Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест

-озмун-

Соли дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар доир мегардад. Имсол дар даври сеюми озмун аз 25 шаҳру навоҳии вилоят 637 нафар довталаб аз рӯи номинатсияҳои гуногун иштирок намуданд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри ҳавасмандгардонии довталабони озмун 166 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ба ғолибони ҷойи аввал 5000 сомонӣ мукофот дода шуд.
Маҳмурод Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқӣ миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи аввал сазовор гашт. Ӯ то ба имрӯз 80 номгӯи адабиёти бачагонаи бадеии насрӣ, 550 байт аз осори назмӣ, 50 чистон, 50 афсона, 50 зарбулмасалу мақол, 30 латифа ва 42 тезгӯякро аз худ намуда, қисми зиёди онҳоро ба фарзандонаш омӯзонидааст.
- Аз хурдӣ дилдодаи адабиёти бачагонаам. Ҳоло ҳам хондани осори кӯдаконаро дӯст медорам. Зеро он маро ба даврони кӯдакӣ мебарад. Вақте ки мисраъҳои равони шеъри бачагонаро мехонам рӯзҳои гузаштаи худро тасаввур мекунам. Ҳамон лаҳзаҳои ширини кӯдакиро, - мегӯяд Маҳмурод Раҳмонов.
-Ду писарча дорам. Яке 10 солаву дигаре 5 сола аст. Ҳар субҳи худро ҳамроҳи онҳо бо қироати ашъори бачагона ва афсонаҳо оғоз мекунем. Ҳам писаронам аз ёд мекунанду ҳам худам. Рағбати кӯдакон ба афсонаю ҳикоя, латифаю чистонгӯӣ, забони гӯйиши онҳо ва шеърҳои равони бачагона бисёр ба ман завқ мебахшанд. Аз ҳамин лиҳоз хостам дар озмуни имсола иштирок кунам.
Кӯдакӣ айёми тозагии зеҳну оромии асаб аст. Мутолиаи ашъори шоирону нависандагон бошад, барои инкишофи нутқи хурдсолон, ғанӣ гардидани захираи луғавии онҳо, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва майли минбаъдаашон ба мутолиаи адабиёти бадеӣ таъсири мусбӣ мерасонад, - иброз медорад вай.
Ба гуфтаи ин иштирокчии фаъоли озмуни номбурда асарҳои бачагона бо забони сода ва фаҳмо гуфта шудаанд, ки худи кӯдак метавонад мазмуну муҳтавои онро фаҳида, ғизои маънавӣ гирад. Ӯ шеъри Алӣ Бобоҷонро мисол меорад:
Хоҳӣ, ки доно шавӣ,
Зӯру тавоно шавӣ,
Аз таҳи дил хон китоб,
Ҳикмати ӯ беҳисоб.
Он ки китобе нахонд,
Дур зи дониш бимонд,
Чун нафаси навбаҳор,
Тоза нигоҳаш бидор.
Сатри варо хат мазан,
Як варақ аз ӯ макан.
Ӯ чу муаллим ба мо,
Ҳар суханаш раҳнамо.
Минбари дониш китоб,
Раҳбари хониш китоб.
Раҳбари дилсӯзи мост,
Маърифатомӯзи мост.
-Вақте мебинед, ки хурдсолон китоб мехонанд ва донишу малакаи хуб доранд, ин моро низ водор мекунад, ки мутолиа кунем. Зеро кӯдакони имрӯза серталаб ҳастанд. Онҳо хеле доною зираканд. Аз ин лиҳоз мо волидайнро мебояд, ки ба фарзандонамон вақт ҷудо кунем ва онҳоро ба китобхонӣ ҷалб намоем. Зеро адабиёт сартосар барои тарбияи дурусти маънавию шахсии одамон таълиф шудааст, инсонро ба роҳи дурусту бехато ҳидоят менамояд, - афзуд ғолиби даври вилоятии озмуни китобхонон.
