Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАВҲАРИ АСОСИИ ИДИ ҚУРБОН ТАЛҚИНИ АРЗИШҲОИ ИНСОНИСТ

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода
ба муносибати Иди Қурбон
Ҳамватанони азиз,
Мову шумо дар арафаи иди саиди Қурбон, ки барои мардуми мусулмон муътабар аст, қарор дорем. Ба ин муносибат тамоми ҳамдиёрони азизро самимона табрику муборакбод гуфта, ба шумо, пеш аз ҳама, тансиҳатию хонаободӣ, файзу баракат ва барори кор хоҳонам.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи Тоҷикистони азиз мардуми мо маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худро озодона иҷро мекунанд.
Мардуми шарифи мо иди мубораки Қурбонро, ки муъминонро ба хайру саховат ва дастгирии маъюбону барҷомондагон ва муҳтоҷону бенавоён ҳидоят менамояд, ҷашн мегиранд.
Шукргузорӣ аз неъматҳои Офаридгор ва кумаку меҳрубонӣ кардан ба ҳамдигар аз хислатҳои хеле қадим ва наҷиби миллати мо буда, махсусан дар арафаи рӯзҳои иду маросим дили озурдаи касеро ба даст овардан ва хайру сахо нисбат ба ятимон, бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат амали ниҳоят савоб мебошад. Хайру саховат аз ҷумлаи воҷиботи дини ислом аст.
Иди шарифи Қурбон аз ҷумлаи азизтарин маросими суннатии мардуми мусулмон буда, воқеан ба маромҳои инсондӯстиву мурувват ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст. Тавзеҳу ташвиқи оқилонаи ин арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, пеш аз ҳама, ба ходимони дин, кормандони иттиҳодияҳои динӣ, пирони хирадманду рӯзгордида ва тамоми афроди солимфикр ва бедордили ҷомеа вобаста аст.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ҷавҳари асосии Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд. Сарвари мамлакат бо амалҳои хайру наку, ғамхориҳои бемислашон нисбат ба ин қишри ҷомеа намунаи ибрату пайравӣ мебошанд.
Дар ҳақиқат, савоби бузургтарин дар ин айёми хайру саховат ғамхорӣ нисбати бечорагону афтодаҳолон, мӯйсафедону бепарасторон маҳсуб мегардад. Паёмбари ислом мефармоянд: «Ҳар фарде, ки дар ин рӯзҳо сари ятимеро навозиш кунад, дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати барҷомондаеро барорад, савобаш аз савоби тавофи хонаи Каъба камтар нахоҳад буд».
Ҳамзамон аз фурсати муносиб истифода бурда, таваҷҷуҳи аҳолиро ба тадбирҳои умумимиллии ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ, омодагии оилаҳо ба давраи тирамоҳу зимистон, мавсими хониш, истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва кишти такрорӣ, ободонии манзилу ҷои зист, ташвиқи истифодаи маблағи ҳаҷ дар корҳои хайру савоб, аз ҷумла бунёду таъмири беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, ҳаммом, пулҳо, чоҳҳо, роҳҳо, дукони фурӯши китоб ва дигар иншооти иҷтимоӣ ҷалб менамоям.
Бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани аҳолии мамлакат аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад. Аз ин рӯ, даъват мекунам, ки аз чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла гаштугузори безарурат ва идгардак бо мақсади пешгирии хуруҷи ин бемории сироятӣ то замони ба эътидол омадани вазъият муваққатан худдорӣ намоед. Дар рӯзи ид агар аз пухтани гӯшти қурбонӣ ва таом додани мардум худдорӣ намуда, онро ба хонаҳои кӯдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳем, савоби бештар хоҳад дошт.
Ҳамзамон, аз сокинони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки вобаста ба ҳолати дар ҷаҳон бамиёномада талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд, маблағҳои худро самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоянд.
Бо истифода аз имконияти муносиб, аз мардуми шарифи вилояти Хатлон даъват мекунам, ки дар иҷрои муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи неруи барқ намуна бошанд, зеро бо сабаби кам будани захираи об дар обанбори неругоҳҳои мамлакат агар имрӯз неруи барқро оқилонаю сарфакорона истифода барем, мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ хоҳем кард. Тибқи арзёбии мутахассисон, дар вазъияти имрӯза ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад.
Бори дигар сокинону меҳмонони вилояти Хатлонро ба муносибати иди Қурбон табрик гуфта, ба мардуми вилояти зархез ва тамоми кишвар саломатии устувор, осмони софу беғубор, рӯзгори ободу осуда, қалби шоду хонаи обод ва бахту иқболи баланд таманно менамоям.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


