21 ноя 11:44АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат

ПАЙРОҲАИ СИЁСАТ

Бахшида 28-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мусоҳибаи мухбири маҷаллаи “Сафо” бо Адолат Раҳмонова вакили Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Чӣ зарурат пайдо шуд, ки Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, балки дар Хуҷанд доир гардид?

- Дар он шабу рӯз вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ то ҳадде муташаниҷ гардида буд, ки ҳатто якчанд нафар вакилони мардумӣ аз ҷониби гурўҳҳои силоҳбадаст ба қатл расонида шуда буданд. Аввалин нафаре, ки дар саҳни ҳавлии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тири силоҳдорон ба ҳалокат расид, сармуҳаррири рўзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳи Шерализода буд. Баъд аз ин гаравгонгирӣ дар майдонҳо муқобили ҳамдигар сар шуд. Пеш аз ин аз дохили бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Шўрои депутатҳои халқии собиқ вилояти Кўлоб Сайфиддин Санговро, ки як ҷавонмарди меҳанпараст буду барои рафъи мушкилоти мардуми дар муҳосираи иқтисодӣ мондаи собиқ вилояти Кўлоб ба Ҳукумати ҷумҳурӣ омада буд, гаравгон гирифта, ба қатл расонида шуд.

- Умуман, баргузории Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд пешниҳоди кӣ буд ва чӣ тавр қабул шуд?

- Дар ҳамин вазъияти ноорому хатарнок ва майдонбозиҳо як гурўҳи вакилон аз зарурат гуфтугў карданд. Ҳам аз ҷониби мухолифин ва ҳам аз ҷониби гурўҳҳое, ки ҷонибдори ҳукумати конститутсионӣ буданд, ба хулосае омаданд, ки Иҷлосияи 16-ум даъвати 12 –ро шояд дар Турсунзода ё Помир ва собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа ва ё дигар минтақаи амн баргузор намоянд. Ҳамин тавр, қарор шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардад.

- Дар рӯзҳое ки собиқ вилояти Кўлоб дар муҳосира буду дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа даргириҳо мерафт, чӣ гуна вакилон ба Хуҷанд расиданд?

- Албатта, осон набуд, ки ҳама розӣ шаванду яку якбора ба вилояти Суғд раванд, зеро ҳама роҳҳо ба сӯи пойтахт баста буду ҳатто хатсайрҳои ҳавоӣ қатъ шуда буданд. Дар баробари хавфу хатару гуруснагӣ дар ноҳияҳое монанди Фархору имрӯза ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бемории узвҳои даруна (шикамадамак ё обшикам) авҷ гирифта буд. Новобаста ба ҳама мушкилот мо вакилони ду вилоят дар шаҳри Кӯлоб ҷамъ шуда, аз он ҷо ба Хуҷанд парвоз намудем.

Вакилони аз ҷониби собиқ неруҳои мухолифин баъди се - чаҳор рӯзи дигар ба Хуҷанд омада буданд. Ман умре аз ҳамаи вакилони он давраи парлумони кишвар миннатдорам, ки ба хавфу хатарҳо нигоҳ накарда, ба Хуҷанд ҳозир шуданд, то имконият фароҳам гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тибқи Конститутсия доир бигардад. Рўзи аввал ҳамчун як маҷлиси миллӣ баргузор гардид, ки дар он олимону донишмандон ва уламои дину дигар шахсони босалоҳият низ иштирок доштанд.

Мо рўзи якум дар маҷлисгоҳи Қасри Арбоб ҷамъ омадем ва як рўзи дароз баҳсу мунозираву гуфтугузорҳо доштем. Дар охир ҳамаи олимон баромад карда, хоҳиш мекарданд, ки мо коре кунем, ки якпорчагии Тоҷикистони азизамонро нигоҳ дошта, мардуми Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва қатлу куштор наҷот диҳем. Масъалаи муҳим пайдо кардани шахсияте буд, ки зимоми давлатдориро ба уҳда гирифта, Тоҷикистонро ба тинҷиву осудагӣ расонад.

Дар ин миён баъзан нафарон иштироки ҳатмии раисону шаҳру ноҳияҳоро талаб мекарданд, ки баъзеашон шояд дар қайди ҳаёт набуданд. Аз ин рӯ, ман маҷбур шуда аз ҳозирин иҷозати суханронӣ пурсида, иброз доштам, ки “Чаро мо дар бораи кушта шудани шаш нафар вакилон, Муродулло Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев, Қурбоналӣ Эмомов, Мавлон Олимов ва ғайраҳо, ки аз ҷониби силоҳбадастони мухолифин кушта шудаанд, сухан намегӯем, ки онҳоро мардуми Тоҷикистон интихоб карда буданд. Аммо дигаронро талаб доред, ки бояд дар иҷлосия иштирок намоянд. Бинобар ин, ба хотири ҳарчӣ зудтар оғоз намудани иҷлосия бояд тасмим гирифта шавад.

- Иҷлосия бо иштироки чанд тан вакилон ба кори худ шурӯъ кард?

- Шукронаи Худо, ки дар санаи 16-уми ноябри соли 1992 аз шумораи 230 нафар намояндагони мардумӣ дар иҷлосия 193 нафар иштирок доштанд. Аз 37 нафаре, ки дар иҷлосия иштирок надоштанд, баъзеашон ба ҳалокат расида, иддае аз вакилони мардумӣ аллакай ба Федератсияи Россия рафта буданд. Ҳамин тавр бо ризоияти вакилони ҳузурдошта, мо кори иҷлосияро оғоз бахшидем. Дар оғоз мо, вакилон атрофи рўзномаи иҷлосия баҳсу мунозира доштем дар он вақт суханони якдигарро таҳаммул карда наметавонистем. Чаро ки ҳар нафар ҳарфи худро дурусту сухани якдигарро қабул надоштем.

