ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳамдиёрони азиз!

Миллати тоҷик ва тамоми мардуми Тоҷикистони азиз аз хушбахттарин миллатҳое дар арсаи байналмилалӣ ба шумор мераванд, ки соҳиби муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам буда, дар фазои сулҳу субот ва оромию осудагии меҳан парафшонӣ дорад.

Парчам, дирафш дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шуда, он ҳамчун муқаддасот ва нишонаи давлату миллат ба ҳисоб меравад, ки пайдоиши парчамҳо реша дар гузаштаҳои дури фаротаърихӣ доранд. Тоҷикон аз давраи бостон бо эҷоди илму фарҳанг дар ақсои олам шуҳратёр буданд. Бо рушду пешрафти ҷомеа ва нобаробариҳои зиндагӣ тадбирҳое меҷустанд, ки дар бартараф кардани мушкилоти замон ва пойбарҷо намудани сиёсат рамзҳои давлатии худро ҳамчун нишонаи олии давлатдорӣ нигоҳ медоштанд, ки то ба замони мо омада расидааст.

Тамаддуни парчамдорӣ барои миллати тамаддунофару соҳибэҳтироми тоҷик аз замони шоҳони Каёнӣ оғоз ёфта, ҳамчун рамзи муқаддасоти давлатдорӣ шинохта шуд. Боло бардоштани Парчами Кова, ки таҷассумгари зери як матои муқаддас ба ҳам овардани мардум буд, то имрўз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, сол то сол қадру қиммати он зиёда мегардад. Бо гузашти солҳо парчами эҷоднамудаи Коваи оҳангар ҳамчун рамзи давлатдорӣ эътироф шуда, дар ҳамаи ҳамоишу анҷуманҳо, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ парафшонӣ менамуд ва ҳар як шоҳи каёнӣ дар замони салтанати худ нишоне аз он насб мекард, ки ин арҷгузорӣ то ба имрўз идома ёфта, аз ҷониби мардум мавриди эҳтиром қарор дорад.

Сарчашмаҳои таърихӣ аз мавқеи бузурги пешоҳангӣ ва рамзи далерию ҷасурӣ доштани парчам, аз ҷумла Парчами Коваи оҳангар “Дирафши Ковиёнӣ” шаҳодат медиҳад. Таърихи парчамдории миллати куҳанбунёди тоҷик, ки аз замони Коваи бузург сарчашма мегирад, ҳамчун рамзи сарбаландӣ, муросо накардан ба зулму истибдод, ҳимоияи номус ва шараф, ҷасорат ва мардонагӣ маънидод мегардад.

Дар масири пурпечутоби таърих миллати тоҷик вобаста ба ҳадаф ва мақсадҳои сиёсатҳо, муборизаю таҳдидҳои аҷнабиён ҳеҷ гоҳ парчами худро аз даст надода, онро ҳамчун муқаддасоти олӣ ҳифз намудааст.

Маҳз ба ҳамин сабаб Парчами давлатиро ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ, ки мавҷудият ва ҳастии он нишонаи шараф, номус ва ғурури миллат аст, доимо бояд ҳифз намуд ва эҳтироми онро ҳамчун эҳтироми бузургтарин дороии миллат - давлатдории миллӣ ба ҷо овард.

Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24-уми ноябри соли

1992 асос гузошта, аз худи ҳамон сол то кунун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонаи се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ситораҳо моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсии ба худ хосро дороанд.

Дар Иҷлосияи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон, дар назди омма ба рамзи садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бўсида буд. Ин садоқати Пешвои миллат ба муқаддасоти миллӣ воқеан ҳам барои насли имрўзу ояндаи кишвар дарси мардонагию меҳанпарастиро омўхт. Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёкони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чӣ дар дохили кишвар, чӣ дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд ва дар оянда низ ҳифз хоҳанд намуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр ҳамчун Рўзи Парчами миллӣ таҷлил карда мешавад, ки ин иқдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат бори дигар мардуми кишварро зери як матои муқаддас бо ҳам оварда, аз устуворию суботи ҳамешагии Тоҷикистон ифтихор менамоянд.

Боиси ифтихори мардуми тоҷик аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири Парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастии мардум дар пойтахти Ватани азизамон - шаҳри Душанбе пояи Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр, дарозии 60 ва паҳноии 30 метр, ки дар ҷаҳон камназир аст, сохта шудааст.

Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла Бохтар, Кўлоб, Норак, Левакант, Вахш, Шаҳритус, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Кўшониён, Хуросон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуда, рафти корҳои сохтмонӣ дар дигар ноҳияҳои вилоят идома дошта, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҷилваи Парчам дар ҳар гўшаи диёр баёнгари мустақилият ва рушду пешрафти давлат буда, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордил мебошад.

Бояд таъкид дошт, ки таҷлили рўзи Парчами давлатӣ низ яке аз омилҳои болоравии ҳувияти миллӣ ва дарки худшиносӣ, эҳтиром ба забону фарҳанг буда, ин санаи фархунда дар саҳфаҳои таърихи навини тоҷикон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки имрўз ин Парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият, ливои сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Ин рўзи фархунда ва шодию фараҳмандиро ба тамоми мардуми сарбаланду бовиқори вилояти Хатлон табрику таҳният гуфта, хуррамиву осоиштагӣ, рўзгори пурфайзу эҳсон, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро орзу менамоям.

Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар қалби ҳар як сокини вилоят ва ҷумҳурӣ муҳаббат ба Ватану миллатро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.

Бигузор, Парчами давлатии мо, ҳамеша моро ба сўйи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот ва зиндагии шоиста раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби ҷаҳони муосир, барои дастовардҳои нав, дар фазои Тоҷикистон ҷилвагар бошад.

Бигузор, Парчами давлатии мо, ки нишонаи нангу номус ва иқболи баланди миллат аст, доимо бо ҷавлони пурғурури худ ифтихору ғурури ватандории моро боз ҳам болотар барад.

Бигзор, Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад!

Добавить комментарий