Бойгонӣ

ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР БА ЭНЕРГИЯИ САБЗ

ИХТИРОЪ ВА ИННОВАТСИЯ.   Шурӯъ аз соли 2016 бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш» ба роҳ монда шудааст. Муҳлати лоиҳа 5 солро дар бар гирифта, соли 2021 ба анҷом мерасад. Аз ҳисоби ин лоиҳа дар қисмати зиёди шаҳру ноҳияҳои кишвар литсейҳои касбӣ– техникӣ ва донишкадаҳо қисман таъмир шуда, бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд.

Дар робита ба ин дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, дар доираи ин лоиҳа бисёр корҳои назаррас ба анҷом расидааст. Таъмиру тармими ду бинои таълимӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва воридсозии таҷҳизоти наву замонавии озмоишӣ аз ин қабиланд.

Роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаҳои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Бахтиёр Абдуллоев зимни суҳбат иброз намуд, ки дар донишкада бо дастгирии лоиҳаи болозикр як стансияи барқии офтобӣ сохта шуд, ки аз 48 панели офтобӣ иборат буда, иқтидори умумиаш 10 киловатт/соатро дар бар мегирад. Ин стансия метавонад дар ҳолати зарурӣ як қисмати донишкадаро бо барқ таъмин кунад. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки аз ҳисоби ин лоиҳа ба донишкада таҷҳизоти муосири озмоишӣ ворид карда шуд, ки то кунун дар қисми зиёди донишгоҳҳои олии кишвар назир надорад. Дастгоҳҳои воридшуда манбаи барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия аз ҳисоби неруи офтоб буда, дар тавлиди барқи иловагӣ ба донишкада мусоидат мекунад.

Лоиҳа ба ҷуз аз тадбирҳои сохтмону воридсозии таҷҳизот, боз баргузор кардани семинарҳои омӯзиширо ба хотири сайқал додани дониши омӯзгорон фаро мегирад. Ба омӯзгорон методологияи нави таълим омӯзонида мешавад. Омӯзгороне, ки аз ин гуна семинарҳо мегузаранд, сертификати дараҷаи байналмилалӣ мегиранд. Онҳо дар соҳаи баҳодиҳии радиатсияи офтобӣ дар минтақаҳо ба ҳайси коршинос эътироф карда мешаванд.

Дар асри ХХI энергетика ба яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳастии инсоният табдил ёфта, бе рушди он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Дар ин росто мамлакати мо дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги энергетикӣ эътироф шуда, 60 фисади захираҳои энергетикии обии Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои мо сарчашма мегиранд. Ва маҳз ҳамин имкониятҳои табиӣ шароит фароҳам овардаанд, то ин ки Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқи обӣ дар ҷаҳон дар ҳоли ҳозир дар ҷойи шашум қарор бигирад. Ва пас аз пурра ба кор андохтани НБО-и «Роғун» ба зинаи боз ҳам беҳтар — дуюм ё сеюм баромада метавонад. Аммо агар энергияи обиро истисно кунем, дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, махсусан, шамол анқариб истифода намешавад. Ин дар ҳолест, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон неругоҳҳои барқӣ бодии сохти голландӣ ба таври васеъ истифода мешаванд.

Ба қавли ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода нахустфоидае, ки энергияи тоза ба иқтисодиёти Тоҷикистон расонида метавонад, ин содироти неруи барқи истеҳсолшуда ба кишварҳои ниёзманд мебошад. Дуюм, агар таҷҳизоте, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, истифода шавад, баланд ва пастшавии шиддати барқ рафъ мегардад.

 — Ҷараёни бетағйири доимии барқ роҳандозӣ мегардад. Ин бисёр хуб аст. Дар ин самт бояд корҳои тарғиботӣ зиёд ба роҳ монда шавад. Масалан, дар Юнон донишгоҳе аст, ки аз ин гуна энергия истифода бурда, энергияи истеҳсолшударо дар қисмати шаб ба давлат мефурӯшад, — афзуд ӯ.

Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш додааст, ки соли 2019 аз ҳисоби неруи барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ дар ин ҷумҳурӣ 504,5 мегаватт/соат барқ ҳосил шудааст. Ниҳодҳои марбутаи ин давлат тасмим доранд, ки дар соли 2020-ум 18 манбаи дигари неруи сабзро мавриди истифода қарор дода, ҳаҷми умумии тавлиди барқи тозаро ба 1655 мегаватт/соат расонанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон низталош дорад, ки то соли 2025 ҳиссаи энергияи тозаро то 25 дарсад боло баранд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар Тоҷикистон соли 2019-ум 20 миллиарду 676,2 миллион киловатт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 98 фисади он аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ ба даст омадааст.

Мусалламан, бо татбиқи лоиҳаҳое, ки дар рушди соҳаи энергетика ва истифодаи энергияи сабз такони чашмрас бахшида метавонанд, Тоҷикистон метавонад фоидаи иқтисодии бештаре бигирад.

                Сулаймон СУЛТОНОВ


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019