Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФИДОИИ КАСБИ ХЕШ
Муаллими асил шамъи худсӯзест, ки дилу кошонаҳоро мунаввар гардонида, дар дили шогирд муҳаббату садоқат ба ватан, забон ва миллатро бедор менамояд.
Омӯзгори варзида, муаллимаи забон ва адабиёти рус, «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҷаҳонгул Давлатшоева аз қабили ҳамин гуна муаллимони асил маҳсуб меёбад, ки танҳо бо меҳнати фидокорона, омӯзиши пайваста, мутолиаи осори бегазанди адибони рус миёни мардум, омӯзгорон ва шогирдон соҳибэҳтиром гардидааст. Ҳанӯз дар овони хурдӣ дар дили ӯ шавқу рағбати омӯзгориро падари зиндаёдаш Маҳкамшоҳ Давлатшоев бедор намуда буд. Падараш ҳам «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба унвони баланди «Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон» сазовор гардида буд. Шодравон 50 соли умри азизи худро сарфи пешаи омӯзгорӣ карда, садҳо шогирдони арзандаи давру замон, забондону ватандӯстро ба камол расонд. Ҷаҳонгул Давлатшоева дар оилаи ҳамин гуна омӯзгори болаёқат, устоди касби хеш ба камол расидааст. Ҳоло дар дабистони рақами 18-и ноҳияи Дӯстӣ аз фанни забон ва адабиёти рус ба шогирдон сабақ медиҳад.
– Муаллимон дар ҷомеа хеле зиёданд, вале инсоне, ки касби худро содиқона дӯст дорад, ба пешаи интихобкардааш муҳаббату самимият дошта бошад, шогирдонашро чун фарзандони худ модарона дӯст дорад, бешак, омӯзгори асил ва фидоии касби хеш мебошад. Дар симои Ҷаҳонгул Давлатшоева банда ҳамчун сарвари имрӯзаи дабистони рақами 18 як инсони равшанзамир, модари мушфиқ ва пеш аз ҳама, омӯзгори фидоиро мебинам, зеро ӯ тамоми ҳастиашро ба таълиму тарбияи насли ояндасози миллат бахшидааст, – бо арзи эҳтиром андеша баён кард директори ин боргоҳи маърифат Зубайда Маҳмадназарова.
Мактаби деҳаи Қубодиён (ҳоло Каёндеҳ), Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстиро Ҷаҳонгул Давлатшоева соли 1982-юм хатм карда, донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе гардид ва ин донишкадаро соли 1987 бомуваффақият хатм карда, ба зодгоҳаш баргашт. Ӯ аз устодони хеш ҳам дар деҳа ва ҳам дар донишгоҳ сипосгузор мебошад, ки барояш дари илму донишро боз намуданд. Ӯро бо роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят карданд. Аз ин нигоҳ муаллима рисолати худро содиқона барҷой овард.
Ҷаҳонгул Давлатшоева аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи калидии ҷомеа сипосгузор буда, ҳама пешравӣ ва ободии ватан, рушди соҳаи маорифро ба номи Пешвои миллат зич марбут медонад.
Забони русиро, ки ба қатори забонҳои ҷаҳонӣ шомил мебошад, аз таҳти дил дӯст медорад. Дигаронро низ талқин мекунад, ки ин забонро омӯзанд ва барои рушду такомулаш ҳиссагузор бошанд. Роҳбари давлат низ ба ҳамин маънӣ пайваста таъкид менамояд, ки ҳар як ватандор, соҳибкор, ҷавонони саодатманди диёр дар баробари забони модариашон бояд ду-се забонро донанд, омӯзанд ва ҳунару дониши хешро сайқал диҳанд, зеро «Забон донӣ - ҷаҳон донӣ» панд додаанд бузургон. Омӯзиши ҳама забонҳо танҳо манфиат меорад, аммо муаллим бар он назар аст, ки инсон пеш аз ҳама, бояд забони модарии худро донад, ба забони модариаш арҷ гузорад. Шоир дар ин боб беҳуда панд надодааст:
Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест.
Надонӣ гар забони давлати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.
Вай соҳиби завқи баланд ва маҳорати бузурги омӯзгорӣ буда, ҳар як дарсашро шавқовар, бо истифода аз асбобҳои аёнӣ, воситаҳои техникӣ мегузаронад ва дарси ӯ аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунад. Шогирдон бо тамоми ҳастӣ дар дарсҳои устодашон завқ бурда, аз маҳорати сухандонию суханпарварии ӯ ғизои маънавӣ мегиранд, дониши худро мукаммал мегардонанд ва тарзи қироати шеърро аз ин инсони дарёдил меомӯзанд, пайравӣ мекунанд ва худ устод мегарданд. Имрӯз дар ин дабистон чандин шогирди ӯ аз фанҳои забону адабиёти рус ба толибилмон сабақ медиҳанд.
Дар дабистони рақами 18-и ноҳияи Дӯстӣ дар паҳлуи ӯ боз чандин омӯзгорони варзида ба фарзандони халқ дарс мегӯянд, ки онҳо низ аз рӯи меҳру муҳаббат ба Ҷаҳонгул Давлатшоева садоқати беинтиҳои худро баён медоранд ва кору пайкори ӯро сабақи ибратомӯз арзёбӣ мекунанд, ки воқеан чунин аст.
Ҷаҳонгул Давлатшоева 37 сол собиқаи кории омӯзгорӣ дорад. Тули ин солҳо шогирдони зиёдеро ба камол расонд. Ҳар яке бо пайроҳаи худ қадам гузоштанд, дар зиндагӣ ҷой ва мақоми хешро пайдо карданд, вале хизматҳои бузурги устодашонро ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш нахоҳанд кард.
Муаллим дорои беҳтарин фазилатҳои неки инсонӣ буда, бо рафтору гуфтор, масъулиятшиносиву ростқавӣ, накӯкорӣ фарқкунанда мебошад. «Ростиро завол нест»,- андешаронӣ мекунад ин фарди дилогоҳу хештаншинос, инсони ботамкину заминӣ ва ростқавл. Хулқу атвори нек, покдилию меҳанпарастиаш қадру қимати ӯро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардоштааст.
Як дарси хуб маънои як китоби бузургро медиҳад. Аз ин нигоҳ ӯ талош мекунад, ки ҳар як дарси худро дар дили шогирдон ҷо карда тавонад. Хушбахтона, ба ин ҳадафи худ расидааст ва боз ҳам маҳорати омӯзгориашро такмил медиҳад. Хуб медонад, ки агар омӯзгор лаҳзае омӯзишро тарк кунад, симои омӯзгории худро аз даст медиҳад. Маҳз барои ҳамин вай пайваста дар омӯзиш мебошад. Фармудаи бузургон «Аз гаҳвора то гӯр, дониш биҷӯй» - ро шиори зиндагии худ қарор додааст.
Гирди номи падар чӣ мегардӣ?
Падари хеш шав, агар мардӣ.
Ӯ бо номи падар ифтихор дорад. Касбашро аз худ кардаву аз падар омӯзгориро ба мерос гирифта, ки ин мояи ифтихору шараф аст. Дар зиндагӣ падар не, модари хеш шуд, соҳиби оилаи накуном, чор фарзанди баркамол ва панҷ набераи дӯстрӯяк гардид. Чунин модари оқил, равшанзамир ва муаллими ватандор доштан барои фарзандон ва наберагон мояи шарафу ифтихор аст.
Барои хизматҳои арзандааш дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат Ҷаҳонгул Давлатшоева бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Раёсати маорифи вилоят, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияву вилоят, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин сипосномаю дипломҳо сарфароз гардонида шудааст.
Воқеан, зиндагинома ва кору пайкори чунин модарони бошараф, инсонҳои комил, омӯзгорони фидоии касби хеш барои наслҳои ояндасози ҷомеа намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш мебошад. Аз чунин омӯзгорон омӯхтану таҷрибаи онҳоро васеъ ҷорӣ намудан ба манфиати аҳли ҷомеа хоҳад буд.
Саидзода Шералӣ, ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



