Бойгонӣ
Апрель 2025 (12)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

СОДИРОТИ МЕВАҶОТ БЕШ АЗ 40 ФОИЗ


Нақшаи содироти меваю сабзавот аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар ба андозаи 40,5% иҷро гардид. Дар ин бора Шарофиддин Асомиддинзода, - масъули бахши Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба «САФО» хабар дод.

Бино ба иттилоъи манбаъ, асосан дар ин давра содироти сабзавот- бахусус пиёз хеле хуб ба роҳ монда шуда, феълан ба хориҷа 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст. 

- Мавсими содироти меваҷот шурӯъ гардид. Мо нахуст ба содироти олу шурӯъ кардем. Феълан аз навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ ва Кӯшониён ба Федератсияи Россия, асосан шаҳри Санкт- Петербург олу содирот намуда истодаем.  Соҳибкорони маҳаллӣ мушкилоти пешоруомадаи ҷаҳониро сарфи назар карда, аллакай беш аз 100 тонна олуро тавассути нақлиёти автомобилӣ равонаи хориҷ намуданд- илова карда Ш. Асомиддинзода.

Гуфта мешавад, ки кишоварзони хатлонӣ имсол ба хориҷа- асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Россия ва Қирғизистон беш аз 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳанд кард.

                                                                       

АБӮБАКРИ ФАЙЗАЛӢ

Добавить комментарий