Бойгонӣ

ДАСТАДУЗД

                                                                         (ҳаҷвия)


    Хаскаш як шахсе буд, ки кулли сокинони маҳалла аз «ташрифи ноҷой» -и вай ба ҳавлиҳояшон ҳазар мекарданд. Ў одати ҳарина-дасти  қалб дошт. Ба кадом даре ё манзиле сар нахалонад, чизе ки мақбули дилаш шуд, нархи сабзиву пиёзро напурсида, бе пушт-пушт, чун гурбаи  чўҷадузд аз рўйи ҳавлӣ мебардошт…

   Як рўзи  тобистони тамуз. Хаскаш ба ҳавлии бародараш Турдимурод бе ҷаҳди пешакӣ даромада омад. Соҳибони ҳавлӣ барвақттар ашёҳои даркорӣ ва арзишмандашонро ба ҷойҳои дилпур - "аз чашми бад дур", - гўён пинҳон карда монда буданд.

    Турдимурод баъди ғунучини ҳосили баҳории картошка каланди деҳқониашро дар як навдаи каҷшудаи дарахти тут тоза карда, овехта монда буд. Вай дубора ба замин ҷуворимакка кориданӣ буд.

    Хаскаш дар рўйи ҳавлӣ. Гирду атрофи он ҷоро дуздона аз назар  мегузаронд. Ногоҳ  чашмаш ба каланди дар навдаи тут кашолбуда афтод. Аз хурсандӣ дар дил  аз ин «бозёфт» тоқипартоӣ  мекард. Зуд каландро аз навдаи тут гирифта, аз дил гузаронд: Ҳоло дар ҳавлӣ ҷонзоде нест, ман агар каландро бардошта барам, ин аллакай дуздӣ ҳисоб  мешавад. Каланди дар ҳавлиям  буда, як дастаи каҷи носуфтаи бекораи чун чўби  борики гурмдори алавкобӣ баднамуд дорад. Ана онро иваз мекунам. Зуд аз лаби ҷўйборчаи ҳавлӣ сангеро бардошта, ба мўрии каланд ду – се зарба зад.

 Каланддаста аз сўрохии каланд ҷудо шуда ба замин афтид. Дастаро  гирифта, каланди  бедастаро ба як тарафи картошкапая ҳаво дода,  ба тарафи ҳавлияш «думро хода кард».

    Турдимурод  писараш Гургалиро аз хоб бедор карда, огоҳ намуд, ки замини   картошкапаяро тахту  ҳамвор сохта, барои кишти ҷуворимакка омода намояд. Гургалӣ чашмони хоболудашро молида- молида, хамёзакашон, дили бе дилон, бо гардани баста назди қитъаи замин рафт. Каланди бедастаро рўйи замин дида, ҳангу манг шуд. Зуд ба падар ин ҳолатро арз кард.

- Чақонтар ба манзили амакат рав! Пагоҳӣ каланд даста дошт. Зудтар, чорхез зан!, - гуфт падараш.

     Гургалӣ ба ҳавлии амакаш омада, ўро саргарми «кор» дарёфт.

Хаскаш дар як даст теша, дар дасти дигараш каланддаста нўги чўбро борик  намуда, ба сўрохии мўрии каланди худ мувофиқ карда метарошид.

  - Ассалому  алайкум, амак! Мондаҳои  кор, - гуфт Гургалӣ. Хаскаш  ҳангу манг шуда, чӣ гуфтану чӣ  кор карданашро  надониста,   гўё касе  як сатил  оби   сардро  ба сараш  рехта   бошад, дасту пояш карахт шуда   монд. 

- Мебахшед, амак, бистсола  шудаам, вале ба як чиз ҳеҷ ақли ман  нарасида истодааст. Чӣ  тавр як дастаи каланд беҷону безабони мо дар ҳамин гармои майнаҷўш по бароварда, ба ҳавлиатон дар як зуъм меҳмон шуда омадааст. Ҳарчанд майна об кунам ҳам, ин муамморо кушода натавониста  истодаам?!

Хаскаш ғулингхойӣ  карда, базўр лаб кушод:

- Чӣ ..., ба ман  туҳ…мат мезанӣ? Ин каланддаста  аз шумо магар?

- Ҳа, бале, аз мо. Дар як ҷояш нишон ҳам дорад. Ана  бинед бо  ранги сафеди қалами  фламастерӣ   дар поёни даста  ман «Истеҳсоли худӣ» навишта монда  будам….

Хаскаш дар ҳақиқат гуфтаи додарзодааш Гургалиро дар поёни  дастаи  каланд ҳиҷҷа карда хонда, аз беҳунариаш худро  дар дил маломат  мекард ва мегуфт: Ақаллан он навиштаҷотро имкони бо теша тарошида тоза карданро   надод- а. Ин  бача ояндадор барин…

    Мардуми  маҳалла баъди  ин воқеа дар ҳаққи Хаскаш  ҳар гуна хабарҳои  воҳимаборро паҳн  мекарданд. Ҳатто байти машҳури халқиро  бо ислоҳу   таҳрир ба унвони Хаскаш бахшида часпонда буданд:

          Он ҷо, ки расид нақши пойи Хаскаш

          Мардум дар азобанд аз хулқи бадаш.

       Сирри дастадуздии Хаскаш барқвор дар як он ба маҳалу гузар овоза гардид. Акнун ўро касе бо номи аслиаш  ном намегирифт,  ҳама  «дастадуздаш» мехонданд.

                                                               Ҳ. Ҳоҷӣ, омўзгор ноҳияи Кўшониён 

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019