунии маводи ғизоӣ, аз ҷумла сафедаҳо, ангиштобҳо ва равғанҳо ба вуҷуд меояд. Аз рўйи маълумотҳои мавҷуда 1 грамм сафеда 4 килокалория, 1 грамм ангиштоб 4 килокалория ва 1 грамм равған (чарбу) 9 килокалория ҳосил мекунад.

Талаботи неруи организми инсон танҳо вақти кору фаъолият намудани ў пайдо мешавад.Ҳар қадар инсон зиёд кор кунад, организми ў ҳамон андоза зиёдтар неру талаб мекунад. Аз ин хотир, одам бояд он қадар ғизо қабул намояд, ки он талаботи неруи организми ўро натанҳо пўшонад, балки тавонад мувозинати неруро дар бадани ў нигоҳ дорад. Агар ҳангоми истеъмоли ғизо миқдори муайяни маводи ғизоӣ ба организм нарасад, он боиси камшавии неру мегардад. Худи организм барои нигоҳ доштани мувозинати неру аз захираҳои худӣ равған (чарбу) ва ангиштобҳо истифода мекунад. Дар ин ҳолат ҳатто захираи сафедаҳои организм низ сарф мегардад. Истеъмоли нобаробар ва аз меъёр зиёди ғизоҳои серкалория ба таври ҳаррўза, аз ҷумла ғизоҳои гўштию ширӣ, серравған, карбогидратҳои зуд ҳалнашаванда сабаби ба миқдори зиёд дар зерпўст захирашавии равғанҳо (чарбуҳо) мегардад, ки он дар навбати худ ба фарбеҳшавӣ ва мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва дигар бемориҳо оварда мерасонад.

Барои он ки инсон ба фарбеҳӣ гирифтор нагардад, бояд миқдори зарурии маводи ғизоиро қабул намояд ва он аз меъёр зиёд набошад. Яъне чӣ миқдор маводи бо ғизо ба организм воридгашта дар рафти кору фаъолияти шахс сарф гардад, бояд ҳамон андоза мавод ба организм тавассути истеъмоли маводи ғизоӣ ворид шавад.Талаботи дигари пешгирӣ аз фарбеҳӣ ин тақсимоти оқилонаи маводи ғизоӣ дар давоми рўз мебошад. Агар инсон дар як рўз се маротиба ғизо истеъмол кунад, қисмати асосии ғизо дар пагоҳӣ ва нисфирўзӣ, яъне то 80- 85 фоизро ташкил бояд диҳад. Хўроки шом аз вақти истеъмол то вақти хоб кардан на камтар аз се соатро бояд ташкил диҳад. Хўроки шом бояд бештар аз меваю сабзавот иборат бошад. Чунки миқдори камтарини неру дар ҳолати оромӣ, яъне хобу дамгирӣ сарф мегардад.Имрўз фарбеҳӣ беш аз пеш зиёда гардида, омили асосии бемориҳо гашта истодааст. Фарбеҳӣ низ яке аз намудҳои беморӣ буда, диабети қанд, фишорбаландӣ, сактаи дил, сактаи майнаи сар, васеъшавии рагҳои хунгард ва бисёр бемориҳои дигареро сабаб шудааст. Фарбеҳӣ инчунин ба қобилият фаъолияти кории инсон таъсири манфӣ расонида ба асабонишавӣ, фаромўшхотирӣ оварда мерасонад.Фарбеҳӣ пеш аз ҳама ба истеъмоли аз меъёр зиёди маводи ғизоӣ ва риоя накардани тарзи ҳаёти солим вобастагӣ дорад.

Бояд қайд кард, ки имрўз бо шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комили кишвар бозорҳои истеъмолии вилоят пур аз маводи ғизоӣ мебошанд. Дар интихоби маводи ғизоӣ аҳамияти ҷиддӣ бояд дода шавад. Аксарияти маводи ғизоие, ки аз беруни кишвар ворид мегардад ва ҳамчун маҳсулоти аз нуктаи назари тозагии табиӣ, яъне экологӣ ҷавобгўйи талабот нестанд. Бо мақсади дароз намудани муҳлати истеъмолиашон ва диққатҷалбкунанда будани намуди зоҳирии ин гуна маҳсулот дар раванди коркард аз моддаҳои кимиёвӣ истифода мебаранд. Дигар ин ки барои афзоиши тези сунъӣ ва сермаҳсулии маводи ғизоӣ аз гормонҳо ва доруҳои антибиотикӣ истифода мебаранд, ки раванди фарбеҳшавиро метезонад.

Сабаби дигари фарбеҳӣ дар он аст, ки дар хўрокаи ҳаррўза миқдори аз меъёр зиёди маводи нонӣ, қаннодӣ, серравған, нўшокиҳои рангаи ширин ва миқдори зиёди намак мебошад.

Дар хотир бояд дошт, ки равғанҳои аз чорво истеҳсолшуда ба монанди равғани гўсфанд, гов, буз, равғани зард ва маҳсулоти гўштии серравған ғизоҳоеанд, ки ҷамъшавии чарбҳоро дар организм ба вуҷуд меоранд. Ҳамчунин маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, макаронӣ, маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд низ дорои чунин хусусият ҳастанд.

Дар ҳолати пурхўрӣ ҷамъшавии чарбҳо дар организми инсон ба вуҷуд меояд, ки ин ба фарбеҳӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ дар навбати худ ба гурўҳҳо тақсим мешавад, ки дар ҳолатҳои якум ва дуюми зинаи фарбеҳӣ гарчанде дигаргуниҳои зиёде дар организми инсон ба амал наояд ҳам, аммо вазни аз меъёр зиёд нороҳатӣ ва душвориҳоро дар фаъолияти шахс ба миён меоварад. Вале дар зинаҳои сеюм ва чоруми фарбеҳӣ аломатҳои беморӣ пайдо мешаванд, ки дар фаъолияту зиндагии инсон мушкилотро ба вуҷуд меоранд. Дар зинаҳои якуму дуввуми фарбеҳӣ тадбирҳои пешгирикунандаро амалӣ намудан хеле зарур аст.

Аз маводи ғизоии серравған, нонӣ, қаннодӣ, нўшокиҳои ширин кам истифода бурдан лозим аст. Инчунин истеъмоли маводи ғизоии сернамакро маҳдуд намудан зарур аст.

Бештар меваю сабзавотро истеъмол намоед. Зеро дар таркиби меваю сабзавотҳои тару тоза миқдори зиёди моддаҳои минералӣ ва витаминҳо мавҷуданд.

Барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ бештар ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ машғул шуда, тарзи ҳаёти солимро ихтиёр кардан лозим аст.

Ҳаким ХУДОЙБЕРДИЕВ, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон

Добавить комментарий