Бойгонӣ
04 сен 10:57АСОСӢ / Ахбор / Иқтисод

БОХТАР. ҚАРЗДОРӢ АЗ БАРҚ АФЗУДААСТ


Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ қарзи ҳамаи истифодабарандагони неруи барқ дар шаҳри Бохтар наздики 90 миллион сомонӣ шудааст. Дар баробари сокинон, идораву ташкилотҳои буҷетии вилоятию шаҳрӣ низ пардохти маблағи барқи истифодабурдаашонро ба таъхир мегузоранд. 

Аз ҷамъи умумии қарз зиёда аз 30 миллион сомониаш аз аҳолӣ мебошад. Ин омил боис ба он гардидааст, ки масъулини шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар барои таъмири трансформатору иваз кардани симчӯбҳои фарсуда ва кишидани хати барқ ба деҳаҳои навбунёд мушкилӣ мекашанд.  

Тавре сардори хадамоти “Фурӯши барқ”-и шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифзода иттилоъ дод, зиёда аз 90 идораву ташкилоти шаҳрию вилоятӣ, ки дар шаҳри Бохтар ҷойгиранд, аз ҳазор сомонӣ то 1,5 миллион сомонӣ аз ҳаққи истифодаи неруи барқ қарздоранд. 

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, бинобар сабаби қарзҳои дебиторӣ доштан қувваи барқи 720 муштарӣ хомӯш карда шуд, ки маблағи қарзи онҳо 412 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Баъди хомӯш кардани қувваи барқ муштариёни қарздор ҳамагӣ 341 ҳазор сомонӣ пардохт карданд.

Ҳамчунин, барои рӯёнидани маблағи қарзи барқи истифодашудаи муштариён 58 даъво бо маблағи 620 ҳазор сомонӣ ба суд ирсол карда шуд, ки аз ин ҳисоб 348 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби корхона ворид карда шуд.      

Мутаассифона, рӯз то рӯз қарзи истифодаи неруи барқ зиёд шуда истодааст. Омили зиёд гардидани қарз дар он аст, ки дар вақти таҳияи буҷет масъулини ниҳодҳои дахлдор маблағи истифодаи қувваи барқро кам ба нақша мегиранд, – мегӯяд ӯ.

Тибқи рӯйхате, ки мо аз шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар дастрас намудем, Беморхонаи марказии шаҳри Бохтар 527 ҳазор сомонӣ ва Муассисаи КАТС-и шаҳр 113 ҳазору 657 сомонӣ қарзи истифодаи неруи барқ доранд. 

Сармуҳосиби ин муассисаҳои тандурустӣ Қурбон Шодиев изҳор медорад, ки дар беморхона фақат дар як моҳи зимистон маблағи истифодаи қувваи барқ ба 10 ҳазор сомонӣ мерасад. Аммо дар ин фасл барои се моҳ ҳамагӣ даҳ ҳазор сомонӣ ҷудо мешаваду халос. 

Бо он маблағе, ки солона аз буҷети маҳаллӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ихтисос дода мешавад, пардохти қарз ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона василае, ки ба ин мушкилӣ хотима мебахшад, ҳисоббаробаркунӣ аст,  –мегӯяд Қ. Шодиев. 

  Дар байни идораҳои буҷетии шаҳр аз ҳама қарзи зиёд (1 миллиону 685 ҳазор сомонӣ) Муассисаи давлатии коммуналию чароғонкунӣ ва ороишии шаҳри Бохтар дорад. Директори муассиса Миралишоҳ Сайфиддин зимни суҳбат иброз кард, ки қарзҳои бавуҷудомада аз солҳои пеш мебошанд. Аз сабабе, ки соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба идораи мо маблағ ҷудо нагардида буд, мо дар соли гузашта тамоман маблағи истифодаи қувваи барқро пардохт карда натавонистем. Соли ҷорӣ бошад, ба хотири сари вақт пардохт кардани ҳаққи истифодаи неруи барқ ҳар моҳ 30 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин баробар мо ҳисобкунакҳои муосир насб кардем, ки ин барои сари вақт пардохт шудани маблағи барқи истифодашуда мусоидат хоҳад кард, – гуфт ӯ.

Ба гуфти Миралишоҳ Сайфиддин, корхонаи онҳо имкони якбора пардохт кардани 1 миллиону 685 ҳазор сомонӣ қарзњои чандсоларо надорад. Вале онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки марҳила ба марҳила ин маблағро пардохт намоянд. 

Тибқи иттилои сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар Муҳибулло Иззатуллозода, соли сипаригардида барои пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр 337 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд. Бинобар ин, қарздории ташкилоту идораҳо дар назди шабакаҳои барқи шаҳр афзоиш ёфт. Дар соли 2020 бошад, барои пардохти барқи истифодашуда аз ҳисоби буҷет 750 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин маблағ нисбат ба соли гузашта 40 фисад зиёд мебошад. Барои пардохти маблағи истифодаи барқи Муассисаи давлатии коммуналӣ, чароғонкунӣ ва ороишии шаҳр бошад, дар соли равон 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.  

Агар дар давоми сол барзиёдии қисми даромади буҷет таъмин гардад, ба ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳр барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ихтисос додани маблағ пешбинӣ мешавад. Аммо ҷудо намудани маблағ аз ҳисоби даромадҳои барзиёд танҳо аз раиси шаҳр вобаста аст. Чунки он дар асоси қарори раиси шаҳр ҷудо карда мешавад, – гуфт ин шахси масъул. 

Яке аз мушкилоти асосии соҳаи энергетикаи кишвар ҷамъоварии маблағи барқи интиқолшуда аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳои мамлакат гуфта мешавад. Дар баробари ин, талафоти неруи барқ, беҳуда истифодабарии он аз бепарвоии сокинон ва масъулони ташкилоту идораҳо гувоҳӣ медиҳад. 

Сардори хадамоти “Фурӯши барқ”-и шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифзода дар муроҷиати хеш ба сокинон гуфт, ки ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, барои расидани мамлакат ба истиқлолияти энергетикӣ неруи барқро сарфакорона истифода барад. Яъне бояд ҳама муштариён аз беҳуда истифода кардани таҷҳизоти барқӣ, фурӯзонакҳо ва ҳоказо худдорӣ намоянд. Ва, ҳамзамон, маблағи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд. Истифодаи мақсадноку сарфаҷӯёна ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи неруи барқ шарти асосӣ ва кафолати таъмини мунтазаму босифати он аст. 

Самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он нишони фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки неруи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар яки мо – шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.


                                         Сулаймон СУЛТОНОВ


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019