Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
30 июн 13:50АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод / Мақолаҳо / Маслиҳати муфид
КИШВАРИ САБЗ
Мусоҳибаи вижа бо Шералӣ Тулфорзода, сардори шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбору иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон
Дар баробари ҳифзи муҳити зист, таъмини тозагии табиату манбаъҳои оби тоза ва пешгирӣ аз оқибатҳои ифлосшавии табиат, ҳамвора тағйирёбии иқлим, ки гармшавии сайёра аз нишонаҳои аввали он арзёбӣ мегардад, масъулияти ҷомеаи башарӣ ҷиҳати пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори экологӣ дучанд гардида, аз ҳар нафари мо, сокинони ин сайёраи сабз тақозо менамояд, ки ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти дар боло зикргардида саҳмгузор бошем. Вазъи муҳити зист, иҷрои нақшаҳои пебшинишуда дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти кабудизоркунӣ, ташаккули маърифати экологӣ миёни мардум ва пешгирӣ аз паёмадҳои мушкилоти экологӣ дар вилояти Хатлон дар кадом сатҳ қарор дорад? Оид ба ин ва дигар мавзуъҳои мубрами вобаста ба муҳити зист суҳбате доштем бо сардори шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбору иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Тулфорзода Шералӣ.
– Нахуст каме оид ба фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят иттилоъ медодед.
– Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ҷиҳати амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои табиӣ, баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ давоми панҷ моҳи аввали соли равон 2271 амалиёти назоратӣ гузаронида, ба субъектҳои хоҷагидор барои риоя накардани қонунгузорӣ ва беҳ гардонидани вазъи экологии иншоот 4572 пешниҳод ирсол намудааст, ки аз онҳо 3634 пешниҳод иҷро гардид. Барои ҷой доштани камбудиҳо ва вайрон кардани талабот дар самти ҳифзи муҳити зист, тибқи қарори протоколҳо нисбат ба 2402 нафар ба маблағи 994 ҳазору 712 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ин маблағ 96 дарсади он ба буҷети давлат ворид карда шудааст. Инчунин, дар 320 ҳолат барои расонидани таъсири манфӣ ба табиат ва муҳити зист ба корхонаву ташкилот ва муассисаву хоҷагиҳо ба маблағи 1 миллиону 225 ҳазору 842 сомонӣ ҷарима муқаррар намуда, аз ин ҳисоб 1 миллион 115 ҳазору 591 сомонӣ рӯёнида, ба буҷети давлат ворид карда шуд.
– Барои пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқа дар доираи татбиқи Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, аз ҷумла дар қаламрави вилояти Хатлон даҳҳо ҳазор бех ниҳолони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешавад. Мегуфтед, ки нақшаҳои пешбинигардида дар ин самт дар кадом сатҳ иҷро гардидааст?
– Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардониву кабудизоркунӣ дар мавсими ниҳолшинониву кабудизоркунии тирамоҳи соли 2024 - 2025 ва дар асоси Қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2024» дар вилояти Хатлон нақшаи се солаи кабудизоркунӣ тасдиқ гардида, барои иҷроиш ба шаҳру ноҳияҳо ирсол гардидааст. Дар асоси ин нақшаву чорабиниҳо то имрӯз дар ҳудуди вилоят ба миқдори 2 миллиону 717 523 ниҳол, аз ҷумла 241 202 бех ниҳоли сояафкан, 177 ҳазору 585 бех ниҳоли ҳамешасабз ва 298 ҳазору 736 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шудааст.
– Яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ дар саросари ҷаҳон ин ҳифзи табиат аз партовҳои полиэтиленӣ мебошад, ки мутаассифона, имрӯзҳо натанҳо дар партовгоҳҳои умумӣ, балкӣ дар ҷӯю каналҳо, шафати роҳу ҳатто андар соҳили баҳру уқёнусҳои саросари олам ҳам мушоҳида мешавад. Ба андешаи шумо чӣ бояд кард то муҳити зисти мо аз ин гуна партовҳои кимиёӣ тоза нигоҳ дошта шавад?
– Дар ҳақиқат ҳам тоза нигоҳ доштани муҳити зист аз партовҳои аз зарф ва дигар воситаҳои полиэтиленӣ ба мавзуи мавриди нигаронии зиёди кишварҳои олам қарор гирифтааст. Масъалаи коҳиш додани истеҳсолот ва истифодаи маҳсулоти полиэтиленӣ, аллакай дар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби коршиносону намояндагони Созмонҳои байналмилалӣ садо дода истодааст. Дар кишвари мо, аз ҷумла дар вилояти Хатлон бо мақсади коркарди дубораи маҳсулоти полиэтиленӣ дар шаҳри Бохтар корхонаи саноатӣ фаъолият меамояд, ки мардум зарфҳои полиэтилениро аз кӯчаву партовгоҳҳо ҷамъоварӣ намуда, ба ин коргоҳ месупоранд. Дар корхонаи мазкур аз партовҳои полиэтиленӣ маҳсулоти хоми ба ном «гранула» истеҳсол карда мешавад. Гранула ҳамчун маҳсулоти хоми саноатӣ дар баъзе кишварҳо дар бунёди роҳҳо ва дар кишвари мо бошад, алъон дар бунёди варзишгоҳҳо ва истеҳсоли дубораи зарфҳои полиэтиленӣ васеъ истифода бурда мешавад.
