Бойгонӣ

БОСТОНШИНОСИ МАЪРУФ

                                                                   - Дар масири таърих -


«Осорхона фақат махзани ёдгориҳои бостонию нодир нест, балки оинаи таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аст. Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд мекунад.»                                 Эмомалӣ РАҲМОН

Дўстдори обу хоки Меҳан, яке аз асосгузорони бунёди осорхонаҳо дар шаҳри Бохтар Сафармоҳ Ятимова дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кўшониён дар оилаи Сафарбек Нуриддинов ном ҳисобчии хоҷагии ба номи Максим Горкий чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Модари зиндаёдаш Сайлигул Нуриддинова 10 фарзанд ба дунё оварду ба унвони «Қаҳрамонмодар» комёб гардид. Сафармоҳ дар оила фарзанди нахустини хонадон аст. Падараш бобои Сафарбек ин олами фониро падруд гуфтааст. Гузаштагони ў солҳои 30-юми асри гузашта аз минтақаи Норак муҳоҷир шуда омада, дар ободонӣ, кораму ҳосилхез гардонидани замини деҳоти имрўзаи Заргари ноҳияи Кўшониён ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

- Падарам донандаи хуби таърихи гузаштагон буд. Ба таъриху тамаддуни миллати хеш арҷ мегузоштанд. Аз камтарин нафароне буданд, ки ҳафт пушти худро медонистанд. Ба мо- фарзандон панд медоданд, ҳидоят мекарданд, ки аз таърихи гузаштаи миллати худ, авлоди худ огоҳии комил дошта бошем. Ҳамин роҳнамоии падари зиндаёдам буд, ки банда таърихшинос, осорхонашинос шудаму роҳи дурустро дар зиндагии хеш интихоб намудам, - қисса кард Сафармоҳ аз лаҳзаҳои кўдакию наврасии худу фарзандони хонадони падар.

Сафармоҳ Ятимова соли 1966 мактаби миёнаи рақами 14 ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакиро дар деҳоти Заргар ва соли 1976 факултаи таърихи имрўза Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуду дар Бойгонии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ба сифати ходими илмӣ то соли 1980 ифои вазифа намуд. Сипас ба шаҳри имрўза Бохтар кўчида омаданд. Солҳои 1980 – 1981 дар бойгонии вилоят фаъолият кард. Ҳаёти минбаъдаи Сафармоҳ Ятимова аз соли 1982 то имрўз ба Осорхонаи вилоятӣ ва осорхонаи «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар - маркази вилояти Хатлон пайванди зич дорад. Тавре ишора намудем, ў дар ҷодаи осорхонашиносӣ фидоӣ аст, фидоии касби хеш, фидоии таъриху тамаддуни миллати хеш. Осорхонаро дар шинохти миллат, гузаштаи он, таърихи зинда ва гўёи миллат медонад. Худ яке аз асосгузорон ва таъсисдиҳандагони осорхонаи «Бибихонум» дар шаҳри Бохтар мебошад.

- Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум» дар болои теппаи таърихии Қўрғон бо иқдом ва дастгирии раиси собиқи шаҳри Бохтар

Сироҷиддин Валиев бунёд ёфтааст, ки аз ин марди қадрдону фарҳангдўст як умр сипосгузорам. Аз соли 1999 то соли 2009 ба сифати директори ин осорхона фаъолият доштам. Бароям фаромўшнопазир буд, ки соли 1999, соли ҷашни 1100 - солагии Давлати Сомониён дар ифтитоҳи Осорхонаи «Бибихонум» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштанд,- ёди он солҳо намуд Сафармоҳ Ятимова.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бостоншиноси маъруф, эҷодкори асил Сафармоҳ Ятимова дар матбуоти даврӣ дар боби осорхонашиносӣ даҳҳо мақолаҳои илмӣ иншо карда, диққати хонандаи закӣ, насли ояндасози миллатро ба омўзиши осори бебаҳои ниёгон, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба нигораҳои таърихӣ, ки мероси гаронарзише аз аҷдодон боқӣ мондаанд, ҷалб намудааст. Ў бо аҳли эҷод, бахусус, рассоми чирадаст, муҷассамасози маъруф, Рассоми халқии Тоҷикистон Раҳимҷон Ҳамдамов ҳамкории зич дорад. Аз самари ин ҳамкорӣ китоберо бо номи «Раҳимҷон Ҳамдамов - Рассоми халқии Тоҷикистон» ба табъ расонд, ки ҳам китоб ва ҳам қаҳрамони он арзандаанд. Дар ин китоб дар хусуси роҳи тайкардаи рассоми мардумӣ, шоҳкориҳои ў, кандакорию гаҷкориҳои ин устоди моҳир, устои чирадасту нотакрор Раҳимҷон Ҳамдамов маълумоти арзишманд додааст.

