08 июн 16:39АСОСӢ / Ахбор

ТАЪСИСИ ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ


Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 26 – уми майи соли ҷорӣ, дар шаҳри Бохтар, ташхисгоҳи нави вирусологӣ барои муайян кардани бемории сироятии коронавируси нав (COVID 2019) ба фаъолият оғоз кард. 


Ба иттилои директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков, ташхисгоҳи нав  имкон дорад дар як шабонарӯз 150 – 200 таҳлилро гузаронад. Хизматрасонӣ дар ташхисгоҳ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. 


Номбурда ҳамчунин афзуд, ки мутахассисони ташхисгоҳ курси махсуси омӯзиширо дар Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаштаанд. 


Бояд қайд кард, ки қаблан таҳлили гумонбарони бемории COVID – 2019 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд. 


Аз Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар шаҳри Кӯлоб низ чунин ташхисгоҳи вирусологӣ ба кор шурӯъ кардааст. 


Баъди ба фаъолият оғоз кардани ин ташхисгоҳҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид.

                                                 Сулаймон СУЛТОНОВ 

Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019