ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ КИТОБ

- 4 сентябр – Рўзи китоб -


Китоб дар ҷаҳон бори аввал 5000 сол пеш дар Месопотамия, ки дар Осиёи ғарбӣ ҷойгир аст, пайдо шудааст. Нахустин китоб аз лой сохта шуда буд, ки дар ҳолати мулоимӣ дар он бо чўбчаи махсуси нўктез аввал аломатҳоро менавистанд, сипас дар оташ ё офтоб медоштанд, то ин ки лой хушк шуда, сифати он боз ҳам хубтар шавад ва навиштаҷоти он тоза нашавад. Дар ин ҳолат ба навиштаҷоти он тағйиротҳо ворид кардан тамоман ғайриимкон буд. Ҳар як китоб аз 10 то 100 саҳифаи лойин иборат буд, ки онро пас аз хушконидан дар ҷевони тахтагин нигоҳ медоштанд.

Дар асри ХV дар шаҳрҳои Аврупо теъдоди аҳолӣ афзуда буд ва барои фарҳангчиёни он рўйбардоркунии китобҳо як мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Ин мушкилот водор месохт, ки роҳи ҳарчи зудтар нусхаафзоӣ намудани китобҳоро дарёфт кунанд.

Соли 1445 Иоган Гутенберг сокини шаҳри Майтси давлати Олмон дастгоҳи китобчопкуниро ихтироъ кард. Охири солҳои 50-ум Гутенберг якумин дастгоҳи нашри китобро ба истифода дод.

Солҳое буд мардум чӣ будани китобро ҳатто тасаввур намекарданд. Навиштану хонданро низ намедонистанд. Саргузашти хешро барои фаромўш накардан дар санг бо акси ҷонварон ё аломатҳои гуногун сабт мекарданд. Барои навиштан дар санг заҳмати зиёде паси сар мешуд. Зеро 1саҳифаи он 1 хишт ба ҳисоб мерафт.


Дар гузашта ҳар давлати дунё барои навишти китоб ҳар гуна маҳсулоту баргҳои дарахтро истифода мебурданд. Аз ҷумла, дар Ҳиндустон дар барги дарахти нахл менавиштанд ва барои пароканда нашудан онро дар тахта моҳирона медўхтанду нигоҳ медоштанд. Дар давлати Хитой дар бамбук менавиштанд ва дар Новгороди қадима дар пўстлоқи дарахти тўс. Ҳатто қишри чорводори он замон барои навиштани мактуб аз пўсти ҳайвонҳо истифода мебурданд.


Воқеан китоб хазинаи илму маърифат, дарёи ақл ва калиди хушбахтиҳост, ки дар он ганҷи бебаҳои сухан ниҳон аст. Маҳз китоб аст, ки инсон тавассути он бо таърихи бою пурғановати тамоми олам ошно мегардад, ба адабиёту фарҳанг наздикӣ пайдо мекунад ва маданиятро меомўзад, ки ин барои хурду бузург муфид аст.

Китоб воқеан ҳам дунёест, ки кас бо вориди он шудан аз бухлу кина дур шуда, бо хондани очерку ҳикояҳо, шеъру ғазал, дубайтиву рубоиёт ва ҳикояҳои бадеӣ қалбҳоро оромиш медиҳад. Китоб ҳамчун дўсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, ҳамдаму ҳамсуҳбати мувофиқи инсон аст. Ин аст, ки китобхонӣ чун ҷузъи муҳим дар ҳаёт ва таълиму тарбияи насли наврас саҳм мегузорад. Агар наврасону ҷавонон бештар рў ба китобхонӣ ниҳода, онро аз дилу ҷон дўст доранд, дар ҳаёт бо хислати наку, одобу ахлоқ, ватандўсту ободгар соҳибэҳтироми мардум хоҳанд гашт.

Ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўён ва ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар баргузории озмуни «Фурўғи субҳи доно китоб аст» ташкил ва ҷараёни тоза гирифт.


Баргузории озмун имкон медиҳад, ки дар қалби кўдакону наврасон завқи китобхониро зиёд намуда, дар бой гардонидани захираи луғавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни пиру ҷавон бештар гардад.

Умед аст, ки бо завқи баланди китобхонии дўстдорони каломи бадеъ инчунин кўдакону наврасон миёни онҳо чеҳраҳои нави суханвару сухандон дарёфт хоҳад шуд.

                                          Таҳияи М. Шоимова

Добавить комментарий