- Беш аз 38 сол боз апаи Сафармоҳро мешиносам. Воқеан, ў зани эҷодкор, бостоншиноси маъруф ва инсони заминист. Хидмати ў дар ҷодаи осорхонашиносӣ бебаҳост, назир надорад. Зане бо ин бузургӣ ба ҳама гуна қадршиносӣ арзанда мебошад. Ў барои худ не, барои дигарон зистааст. Умри худро сарфи омўзиши таъриху тамаддуни миллат намуда, асосгузор, бунёдкор, эҳёгари осорхонаҳои минтақаи Бохтар мебошад, - бо арзи садоқату эҳтиром ба як зани фидоии касби хеш арзи матлаб намуд, Рассоми халқии Тоҷикистон Раҳимҷон Ҳамдамов.

- Вохўрию мулоқоти дукарата бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 зимни ифтитоҳи осорхонаи «Бибихонум» ва соли 2011 зимни ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи «Авасто» - и вилояти Хатлон бароям хотирмон буд, зеро Пешвои миллат гаштаю баргашта таъкид мекард, ки ба қадри таърихи гузашта, осори бебаҳои ниёгон бирасед ва насли худогоҳу хештаншиносро ба камол расонед ва ба номи «Авасто» номгузорӣ шудани Осорхонаи вилоятӣ ин пешниҳоди Ҷаноби Олӣ буд,- аз вохўриҳои таърихӣ ёдовар шуд, Сафармоҳ Ятимова.

Сафармоҳ Ятимова- ин зани хоксору инсони комил, фарҳангдўсту қадршиноси миллат аз он ифтихор дорад, ки дар як ватани биҳиштӣ, ватани ободу озод, соҳибистиқлол кору зиндагӣ дорад. Мақому мартабаи зан – модар хеле баланд асту ў ҳамчун як зани тоҷики саодатманд дар пешрафту шукуфоии Ватан саҳми хоксоронаи худро гузоштааст.

- Дар баробари он ки Сафармоҳ Ятимова зани меҳнатӣ, бостоншиноси варзида, эҷодкори асил мебошад, ў ба театр самимона арҷ мегузорад. Бо санъаткорони театр ҳамкории самарабахш дорад. Зани дилсўзу дилогоҳ, ғамхори кўдакону наврасон мебошад. Рафтору гуфтори ў намунаи олии инсондўстӣ, меҳанпарастии ўро зоҳир менамояд,- бо арзи эҳтиром ба ин зани осорхонашинос, ҳамдаму ҳамнафаси мардум арзи дил намуд директори театри вилоятии лухтаки «Афсона» Хайрулло Давлатов.

Сафармоҳ ҷавонони саодатманду хуштолеи диёрро, ки ояндаи давлату миллат аз онҳост, хушахлоқ, ҳушёру хоксору фурўтан, дидадаро, ватандўсту хайрхоҳи халқу давлати тоҷик дидан мехоҳад. Ў ба ин неруи ақлонию зеҳнии насли ояндасози миллат эътимоду боварии қавӣ дорад. Аз ин рў, ҳар субҳ бо умед ба оянда ва эътимод ба насли зиндагисозу таърихофари тоҷик, зери андешаҳои созандаи худ қадам мезанад нозук-нозук сўи коргоҳи хеш. Ба оғўши нигораҳо, ба оғўши таърих...

                              Шералӣ САИД

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019