Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚИССАЕ БАРОИ УСТОДУ ШОГИРД...
"АЗ ҲАР ЗОВИЯ"

Рӯзе муаллимаи синфи панҷ ба шогирдонаш хитоб карда гуфт: «Ман ҳамаи шуморо дӯст медорам». Дар ҳоле ки ғайриихтиёр яке аз шогирдонашро бо номи Тедди фаромӯш кард. Чунки Тедди андак бесавод буду дарсҳоро намефаҳмид, илова бар ин, одобаш хуб не.
Инро муаллимаи ӯ дар рафти соли хониш пайхас кард. Ҳамчунин, муаллима пай мебурд, ки Тедди танбал асту бо ягон ҳамсабақаш бозӣ намекунад ва доимо баҳои ду мегирад,
Рӯзе аз рӯзҳо муаллима хост, ки бо асноди шахсии шогирдон ошно шавад ва дар бораи онҳо маълумоти бештар дошта бошад. Муаллима ҳуҷҷатҳоро варақ зада мехонд ва ҳамин ки асноди Теддиро хонд, дар ҳайрат монд: Муаллими синфи якумаш аз чӣ бошад, навишта буд, ки Тедди кӯдаки зираку доно буда, мавзӯъҳоро ба хубӣ мефаҳмад ва ба дарсҳо ҳамеша тайёр асту ба саволҳо ҷавоб медиҳад. Муаллими синфи дуюм навишта буд, ки Тедди талабаи ҳушёру ботамиз аст ва ҳамсабақонаш ӯро дӯст медоранд, аммо шояд аз он ки модараш гирифтори саратон аст, дар ӯ осори каме нороҳатӣ ҳис мешавад.
Муаллими синфи сеюм навишта буд, ки дар хона нисбат ба Тедди бояд чораҳои махсус андешанд, зеро баъди вафоти модараш хеле ғамгину рӯҳафтода аст ва падараш ба ӯ аҳамият намедиҳад. Муаллими синфи чорум навишта буд, ки Тедди писари бесаводу беодоб буда, бо ҳеҷ яке аз ҳамсабақонаш дӯстӣ надорад ва ҳангоми дарсҳо хобаш мебарад. Баъди ин муаллима Томсон мушкили Теддиро фаҳмид ва хиҷолат кашид. Муаллима муносибаташро ба шогирдаш Тедди дигар намуд.
Дар зодрӯзи муаллима ҳамаи шогирдон ба ӯ дар қуттиҳои зебо ва ороишёфта туҳфаҳо супурданд, Тедди бошад, дар халтачаи одии селофанӣ, ки дар мағозаҳо ба харидорон ройгон медиҳанд, либос ва шишаи атреро, ки аз ним бештараш истифода шуда буд, ба муаллима ҳадя кард. Ҳамсабақонаш ин ҳолатро дида, ба ҳоли ӯ хандиданд, аммо муаллима дарҳол бо овози хуш ва табъи болида аз Тедди изҳорӣ миннатдорӣ намуд. Баъди ин синфро оромӣ фаро гирифт ва ҳама хомӯш монданд.
Муаллима дар хона он куртаро бар тан карду он атрро истифода намуд. Тедди бисёр хушҳол шуда, баъд аз анҷоми дарс чун ҳарвақта ба хонаашон нарафт ва бо муаллима монд. Ӯ назди муаллима омада гуфт, ки аз шумо бӯйи модарам ба машом мерасад. Ҳамин ки Тедди ин суханро гуфт, муаллима дарҳол ӯро дар оғӯш гирифта, эҳсосоташро нигоҳ дошта натавонист ва гиря кард. Охир, Тедди либос ва атри модари марҳумашро ба муаллима ҳадя карда буд.
Баъди ин муаллима нисбат ба Тедди эҳтироми бештар пайдо кард ва ҳамеша ба ӯ ёрӣ мерасонд. Дар натиҷа Тедди дубора босавод шуду зираку доно гашт ва дар охири сол аз ҳамаи фанҳо баҳои панҷ (аъло) гирифт.
Рӯзе аз рӯзҳо муаллима варақчаеро дар паси дар овехта дид, ки дар он навишта шуда буд: «Шумо беҳтарин муаллима дар ҳаётам ҳастед! Шогирди шумо Тедди».
Дар ҷавоб муаллима навишт, ки «Ин туӣ, ки маро таълим додӣ, то муаллимаи хубе шавам».
Баъди аз чанд сол рӯзе ба муаллима аз донишгоҳи тиббии шаҳрашон даъватномае омад. Дар он ӯро ба маҳфиле даъват мекарданд, ки донишҷӯёни хатмкунанда ташкил кардаанд. Дар охир чанд сатр: «Фарзанди шумо Тедди».
Муаллима ба маҳфил ҳозир шуд, бо ҳамон либосе, ки Тедди туҳфа карда буд ва аз он бӯйи атри махсус меомад.
Оё медонед, ки ҳоло Теддӣ кист?
Тедди Штудард яке аз олимони машҳур, табиби номист, ки соҳиби маркази «Штудард” барои муолиҷаи бемориҳои саратон аст.
Масъала ин аст, ки ояндаи дурахшон ва пурсамари чӣ қадар кӯдакон аз беаҳамиятӣ ва муомилаи баду нодурусти мо, муаллимон, аз даст рафтааст?! Ояндаи чанд нафар муҳассилинро барбод додаем?!
Добавить комментарий
Ахбор
ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ 12:07КӮШОНИЁН. 10 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 12:02ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН 11:57ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:52МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИ БОХТАР ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ МЕШАВАД 11:48БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
ҶОМЕАИ ҚОНУНМЕҲВАР – КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН


