Бойгонӣ

МОШИНҲОИ СЕҲРНОК


                                                             = ҳаҷвия=

Дар арафаи Соли Нави мелодӣ Субҳонқул чорчархаи напа нави хориҷӣ харид, лекин дар ноомади кор атола дандон шикаст. Саманди бодпои сабилмонда чун пӯсти пиёз тунукмиҷоз баромад. Болои сӯхта намакоб агар боз ягон қисми аз дил берунаш мешуд, дарди бахайр буд, вале «сарбории дард пучак»- гуфтагӣ барин мотораш як баста намесурфид. Баъзеҳо сабаби инро дар сӯзишворӣ, дигарҳо дар карбюратору сеюмиҳо дар бензиннасос фол медиданд.

Одамӣ шири хом хӯрда будааст. Субҳонқул агар чунин иллат доштани онро медонист, сомониҳои ба ҷонаш баробарро ҳеҷ гоҳ ба об намепартофт. Вай ҳамаро дар ҳайрат гузорам гӯён Камазеро киро карду автомашинаро ба он арӯсвор бор намуда ба деҳа овард, то мардум «пачка» будани онро дида, шукашон гирад.

Дар рӯи дунё қасидахону табиб намонд. Субҳонқул тамоми устокилетҳои таърифии ноҳияро ба хонааш овард. Мошинро аз ғирбол гузарониданд, вале иллати онро наёфтанд. Мотор шоҳдухтари яманӣ барин нозу нуз карда, ҳеҷ не, ки ба кор дарояд. Дар сари як бочка арақ об рехта, охири охирон мутахассисон ба хулосае омаданд, ки мошини сумсабил аз завод норасӣ баромадааст.

Субҳонқул савори аспи ҷаҳл теғу табар кашида, ба назди сардори ширкати фурӯши мошинҳои хориҷӣ рафт. Дид, ки дар он ҷо сури Исрофил дамидаю мардум монанди саги сӯзанхӯрда ҳама безобитаанд. Мизоҷон, ки мисли ӯ чунин навъи мошинҳои хориҷӣ харида буданд, гургро дар обмурӣ ёфта, аз сардори ширкат баргардонидани сомониҳояшонро талаб мекарданд. Сари кафида таги тоқӣ гуфтагӣ ворӣ сардор, ки мотори мошини вай ҳам атса намезаду аз алам хоки як вагон арақро бехта буд, бо хашму ғазаб телефони мобилиро бозӣ доронда, ба завод занг зад.

- Бори харида – шоли дарида, - туқуз монд вай гапро. Мотори тамоми мошинҳои исқотии ин дафъа фурӯхтаатон нағмаҳои довудӣ доранд. Омада бинед, ки айб дар ош аст ё дар мош, вагарна ба суди байналхалқӣ шикоят мекунем. Дониста монед, ки аз чечак мераҳеду аз мо не!

Як ҳафта пас дарвозаи ҳавлии Субҳонқулро ҷавони айнакдоре, ки аз заводи мошинҳои хориҷӣ омада буд, шамол дод. Сад задани сӯзангару як задани оҳангар. Вай паси чанбараки мошин нишаста, калидро тоб дод. Мотор дар як зум шинга зад. Ҷавон ба нишонии тамоми одамони мошинхарида рафта, бо як имои бурут мотори ҳамаи онҳоро ба кор дароварду парвозӣ кард. Ҳатто мотори мошини сардори ширкатро, ки рӯзи аввали ба ин ҷо омадани намояндаи завод ба сараш чормағзи кӯрак шикаста буд, гурӯғлихон кард. Пеш аз бозгашт вай ба харидорон фаҳмонд, ки тамғаи мошинҳои нави ихтироъкардаи фирмаи онҳо хислати аҷоибу ғароиб дорад. Агар ба паси чанбараки он каси андаке май нӯшидагӣ нишинад, дами мотор ба дарун меафтад…

Шояд оянда олимон дар ҳақиқат чунин мошинҳои сеҳрноки хаёлиро ихтироъ намоянд, то садамаҳо дар роҳ камтар гардад.

                                                                               С. БАЁЗӢ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019