Бойгонӣ

САҲВ

- Ҳикояи воқеӣ -


Рости гап, мактаби илмомўзӣ дигар будаасту мактаби ҳаёт дигар. Ба қавле фарқият аз замин то осмон. Дар мактаби сабақомўзӣ ҳама баробар, ҳамсол, ҳамфикр, бо як нигоҳ, имову ишора якдигарро мефаҳманд. Ташвишу саргардонӣ ҳам ба назар камтар менамояд. Аммо истеҳсолот…

Хулласи гап, баъди хатми мактаби олӣ корманди ташкилоте шудам. Ба назар ҳама ҳалиму меҳрубон ва бо якдигар муносибати самимона дорад. Баъдтар бисёр чизҳо оҳиста- оҳиста маълум мешудааст…

Дар чанд ҳафтаи аввал муносибати мудири хоҷагӣ – Саидбек, ки дар як вақт вазифаи ронандаи сардорамон Зиё Зиёевичро иҷро мекард, маро ба ҳайрат меовард. Аз чӣ бошад, ба ман самимияту ихлосмандии хосае дошт. Чунон аҳволпурсию меҳрубониҳо мекард, ки ҳатто гўшҳоям сурх шуда ғашам меомад.

- Ана мизу курсиатонро нав кардам. Боз ягон чиз лозим шавад, шарм накарда гуфтан гиред. Мо ба хизмат тайёр, - даст пеши бар гирифта, хушомадгўӣ мекунад ў.

- Не, ташаккур, акаҷон, - мегўям хиҷолатмандона.

- Хайр бинед- да. Мо дар ҳамин ҷо, - боз таъкид месозад ў ва ҳуҷраи кории моро тарк менамояд.

Дар ҳуҷраи корӣ мо ду нафарем. Ман ва апаи Меҳрӣ. Ў дар ин ташкилот корманди собиқадор аст. Ҳамаро панҷ ангушташ барин хуб медонад. Дар вақташ апаи Меҳрӣ мактаби миёнаро бо забони русӣ хатм кардааст. Шояд таъсири ҳамин аст, ки баъзан бо забони русӣ хулосабарорӣ мекунад. Баъди рафтани Саидбек ў аз ман мепурсад:

- Саидбек ягон хешатон мешавад?

- Не - е – мегўям бо ҳайронӣ.

- Ё ягон шиносатон?

- Не! – ҷавоб медиҳам бо қатъият.

Апаи Меҳрӣ ба тааҷҷуб меояд. Баъд боз чун ҳарвақта бо забони русӣ хулоса мебарорад:

- Что – то не так. Не логично .

Не чего. Поживём, увидем.

Ман ҳам хомўшона ба андешаҳои апаи Меҳрӣ розӣ мешавам. Умуман, Саидбек дар назди сардор эътибори калон дорад. Қурбу таъсири сухани вай аз кормандони дигари ташкилот дида ба Зиё Зиёевич бештар аст. Ин фикрҳоямро оҳиста ба апаи Меҳрӣ мегўям.

- Зиқ нашав. Ҳаёт худаш ҳамин хел. «Дил ёбу қанд хўр» - аш, ҳамин да. Ғайр аз ин ҳамаи сирру асрори сардорро медонад. Дар бисёр корҳояш ба вай шарик аст.

Ҳеҷ сирру асроре дар ин дунё пинҳон намемондааст.

Рўзе як кормандамон ҳамаро ба тўй даъват кард. Субҳи рўзи истироҳат ҳама ҷамъ шуданд. Дар тараддуди рафтан будем, ки овози Саидбек ба гўшам расид:

- Валиҷон, мон дигарон рафтан гиранд. Худамон якҷоя меравем. Имрўз Зиё Зиёевич касал.

Ҳайрати маро поён набуд. Ба мошини бодабдабаи сардор ба тўйхона мерафтем. Саидбек Зиё Зиёевичро таърифу ситоиш мекард:

- Зиё Зиёевич одами хоксору дурандеш. Ба ҳама баробар. Лекин фишорбаландӣ мардака азият медиҳад.

- Хайр, «тани гарм бе дард намешавад», Худо хоҳад, шифо меёбад, - суханашро қувват додам.

- Албатта, албатта, Валиҷон. Ин хел шахси худодод, албатта, шифо меёбад, - суханамро бо эҳтиром тасдиқ мекард ў.

Дар тўйхона ману Саидбек бари якдигар менишастем. Ҳангоми зиёфатхўрӣ ногоҳ ҳамкорон атрофи номи маҳаллаҳо баҳс карданд.

- Ман аниқ медонам, номи ҳамин маҳалла Заргар,- мегуфт яке не, номи маҳалла Чортут, - паст намеомад дигарӣ.

- Баҳс чӣ даркор? Ана, Валиҷон дар ҳамин хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Вай хубтар медонад, - гуфт корманди куҳансоли ташкилотамон акои Сироҷиддин. Ҳама ба сўи ман менигаристанд. Вале тааҷҷуби Саидбекро ҳадду канор набуд. Вай гўё ягон махлуқи аҷоибу ғароибро дида бошад, сар то поямро назора карду, баъд оҳиста мепурсад.

- Валиҷон, шумо чанд вақт шуд, ки ин ҷо зиндагӣ мекунед?

- Аз хурдӣ, аз давраи ба дунё омадан- мегўям бепарвоёна.

Ба хаёлам аз ин ҷавоби ман қошуқ дар дасти Саидбек сахт ларзида монд. Вай бо овози нимшунаво бехудона иқрор мешавад:

- Ман то имрўз гумон мекардам, ки шумо ҳамшаҳрии Зиё Зиёевич ҳастед…

Ба ин гумони нодурусти Саидбек чизе нагуфтаму эътибор ҳам надодам.

Ҳатто оқибаташро фикр ҳам накардам.

Вақте зиёфат ба охир расиду ҳама дар тараддуди рафтан шуданд, ман ҳам ба назди мошини Саидбек омадам.

- Медонӣ чӣ, Валибек? – вай бори аввал маро чунин ном мегирифт. Ман дар роҳ камтар кор дорам. Бо бачаҳо мерафтӣ, хубтар мешуд.

Инро гуфту Саидбек бо мошинаш чангу хоки кўчаро ба сари мо бардошта аз назарҳо ғайб зад…

      А. РУСТОӢ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019