Дар доираҳои гуногун баъзан сухан дар бораи кам будани нависандагону адибони адабиёти бачагона меравад. Мо ҳам чунин фикр мекардем. Аммо Маҳмурод Раҳмонов мегӯяд, ки вақте ба китобхонаҳо рафтему ҷустуҷӯ кардем, шоҳиди он гаштем, ки чунин нест. Мо энсиклопедияи фолклори бачагонаи тоҷик, тазкираи адабиёти бачагона, дастурҳои таълимӣ оид ба фолклори бачагонаи тоҷик, китоби дарсӣ оид ба фолклор, тазкираи мухтасари назми бачагона дорем.
Дар осори устодони сухан Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ашӯр Сафар, Ғаффор Мирзо, Ҳасан Муродиён, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Латофати Кенҷа, Нуъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Кароматулло Мирзо, Пирумқул Сатторӣ, Исроил Иброҳимов, Зариф Ибод, Ҳилолӣ, Азизи Азиз, Абдуҳамид Хатлонӣ ва дигарон маҷмӯаҳои алоҳидаи шеърӣ, латифаю тезгӯяк, зарбулмасалу чистонҳои бачагона ҷой доранд, ки дар ғановати зеҳнии хурдсолон нақши муассир мегузоранд.
Аз рафти озмун маълум шуд, ки аксари иштирокчиён маҷмӯаи “Пойга”-и М. Ғоиб, “Се туҳфаи хурдакак”-и Ғ. Мирзо, “Як табақ марҷон”-и У. Раҷабро хондаанд, ки ин далели гуфтаҳои болост, - афзуд М. Раҳмонов.
-Ғайр аз ин осори зиёди бачагонае аз адабиёти ҷаҳон ҳастанд, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. “Киштии сафед”-и Чингиз Айматов, “Доғистони ман”-и Расул Ғамзатов, повести “Бачагӣ”-и Максим Горкий ҳамаи ин асарҳо хонданӣ буда, барои на танҳо кӯдакон, балки мутолиаи онҳо барои калонсолон низ муфид мебошанд.
Маҳмурод Раҳмонов афсонаи “Се писарак”-ро аз маҷмӯаи “Дӯстӣ”-и нависандаи хитойи Чян Тиянӣ нақл кард:
-Се зан дар даст сатил гирифта, барои обгирӣ ба назди чоҳ мераванд. Дар назди чоҳ занҳо ба васфу ситоиши писаронашон оғоз мекунанд. Яке мегӯяд, ки писари ман сурудҳои зиёд медонад. Овозаш ҳам шунавову фаҳмо аст. Дигараш мегӯяд, ки писари ман шабу рӯз китоб мехонад, ҳеҷ беҳуда намегардад. Зани сеюм бошад, хапу хомӯш меистад. Ҳамроҳонаш мепурсанд, ки барои чӣ шумо хомӯшед, дар бораи писаратон чизе нагуфтед? Ӯ мегӯяд, ки писари ман ягон ҳунар надорад, ба коре машғул намешавад. Бо ҳамдигар гап задани занонро мӯйсафеде бодиққат гӯш мекард. Дар ҳамин вақт писаре, ки модараш ӯро васф накард, зуд аз хона давида мебарояду сатили дасти модарашро мегирад. Занҳо аз муйсафед
пурсиданд, ки канӣ акнун шумо гӯед, ки писари кадомамон хубтар? Мӯйсафед мегӯяд: Ман писарони шуморо надидаам. Танҳо ҳамон писарро дидам, ки аз дасти модараш сатилро гирифта ба ӯ ёрӣ расонд.
Аз ин маълум мешавад, ки афсона кӯдакро на танҳо ба хаёли рангин мебарад, балки ӯро ба меҳнатдӯстӣ даъват намуда, тарбия мекунад.
Ҳоло устоди донишгоҳ Маҳмурод Раҳмонов ба даври ҷумҳуриявии озмун, ки қарор аст моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, омодагӣ мебинад ва ин шабӯ рӯз дар ҷустуҷӯи асарҳои тозанашру мутолиаи адабиёти бачагона аст. Ӯ кӯшиш дорад, ки ба феҳристи осори мутолианамудааш дигар номгӯӣ китобҳоро низ ворид намояд.
             Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий