Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳамдиёрони азиз!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ баёнгари фатҳи бузурги сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик, таҷаллии ақлу заковат, хирадмандӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги сулҳофарини миллатамон буда, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҷойгоҳи арзишманд дорад. Дар ин санаи ифтихорӣ миллати мо роҳи хирадро интихоб карда, дар баробари ҳифзи якпорчагии давлат ва оромии ҷомеа, ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи устувор гузошт.
Бо камоли фараҳмандӣ сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сидқан табрику таҳният гуфта, барои ҳар фарди ҷомеа сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизамон рушду пешрафт ва шукуфоиро таманно менамоям.
Маврид ба зикри хос аст, ки расидан ба ин рӯзҳои ободу осуда кори саҳлу осон набуд. Маҳз хиради сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи устувори мардум, кишвари моро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандии харобиовар наҷот дод ва аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид. Яъне Пешвои муаззами миллат қудратро на танҳо барои қудрат, балки барои хушбахтии мардуми азизаш пазируфтанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо ва паёмҳои хеш борҳо таъкид кардаанд, ки: «Ваҳдати миллӣ ва сулҳи саросарӣ барои мо арзиши муқаддас буда, онро ҳамчун гавҳараки чашм бояд ҳифз ва мустаҳкам намоем, зеро маҳз ваҳдат омили асосии рушди давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлол ва саодати мардум аст».
Имрӯз мо шоҳиди онем, ки марҳилаи нави рушди Тоҷикистон ба шарофати ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ бо маром идома дошта, самараи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа эҳсос мешавад. Вилояти Хатлон, ки яке аз калонтарин минтақаҳои кишварамон маҳсуб меёбад, маҳз дар фазои сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати комили миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Агар ба таърихи на он қадар дури кишвари худ назар андозем, мебинем, ки солҳои 90-уми асри гузашта барои миллати мо яке аз сангинтарин марҳилаҳо ба шумор мерафт. Дар давлати навбунёд сохторҳои номукаммал, оқибатҳои харобиовари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, парокандагии ҷомеа, афзоиши гурезагон ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ вазъи зиндагии мардумро дар ҳолати бисёр вазнин қарор дода буд.
Маҳз дар ҳамин шароити душвор фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ, рӯҳи ватандӯстона ва масъулияти таърихӣ ба саҳнаи сиёсат омада, нахустин суханони умедбахши худро чунин ироа намуданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!»
Ин суханон на танҳо шиор, балки рисолати таърихие буданд, ки ба сӯйи таҳкими ҷомеаи ягона ва давлатдории муосир роҳи ҳамвор бунёд намуданд. Имрӯз мо мебинем, ки он сулҳи деринтизори миллӣ ба як воқеияти устувори сиёсиву иҷтимоӣ табдил ёфта, аҳли ҷомеаи мо бо дили пок, нияти нек ва саъю талоши муштарак баҳри пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.
Дӯстони гиромӣ!
Дар ҷаҳони муосир, ки вазъияти сиёсиву геополитикӣ ниҳоят мураккаб гардидааст, кишварҳо бо таҳдиду низоъ, бесуботӣ, тафриқа, муҳоҷират ва фишорҳои идеологӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Дар чунин шароит ҳифзи ваҳдат, субот ва оромии кишвар на танҳо вазифа, балки қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст. Маҳз бо дарназардошти ин нуқта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд: «Мо бояд ба қадри истиқлол, ваҳдат ва суботи ҷомеа бирасем, онро ҳифз кунем, барои таҳкими минбаъдаи он содиқона заҳмат кашем ва насли наврасу ҷавонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем».
Ба ҳамин хотир, имрӯз Ваҳдати миллӣ мояи пойдории Истиқлоли давлатӣ, рушду тараққиёти давлат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ояндаи босаодати наслҳои оянда гардидааст.
Дар ин солҳо вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи пешсафи иқтисодӣ ва муҳаррики асосии рушди кишоварзии кишвар бо истифода аз фазои сулҳу ваҳдат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Сохтмон ва таҷдиди роҳу пулҳо, бунёди муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, корхонаҳои саноатӣ, рушди деҳот, дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳбудии шароити зиндагии мардум самараи ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.
Имрӯз мо дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро дар амал татбиқ менамоем, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди устувори минтақа мебошад. Дар ин ҳама пешравиҳо нақши сулҳу ваҳдати миллӣ ҳалкунанда аст. Зеро бе суботу ваҳдат ва ҳамдилӣ наметавон созандагиву пешрафтро амалӣ кард.
Дар ин замина вазифаи асосии ҳар як сокини вилоят, бахусус хизматчиёни давлатӣ таҳкими сулҳу субот, таъмини фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ мебошад. Махсусан, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва пос доштани арзишҳои сулҳу ваҳдат бояд вазифаи муқаддаси ҳамаи сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ бошад.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Имрӯз, мо дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба хубӣ дарк мекунем, ки агар ваҳдати миллӣ намебуд, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, пешрафти саноату кишоварзӣ, таъмини амнияту субот, рушди фарҳанг ва илму маориф, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ низ номумкин буд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ваҳдатро ҳамчун арзиши муқаддасу бебаҳо, ҳамчун ҷовидонтарин рамзи давлатдорӣ ва мояи зиндагии осоишта ҳифз намоем. Мо бояд дар атрофи Сарвари давлат, Пешвои миллат, ки ҳамчун рамзи ваҳдат ва кафили сулҳу субот мебошанд, беш аз пеш устувору муттаҳид бошем ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми устувор гузорем.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, орзу менамоям, ки дар хонадони ҳар як тоҷикистонӣ шодиву нишот, файзу баракат ва муҳаббат ба Ватан танинандоз бошад.
Пойдору ҷовидон бод, ваҳдати миллӣ!
Ободу шукуфон бод, Тоҷикистони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат 15:08Чеҳраи хандони Тоҷик аз шарори Ваҳдат аст... 15:03ВАҲДАТ 14:59ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — НАҶОТИ МИЛЛАТ 14:55ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 14:35РОНАНДАИ БАҲРӢ 17:38МИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАДИ РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД 17:32С ВИЗИТОМ В ЛЕНИНГРАДСКОЙ ОБЛАСТИ — ДЕЛЕГАЦИЯ ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН 17:25
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БОХТАР. ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНИ ФАЪОЛ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД
АСРОРИ СИТОРАИ ИНТЕРНЕТ
ОРЗУРО КАНОРУ АМАЛРО ПЕША КУН!
БУНЁДИ ОИЛА МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД
Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд
ЁВОН. ТАҚДИМИ ТЕХНИКАҲОИ СОҲАВӢ БА РАЁСАТИ КОММУНАЛӢ
ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ХАТЛОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН