ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛАТ

“Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистони соҳибистиқлолу бароямон азиз ид дорад - ҷашни озодиву мустақилият, эҳёи давлату давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ, рушду тараққиёт, ободию созандагӣ, худшиносию имондорӣ, ватанпарвариву инсондӯстӣ. Дар фазои сулҳу дӯстӣ, тифоқию муттаҳидӣ имсол 29-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро ҷашн мегирем. Ҷашни Истиқлол - иди хуррамӣ, шодмонию ҳамбастагӣ, тантанаи садоқат ва арҷгузорӣ ба озодӣ. Истиқлол – озодиву шукуфоӣ, падидаҳои ҷадиди иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳи кушода ва бебозгашт ба бунёдкориву созандагӣ, амалӣ намудани орзуву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик, эҳёи нави давлатдории миллати тоҷик, ба арсаи байналмилалӣ баромадани тоҷик ва муваффақ шудан ба обрӯву нуфуз ва шинохти ҷаҳониён.

Чун Истиқлолият арзишмандтарин ҷашни фархундаи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, суҳбате анҷом додем, бо яке аз шахсиятҳои обрўманди шањри Бохтар Маҳмадрӯзӣ Назифов, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Маҳмадрӯзӣ Назифов солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ барои халқу меҳани азизи худ хизмат намуда, имрӯз давлати пирӣ меронад. Чун шахсияти донишманду соҳибтаҷриба дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар вазифаи масъули ҷамъиятиро низ ба уҳда дорад. Шӯрои собиқадорон сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати меҳтарони ҷангу меҳнат дар амал татбиқ намуда, ҳамчунин дар тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ саҳми муносиб мегузорад.

Ӯ мисли собиқадорони дигари шаҳру вилоят аз рӯзҳои мудҳиши ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ ёдбуди дардолуде дар хотир дорад. Ин шахсияти оқил чун дигар ҳамсолони худ дасти дуо ҷониби

Парвардигори мушфиқу меҳрубон боло бардошта, илтиҷо мекунад, ки дигар он рӯзҳои мудҳишу пурғаму пуралам ҳеҷ гоҳ дар зиндагии мардуми хирадманди тоҷик рух надиҳанд.

–Ибтидои солҳои 90 –ум - он рӯзҳоро бори дигар бо дард ба ёд меорад Маҳмадрӯзӣ Назифов. Бо амри тақдир мо дар маркази даргириҳо водии Вахш кору зиндагӣ мекардем. Бадхоҳону душманони хориҷии кишвар аз самимияту дилу нияти софи мардуми тоҷик истифода бурда, дар байни бародарони ҳамхуну ҳамзабон тухми кинаву нифоқро кориданд.

Бахусус дар минтақаҳои даргири ҷанг, ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, шаҳрҳои Бохтару Левакант, ҳамчунин ноҳияҳои сарҳадии Шаҳритузу Қубодиён,Ҷайҳуну Панҷи вилоят ҷангу нооромӣ чунон шиддат гирифта буд, ки мардум дигар ба рӯзи фардои худ боварӣ надоштанд. Ҷангу нооромӣ ва кашмакашу душманӣ қисмати зиёди мардумро маҷбур кард, ки макони зисти доимии худро тарк карда, гуреза шаванд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ боиси он гардид, ки шаҳру ноҳияҳо хароб шаванд, ҳазорон нафар хоҳарону бародарон бегуноҳ бифавтанд, ба ҷойи таронаи шодию нишот фиғону нолаҳои зори модарони азизонашонро аз даст дода ба фалак печад.

Ин сатрҳои дардолуди шоир ифшогари он рӯзгори пур аз ғаму дарду ташвиш аст:

Шамолак мевазад, меларзам, эй дӯст,

Зи марги ногаҳон метарсам, эй дӯст.

Мани уфтода дар ғурбат азизон,

Муҳаббат бар Ватан меварзам эй дӯст.

Бахти миллати ҷафокашида баландӣ карду шахсияти ватандӯсту миллатдӯст муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат расид. Сухани таърихии ӯ ки то охирин гурезаро ба манзили доимии зисташ барнагардонам худро орому осуда эҳсос намекунам, хирадмандию некниятию нектинатиашро ба арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд.

23 сол муқаддам дар фазои сулҳпарвару ваҳдатдӯсти кишвари азизамон, Тоҷикистон кабутари умеду орзуҳои сулҳ парафшон гашт. Барои шодонаю озодона парвоз намудани ин кабутари орзую омоли халқи ҷафокашида бо иқдоми фарзанди фарзонаи миллат ва халқи ташнаи сулҳу оштӣ кӯшишу талошҳои зиёде сурат гирифт.

Имзо гаштани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон дар соли 1997 дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд ва ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо

тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро оғоз намоем.

Маҳз ҳамин фазои орому осудаи сулҳу ваҳдату якдигарфаҳмӣ буд, ки дар ин муддати начандон тӯлонӣ кишвари мо ва халқи бунёдкори он ба пешравиҳои назаррас ноил гаштанд.

Ҳамаи комёбию дастоварду пешрафт ва дар маҷмўъ ҳаёти осудаву ором ва хотири ҷамъи мо қабл аз ҳама натиҷаи кӯшишу сайъю талошу заҳмату ранҷи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳиссаи назарраси халқи бунёдкори мо аст.

Барои ба ин фазои осудаву ором ва сулҳу ваҳдат расидан халқи мо ин рӯзҳои вазнини сахту ва пур аз ғаму дардро дидааст, ки мо бахусус калонсол шоҳиди бевоситаи он рӯзҳои фоҷиабор ҳастем.

Гирди як миз овардани гуруҳҳои бо ҳам мухталиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои таъхирнопазиру аввалиндараҷаро муайян намуданд ва барои ҳаллу фасли онҳо пайгирона кӯшиш ба харҷ додаанд. Боиси ифтихор аст, ки дастовардҳои кишварамон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи таърихии тақдирсоз то ба имрӯз ба номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Воқеан мардуми кишвар дар симои Сарвари давлат наҷотбахшу муттаҳидкунандаи халқро дида, дар дилу дидаи мардум шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон барафрӯзонд.

Бо гузашти замон мо аҳамияти таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро бештару аниқтар дарк менамоем. Зеро маҳз бо шарофату баракати он мардуми мо бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзиши кишварамонро ҳифз намояд, миллатро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорад.

Сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд дар хусуси мавқеи ватандӯстӣ ва инсонпарваронаи Сарвари давлати тоҷикон дар он солҳо иброз намудааст: “Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвар, миллати тоҷикро, Ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва

самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад”. Ваҳдати ба даст омадаро ҳифз бояд кард, зеро он рӯйи сурху сари баланди ҳар яки мост.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба халқи тоҷик муяссар гардид, дар баробари эҳёю таҳкими давлатдорӣ инкишофи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамонро таъмин намуда, обрўю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардорем.

Истиқлолияту Ваҳдат парчами пирузиҳост. Тавре мегӯянд ваҳдат ба истиқлолият мебарад ва истиқлолият ваҳдатро ба камол мерасонад. Аз баракати Истиқлолияту сулҳу ваҳдат Ватани мо ободу зебо гардида, имрӯз дар ҷаҳони муосир бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой ва мақоми хосаро касб кардааст.

Аз ин рӯ мо бояд шукрона бикунем, ки таҳти сарварии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳое ноил гардидем, ки таърих назирашро надидааст.

                           Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий