ВАХШ. ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 – декабри соли 2019 таъкид кардаанд, ки “... Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуқтаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, ба сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувори босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем.”
Дар тақвияти гуфтаҳои Роҳбари давлат, сокинони заҳматкаши ноҳияи Вахш пурмаҳсул меҳнат намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаанд.
Тавре зимни суҳбат раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов иброз дошт, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Тибқи он то ҷашни фархунда бунёду таъмири 342 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора соли 2018-ум 55 адад ва дар соли 2019-ум 75 адад, ҷамъ 130 адади он ба истифода дода шуд.
Соли ҷорӣ бошад бунёду барқарорсозии 209 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо кор бо маром идома дорад. Соли 2019 дар ноҳия як муассисаи нави таълимӣ бо 10 синфхона, маркази хизматрасонии тиббӣ, панҷ бунгоҳи тиббӣ, як нуқтаи хатнаи кӯдакон, се майдончаи варзишӣ, ду дорухона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, ду коргоҳи дӯзандагӣ, шаш маркази савдо, нонвойхона ва як корхонаи коркарди пахта мардиди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки аз ин ҳисоб 109 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардиданд.
Айни замон дар ноҳия сохтмони маҷмааи Парчам ва Нишони давлатӣ, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, бунёди дарвозаи зебо дар даромадгоҳи ноҳия, бинои истиқоматии баландошёна, муассисаҳои таълимию томактабӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳҳои мошингард, навсозии боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, марказҳои замонавии хизматрасонӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн амалӣ шуда истодааст.
Ҳамчунин дар ноҳия “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Вахш барои солҳои 2016 – 2020” қабул гардидааст, ки 169 лоиҳаро бо маблағи 238,4 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Аз оғози қабули Барнома то инҷониб ба маблағи 28 миллиону 385 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби чораҳои иловагӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо ба маблағӣ 64 миллиону 38 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки маблағи умумии лоиҳаҳои татбиқгардида 92 миллиону 423 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Бо мақсади таъмини шароити кору зиндагии беҳтар барои сокинон дар ноҳия 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи истифодашуда 2,3 миллион доллари америкоиро дар бар мегирад.
Соҳаи фарҳанги ноҳия солҳои охир бамаротиб рушд намуда, то соли 2021 дар ноҳия қасри фарҳанги дорои беҳтарин шароит сохта мешавад. Дар ноҳия ҳафт ёдгории таърихӣ арзи ҳастӣ доранд, ки машҳуртарини он “Аҷинатеппа” мебошад. Соли 2019 аз маконҳои таърихии ноҳия, махсусан “Аҷинатеппа”, 381 нафар дидан карданд, ки аз онҳо 90 нафарашон хориҷӣ буданд. Дар се моҳи соли 2020 бошад, шумораи нафароне, ки аз мавзеъҳои таърихии ноҳия дидан намуданд, 607 нафарро ташкил дода, аз онҳо 71 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Маориф ниҳоди муқаддас, таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад. Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф дигаргуниҳои азиме ба вуқуъ пайвастанд, ки аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Дар ноҳияи Вахш низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар маҷмӯъ давоми 29 соли соҳибистиқлолии кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад 30 муассисаи таълимӣ бо 262 синфхона сохта ба истифода дода шуда, дар 9 муассисаи таълимӣ 180 синфхона аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Инчунин то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия сохтмонӣ шаш муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбарияти ноҳия бо боварии комил зикр карданд, ки минбаъд низ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва сокинони шарафманди он дар партави сиёсати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азму талош намуда, ба комёбиҳои аз ин бештар шарафёб мегарданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