- Рўзномаи иҷлосия чӣ тавр пешниҳод ва аз ҷониби вакилон чӣ тавр қабул шуд?

- Дар мадди аввал оид ба қабули яке аз ду рўзномаи иҷлосия, ки як тои онро Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуввумиро Комиссияи муросои миллӣ пешниҳод намуда буд, ончунон баҳсу мунозираҳо шуд, ки ба як хулосаи умумӣ омадан мушкил менамуд. Баъдан бо пешниҳоди банда мо тибқи Конститутсия нахуст рўзномаи Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намударо ба овоз мондем, аммо он нагузашт. Баъдан, раиси Комиссияи муросои миллӣ вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Тураев рўзномаи таҳиянамудаи Комиссияи муросои миллиро пешниҳод намуд ва ба раъйи бештари вакилон мо кори иҷлосияро аз рӯи ин рӯзнома оғоз намудем.

- Раисии иҷлосияро кӣ ба уҳда дошт?

- Дар рӯзи аввал бо пешниҳоди вакилон мо нафари бетараф ва ё шахсияти бузургсолтарин аз миёни вакилон Ҳабибулло Табаровро ба ҳайси раискунандаи иҷлосия интихоб намудем. Лекин баъди як рӯз пешниҳод гардид, ки то вақти аз вазифа ба истеъфо рафтанашон кори иҷлосияро бояд Акбаршо Искандаров пеш барад ва ҳамин тавр ҳам шуд.

- Пешбарии номзадҳо ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна сурат гирифта буд?

- Қабл аз пешбарии номзадҳо ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ ман аз ҷой хеста гуфтам, ки муҳтарам Акбаршо Искандаров, мо дар вақти Ҳукумати муросо шуморо раис гузошта, умед доштем, ки вазъиятро ором карда метавонед, модоме, ки ин кор муяссар нашуд, хубтараш истеъфо диҳед, то шахсеро интихоб намоем, ки аз уҳдаи ба эътидол овардани вазъияти буҳронӣ дар кишвар баромада тавонад. Баъдан, ин суханони ман дар рўзномаи «Садои мардум» нашр шуда буд. Сипас, А. Искандаров гуфтанд, ки хоҳарам Адолат агар шумо гумон кунед, ки ман ин вазифаро дошта истодаам, пас ба истеъфо меравам. Баъди истеъфои ӯ таклиф ба миён омад ки ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафари дигарро пешбарӣ намоем. Баъдан, вакил Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ -47 таклиф ба амал овард, ки номзадии вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ пешниҳод карда шавад. Ҳамчунин, дар он лаҳза вакили ҳавзаи интихоботии Варзоб -11 Хайрулло Ғафуров пешниҳод намуд, ки Иззатулло Ҳаёев низ ба баррасӣ гузошта шавад. Аммо Иззатулло Ҳаёев зимни суханронии хеш бинобар вазъи саломатӣ аз вазифаи Сарвазири кишвар ба истеъфо рафтанашонро мисол оварда, номзадии худро боз хонданд.

Ҳамин тариқ мо номзадии Э. Раҳмонро ба овоздиҳии пӯшида пешниҳод кардем, ки аз 197 нафар вакилони дар иҷлосия иштирок дошта, 176 нафарашон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Дар воқеъ Эмомалӣ Раҳмон дар он давра аз шахсиятҳое буданд, ки дар муборизаҳои бемаънии сиёсӣ олуда набуданд ва аз сӯи дигар ӯ ҳамеша бо пешниҳодҳои ҷолибу андешаҳои адолатхоҳонаву ҳақиқатҷӯёнааш миёни вакилон шинохта шуда буданд.

Шукронаи он Иҷлосияи тақдирсоз мекунам, ки мо вакилон дар интихоби роҳбари нави кишвар, ки хело ҳам ҷавон буданд, хато накарда будаем. Ӯ бо нахустин суханонаш дар мавзӯъҳои сулҳу бахшиши ҳамдигар арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллату ватандорӣ дар замири мо вакилон ва халқи Тоҷикистон маъво гирифт. Дар тӯли 28 соли охир мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳид гардиданд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат ҳама аҳду ваъдаҳои назди халқу Ватан намудаашро бечуну чаро иҷро намуда, моро ба ин рӯзҳои неку дурахшон расонид. Оғоз аз раванди мушкили ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидан, то амалисозии бузургтарин тарҳҳои ояндасози иқтисодӣ ва муаррифии миллату давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Сарвари давлати мо намунаи ибрати сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд.

Мусоҳиб С. ХАЛИЛИЁН

Муаррифии «САФО»:


Адолат Раҳмонова дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, дар МТМУ №1-и ҳамин ноҳия таҳсил намудааст. Қадамҳои нахустинашро ба арсаи сиёсат аз овони мактабхонӣ ба ҳайси котиби ташкилоти комсомолии талабагии мактаб гузошта буд. Баъд аз хатми мактаб ба факултаи биологияи имрӯза ДМТ дохил шуда, баъди хатм фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори МТМУ №1-и ноҳияи Восеъ оғоз намуд. Баъдан, котиби сеюми Ҳизби Коммунистии ноҳияи Темурмалик таъйин шуда, аз соли 1983 то 1990 ба симати котиби якуми ҲКТ ноҳияи Муъминобод кору фаъолият намудааст. Аз ин ноҳия вай ду маротиба вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобмешавад. Айни ҳол ба синни нафақа расида, дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш давлати пирӣ меронад.

Добавить комментарий