– Мегуфтед, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафу тадбирҳои созанда дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъмини тозагии табиат дар вилояти Хатлон чӣ нақшаву барномаҳо амалӣ шуда истодааст?
– Дар асоси иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №289 аз 2- юми июни соли 2011 «Дар бораи тасдиқи тартиб, шарт ва услуби ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қарору барномаҳои вобаста ба самтҳои кабудизоркунӣ, бунёди боғу гулгаштҳои ороишӣ қабул гардида, фаъолияти кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист вусъати хоса дорад.
Дар ин росто бо мақсади дар ҳолати хуби санитариву эпидемиологӣ тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳолинишин, атрофи хонаҳои баландошёна, биноҳои маъмурии ташкилоту идораҳо, роҳу кӯчаҳо ва аз ифлосиҳо эмин нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 431 маротиба аксияҳои тозагии маҳал, 395 аксияи тозагии шоҳроҳ баргузор гардид, ки дар ин ташаббусҳои тозакорӣ 106 ҳазору 523 нафар сокинон фаъолона иштирок намудаанд. Тавассути ин аксияҳои дастаҷамъона роҳу шоҳроҳҳо тоза карда шуда, садҳо тонна партовҳо ба ҷойҳои лозима бароварда, безарар гардонида шуд. Дар ин самти Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолияти пешоҳангӣ нишон додаанд.
– Ба фикри шумо барои таъмини тозагии муҳити зист ва бартараф намудани партовҳои полиэтиленӣ масъулияти ҳар як фарди ҷомеа ва оилаҳо аз чӣ иборат аст?
– Дарвоқеъ табиат хонаи инсон ба ҳисоб рафта, дар мавриди тозагии муҳити зист бояд ҳар яки мо оғоз аз манзили истиқоматӣ то кӯчаву маҳалли хеш масъулиятшинос бошем. Дар кишварҳои мутараққӣ агар нафаре афкандани партовро аз ҷониби дигаре дар ҷойи ғайримуқаррарӣ мушоҳида намояд, ҳатман ин лаҳзаро аккосӣ намуда, ба мақомоти дахлдор ирсол менамояд, то ин ки пеши роҳи қонунвайронкунӣ гирифта шавад. Яъне, инсон бояд ба хотири беҳтар шудани вазъи экологӣ саҳми фаъол дошта бошад. Иқдомҳои мо дар ҳама маврид тозагии муҳити зист, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои буду бош ва фарҳанги шаҳрнишинӣ ва дигар масъалаҳо замоне натиҷаи хуб медиҳанд, ки ҳамагӣ дастаҷамъона ташаббускор бошем. Биноан, вақте мебинем, ки нафаре ба табиат зарар расонида истодааст, набояд хомӯширо ихтиёр намоем.
Дар масири ҳифзи табиат ва беҳбудии вазъи экологӣ бояд тарбияи насли наврасро аз синни хурдсолӣ тақвият бахшид. Аз ин рӯ, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологӣ» бояд дар тарбияи насли ояндаи ҷомеа таваҷҷуҳи дучанд намоем. Ҳамчунин, корҳои таблиғу ташвиқотиро дар самти баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа вусъати тоза бахшем, то мардум дар тозаву озода нигоҳ доштани табиат ва пешгирӣ аз ифлосшавии манбаъҳои обӣ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд. Бояд гуфт, ки дар рустоҳо сокинон шароиту имкониятҳои кофтани чоҳҳои наздиҳавлигиро доранд, ки ба ин васила метавонанд, партовҳои маишии худро безарар гардонанд.
Дар умум, тозагии муҳити зист ва ҳифзи манбаъҳои обу дигар сарватҳои табиӣ аз ҳадафҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати беҳбудии вазъи экологӣ ва ба «Кишвари сабз» табдил ёфтани Тоҷикистон, ки манбаи обҳои мусаффо ва биҳишти рӯи замин аст, тадбирҳои ояндасоз роҳандозӣ шуда истодааст. Бинобар ин, дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат бояд ҳар фарди ҷомеа баҳри расидан ба ин ҳадафҳои бузург саҳмгузор, ташаббускор ва пешоҳанг бошад.
– Ташаккур ба шумо барои пешниҳоди чунин иттилоъ ва тавсияҳои зарурӣ.
– Ба шумо низ сипос мегӯем, ки ба чунин мавзуъҳои муҳим таваҷҷуҳи хоса доред.
Мусоҳиб Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД
ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
Тоҷикистон ватанам
Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо