ҶОНИБДОРӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА

Пешрафту тараққиёт ва гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, ки бо иқдому нақшаҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рух додаанд, аз ҷониби аксари сокинони кишвари азизамон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Баробари миллати тоҷик дигар халқу миллату қавмҳои сокини кишвар, ки Тоҷикистонро Ватани азизи худ медонанд дар ин пешравиҳо ба қадри имкону иқтидори хеш саҳми арзанда мегузоранд.

Мо имрӯз қарор додаем, ки дар бораи саҳми арзандаю хизмати неку шоистаи лўлиён, ки бо ҳукми тақдир солҳои зиёд боз бошандаи муқимии Тоҷикистон гардидаанду дар якчанд минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхии вилоят сукунатро ихтиёр кардаанд, барои хонандагони азиз навиштаҷотеро пешкаш намоем.

Ёде аз таърихи ин қавм

Гарчанде бошандагони Тоҷикистон ин қавмро гоҳе лӯлию гоҳе ҷӯгӣ ном мебаранд, вале дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ҳардуи ин истилоҳ истифода шудааст.

Бештари тоҷикон бар ин назаранд, ки лӯлиҳо ҳамдини онҳо нестанд. Аммо ин андеша воқеият надорад. Намояндагони ин ақаллияти миллӣ мисли тоҷикон мусалмон ва суннимазҳабанд. Дар санадҳои расмӣ замони дақиқи ба қаламрави Тоҷикистон омадани лӯлиҳо мавҷуд нест. Бештари тоҷикон лӯлиҳоро “ҷӯгӣ” мегӯянд. Дар Эрон онҳо ҳамчун “кулӣ” маъруфанд. Андешаи дигар ҳам низ ҳаст, ки аз ин қавм “мугат” ном мебаранд, ки решаи ҳиндӣ дорад. Дар байни ин ақаллияти миллӣ аз куҷо ба қаламрави Тоҷикистон омадани онҳо андешаҳо гуногунанд. Иддае бар ин назар аст, ки тахминан солҳои 40-уми асри гузашта аз Ӯзбекистон омадаанд. Аммо қисми дигаре андеша доранд, ки аҷдодони онҳо аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон кўч бастаанд. Солҳои пеш дар байни мардум сарусадоҳое низ буданд, ки гӯё лӯлиҳо оромгоҳ надоранд. Аммо зимни суҳбат аксари онҳо ин гуфтаҳоро рад карда, иброз карданд, ки ин сарусадоҳо воқеият надоранд. Онҳо иброз карданд, ки лўлиҳо гўристон дошта, мурдаҳояшонро тибқи суннатҳои дини мубини ислом ба хок месупоранд.

Ташаббусҳои созандаи онҳо


Бунёдкорию ободкориҳое, ки дар маҳали сукунати лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббусу иқдому дастгирии онҳо сурат гирифтааст, бори дигар моро боварӣ бахшид, ки сиёсати оқилонаю дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари тоҷикон аз ҷониби дигар қавму миллатҳои сокинони Тоҷикистон низ якдилона ҷонибдорӣ пайдо кардааст.

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло саҳми гузоштаи лӯлиҳоро дар ободонии ноҳия назаррас арзёбӣ кард. Ба андешаи ӯ ин қавм дар корҳои бунёдкорию созандагии ноҳия аз баъзе соҳибмансабон дида бештар саҳм мегузоранд.

-Дар байни панҷ нафаре, ки аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои саҳми муносиб гузоштан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд, як нафараш лӯлитабор аст. Ин нафар сокини деҳаи “Коммунист”-и Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”-и ноҳия Нуриддин Яронов буда, аз ҳисоби хеш корҳои зиёди созандагиро, аз қабили сохтани як пул бо харҷи 65 ҳазор сомонӣ, бунёди истгоҳи замонавӣ ва дарвозаи даромадгоҳи деҳа ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонидааст. Дар баробари корҳои ободонӣ онҳо пайваста ба шахсони камбизоат кумаки хешро мерасонанд, - иттилоъ дод раиси ноҳия.

Раиси ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Фазлиддин Қадриддинзода зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳоло бештари лўлиҳо шуғли худро, ки талбандагӣ буд, тағйир додаанд. Як қисмашон ба кишоварзӣ машғул буда, қисме дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, қисмати дигараш ба тиҷорати хурд оғоз кардаанд, ки ин кор нисбат ба гадоӣ, ки шуғли аҷдодиашон ба ҳисоб меравад, даромади бештар дорад.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин афзуд, ки ин қавм дар ду деҳаи ҳудуди ҷамоат, деҳаи Коммунист ва деҳаи Максим Горкий зиндагӣ мекунанд. Бошандагони деҳаи Коммунист дар соли сипаригардидаи 2019 чанд иқдоми наҷиберо ба анҷом расониданд. Дар соли ҷорӣ бошад ин қавми лӯлитабор аллакай ду километр роҳи дохили деҳаро ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сангфарш карда, 250 метри дигари роҳро бо харҷи 70 ҳазор сомонӣ мумфарш карданд. Ҳамчунин бо масрафи 70 ҳазор сомонӣ дар деҳа як трансформатори пуриқтидор насб карда шуда, утоқи кории раиси кумитаи маҳалла бо харҷи зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ бунёд шуда истодааст. Дар ин корҳои хайр саҳми шахсони саховатпеша ба монанди Нуриддин Яронов ва Баҳодур Асомов назаррас аст.

Қисмати дигари ин қавм, ки дар деҳаи Максим  Горкий умр ба сар мебаранд, аз ҳамқавмони хеш қафо намонда, корҳои созандагиро ба роҳ мондаанд. Аз бунёди дарвозаи даромадгоҳи деҳа сар карда, то сохтмони бунгоҳи тиббӣ саҳм гузошта истодаанд.

“Мо низ саҳми арзанда мегузорем”


Нуриддин Яронов, ки масъулияти раиси кумитаи маҳаллаи “Коммунист”-ро бар уҳда дорад зимни суҳбат чунин ибрози андеша кард. “Мо қавми лӯлитабор талош мекунем, ки шаҳрванди баробарҳуқуқи Тоҷикистон бошем ва сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳама якдилона дастгирӣ намуда, дар шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро мегузорем”.

                         Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Ҷ. Балхӣ
Добавить комментарий