КИТОБХОНА – ХАЗИНАИ БЕБАҲОИ МАЪНАВӢ

                                                                                                              

ФУРЎҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...


Мардуми тоҷик аз азал китобдору китобхон буд. Шоирону нависандагон ва олимону зиёиёне дошт, ки ашъори онҳо оламро тасхир карда буд. Имрӯз ҳам аз гузаштагон осори пурғановате боқӣ мондааст, ки аз онҳо китобхонон баҳравар мегарданд. Адибону эҷодкорони муосир низ ҳамчун меросбарони аҷдодони бохирадамон пайваста бо иншои асарҳои назмию насрӣ машғул гардида, дар баланд гардидани маънавиёти мардум саҳм мегузоранд. Китобхонон ҳам бо арҷгузорӣ ба каломи нобу пурэъҷози аҳли илму адаб аз навиштаҳои онҳо як ҷаҳон маънӣ бардошта, ғизои маънавӣ мегиранд. Маҳз бо зикри ҳамин нукта дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар баробари китобхонаҳои марказию деҳотӣ дар ташкилоту муассиса ва идораю корхонаҳои ҷумҳурӣ китобхонаҳои дохилидоравӣ таъсис дода шаванд.

Имрӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон китобхонаҳои марказию деҳотӣ ва дар муассисаҳои таълимӣ китобхонаҳои дохилӣ фаъолият мекунанд, ки дорои адабиёти зиёди илмию оммавӣ, соҳавию бадеӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ мебошанд. Илова бар ин, шурўъ аз соли 2020 дар бархе аз ташкилоту муассиса ва корхонаҳои вилоят китобхонаҳои дохилидоравӣ ва ё рафҳои китобмонӣ ташкил карда шуда, бо адабиёти тозанашр таъмин гардидаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро рӯи кор овард ва китобхонаи намунавии дохилидоравиро пурра азнавсозӣ намуда, бо адабиёти гуногуни бадеию соҳавӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъмин сохт.

Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ҳоло дар китобхонаи мазкур беш аз 15 ҳазор нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва соҳавӣ гирдоварӣ гардида, шумораи китобҳои электронии он зиёда аз 20 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гўшаи алоҳида гузошта шудаанд. Зеро онҳо, ба гуфтаи китобдорон, аз ҷумлаи серхонандатарин асарҳои таърихию фарҳангӣ ба шумор мераванд.

Осори китобхона на танҳо барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, балки аҳли хонаводаи онҳо, аз ҷумла кӯдакону наврасон низ дастрас буда, ҳар яке дар ин махзан асари табъи дилро пайдо карда метавонад.

Масъулини дастгоҳи раиси вилоят тасмим доранд, ки барои боз ҳам зиёд намудани шумораи китобҳои нодиру камёфт дар намоиш-фурӯшҳо иштирок намуда, аз нашриёти гуногун адабиёти лозимаро харидорӣ намоянд. Бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари кормандони ҷавон ба мутолиа ҳар ҳафта дар китобхонаи мазкур рӯнамоии асарҳои арзишманди илмию бадеӣ баргузор карда мешавад.

Дар ғанӣ намудани захираи китобхона хизматчиёни давлатӣ низ саҳми муносиб гузошта, китобҳои гуногунро ворид намуда истодаанд.

Имрӯзҳо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ин ганҷинаи бебаҳои илму маърифат истифода бурда, донишу малакаи худро боз ҳам васеъ менамоянд. Ба гуфтаи хизматчиёни давлатӣ китобу ҳуҷҷатҳои дар ин даргоҳ мавҷудбуда, дар пешбурди фаъолияти кории онҳо зарур аст. Ин аст, ки кормандон ҳамарӯза ба китобхонаи дохилиидоравӣ омада, аз асару достон ва шеъру ҳикояҳои шоирону нависандагони классику муосири тоҷику форс ва олимони ҷаҳон баҳравар гардида истодаанд.

Фотима Абдуллоева, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят буда, шавқу рағбати зиёди китобхонӣ дорад. Ӯ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳамроҳи ҳамкоронаш даҳҳо адад адабиёти бадеиро ба ин китобхона ворид намудааст. Фотима мегӯяд, ки ҳарчанд дар мақомот кори зиёд доранд, аммо вақт ёфта китоб ҳам мутолиа мекунанд. Аксаран аз ин ҷо китоб гирифта, барои баҳра бардоштан аз гуфтаҳои бузургон онро ба хона мебарад.

Адиби ватансаро Амиршои Хатлонӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят фаъолият мекунад, китобро манбаи дониш ва чароғи ақл номида, китобдориро хазинаи бебаҳои маънавӣ унвон намуд. Ӯ мегӯяд, ки китоб баҳри баланд бардоштани тафаккури зеҳнӣ ва тарбияи ахлоқии мардум, хусусан насли наврасу ҷавон бениҳоят муҳим мебошад, Аз ин лиҳоз ӯ ибтикори мазкурро нишонаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар дониста, афзуд, ки дастури ироагардида боиси бештар рӯ ба китоб овардани қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад ва он ба идроку заковати одамон таъсири мусбат мерасонад.

Раванди таъсиси китобхонаҳои дохилиидоравӣ ва таъмини рафҳои он бо адабиёти соҳавию бадеӣ дар дигар ташкилоту муассисаҳои вилоят ҳам хуб ба назар расида, ҳоло ба ҷуз аз китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо то имрӯз дар 630 ташкилоту муассисаи вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо китобхонаҳои наздиидоравӣ ташкил ва бо адабиёти тозанашр таъмин гардида, майлу таваҷҷуҳ ба китобхонӣ беҳтар шуда истодааст.

                                                                                                     М. АМОНҶОН

Добавить комментарий