УМЕДБАХШИ БОНУВОН
"Табиб бояд дасту дили пок ва нияти неку беғараз дошта бошад."
Эмомалӣ Раҳмон
Маҳбуба аз хурдӣ дар дили пурмеҳраш орзуи табиб шуданро мепарварид. Ҳамин буд, ки ӯ баъди хатми аълои мактаби миёна баҳри амалӣ гаштани орзуҳояш ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супорид. Дониши баланд, зеҳни тоза ва хотираи қавӣ ки дошт, имтиҳонҳоро сарбаландона супорида, сазовори унвони донишҷӯ гашт. Ӯ дар роҳи орзу ва интихоби касб хато накарда буд.
Талошҳои пайваста, шабҳои бедорхобӣ ва меҳри беандоза ба илму дониш ба ӯ даст дод, ки аз устодони серталабу сахтгир назария ва сирру асрори ин касби пуршарафро омӯзад. Солҳои донишҷӯӣ ҳам ноаён паси сар шуданд. Вай баъди хатми бомуваффақияти донишгоҳ боз ду соли дигар дар интернатура таҳсил намуда, донишашро боз ҳам сайқал дода, касбияташро баланд намуд.
Маҳбуба Бековна (ҳама бо меҳр бо ҳамин оҳанг ба ӯ муроҷиат мекунанд) соли 1977 ҳамчун духтури момодоя ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ ба кор омад. Ба савганди Гипократ содиқ асту бо дили поку нияти нек баҳри саломатии халқи азизаш ба кор шурӯъ намуд.
Дар тӯли начандон зиёди фаъолияти кориаш тавонист ба дилҳо роҳ ёбад. Маҳорати касбӣ, донишмандӣ, самимият, таҳаммулпазирӣ, муҳаббат ва садоқат ба касби табибӣ ва хислатҳои наҷиби инсонӣ ӯро зуд дар байни ҳамкорон ва мардум соҳиби иззату эҳтиром гардонид. Ҳамин аст, ки ҳамкорон ва мардум ӯро на танҳо ҳурмату эҳтиром мекунанд, балки хеле дӯст медоранд.
Маҳорати кордонию дониши мустаҳками касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва меҳрубону бо беморон хушмуомила буданашро нисбат
ба беморон ба назар гирифта, ӯро мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия таъйин намуданд.
Дар байни мардуми мо як ҳикмате аст: «Шарти аввали табиб будан, ҳабиб (меҳрубон) будан аст». Оре, Маҳбуба Бековна аз зумраи чунин табибонест, ки бо суханони нарм, меҳрубонии хоса, меҳри беандоза, чеҳраи гарму кушода баробари дору ба беморон малҳам мебахшад.
Дар яке аз шабҳои сарди фасли зимистон Маҳбуба Бековна дар шуъба навбатдор буд. Нисфи шаб зани ҷавони ҳомиладорро, ки тифли нахустинашро бояд таваллуд мекард, ба беморхона оварданд. Зани бемор аслан сокини дигар ноҳия будаасту ба хонаи падару модараш ба меҳмонӣ омадааст. Баъди гузаронидани муоинаи тиббӣ ва кумаки аввалия Маҳбуба Бековна зуд фаҳмид, ки саломатии зан хеле бад аст. Падару модари бемор аз духтур илтиҷо мекарданд, ки бо кадом роҳе набошад, духтари онҳоро аз марг наҷот диҳад. Занро ба ғайр аз дарди кӯдак боз дарди печиши рӯда азоб медод. Духтури ботаҷрибаю кордон Маҳбуба Бековна бо кумаки табиби узвҳои дарунӣ аввал занро ҷарроҳии буриши рӯда гузарониданд ва баъд ба воситаи ҷарроҳӣ кӯдакро аз батни модар зинда гирифтанд. Ҳамин тавр модару кӯдак зинда монданд.
Духтур ба волидайни бемор бо дилпурӣ фаҳмонид, ки нигарон набошанд, духтарашон бо тифли навзодаш сиҳату саломат мебошанд. Аҳволашон хуб аст. Бо истифодаи донишу истеъдод ва маҳорати касбии баланд, бо дастони шифобахши Маҳбуба Бековна зани ҷавон бо тифли навзодаш аз марг наҷот ёфтанд.
Вай ҳамчун духтури тахассуси олӣ ва дорои таҷрибаи бой доимо дар бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии худ мебошад. Ӯ ду маротиба дар шаҳрҳои Мински Ҷумҳурии Белоруссия ва Санкт – Петербурги Федератсияи Россия курсҳои шашмоҳаи такмили ихтисосро бомуваффақият хатм намуда, сатҳи дониши касбии худро баланд бардоштааст.
Якчанд маротиба дар семинару машварат ва ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ оид ба мавзӯю масъалаҳои «Солимии репродуктивӣ», «Модаршавии бехавф» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Норак иштирок ва баромад намудааст.
Ў бо таассуф мегӯяд, ки баъзеҳо барои бодабдаба гузаронидани тӯю хурсандиҳо солҳо омодагӣ мебинанду барои тифли солим ба дунё овардани фарзандонашон чандон аҳамият намедиҳанд. Занони ҳомиладор баъди ду моҳи ҳомиладорӣ бояд ҳатман таҳти назорати духтурони занона қарор дошта бошанд. Чунки онҳо барои ҷомеа бояд фарзанди солим ба дунё оваранд. Бояд амиқ дар кард, ки фарзанд меваи умри инсон аст.
Хуб мешуд, ки аҳолии кишварамон дар бораи маърифати оиладорӣ, манфиати риояи фосилаи таваллуд, аҳамияти шири модар дар рушди тифл, пешгирии бемориҳои ҷинсӣ, сабабҳои безуриётии занон иттилооти бештаре дошта бошанд. Модарон баъди таваллуд бояд тӯли 26 моҳ ба кӯдак шир диҳад, на шири сунъӣ. Зеро шири модар барои ояндаи солими кӯдак беҳтарин ғизо аст.
- Воқеан ҳам таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ нисбати соҳаи тандурустӣ моро ба кор дилгарму рӯҳбаланд месозад, -мегӯяд Маҳбуба Бековна.
Ӯ барои бисёре аз сокинони ноҳия модар ба ҳисоб меравад. Зеро тӯли 44 сол боз духтури шуъбаи таваллудхонаи бемористони марказии ноҳия мебошад. Чӣ тавре, ки ӯ иттилоъ медиҳад, ҳар шабонарӯз дар таваллудхона ба ҳисоби миёна 7-8 тифл ба дунё меояд. Ва як ҳафта табобат карда мешаванд.
Вай ҳамчун зани фаъол дар корҳои ҷамъиятии беморхона ва чорабинию маъракаҳои сиёсии ноҳия низ ишироки фаъол менамояд.
Меҳнату талошҳои пайвастаи ин табиби ҳозиқу мушфиқ, донандаи хуби касби худ, меҳрубону хушмуомила, масъулиятшиносу дардошно ва инсони нексиришт Маҳбуба Бековна аз назари давлату ҳукумат дур намондааст.
Барои меҳнати шоёну хизматҳои шоистааш бо чандин Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ, нишони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Шафқат» сарфароз гардидааст.
Шиори ӯ дар зиндагӣ чунин аст: Ба хотири ҳамаи онҳое, ки ғами онҳо ғами мост, кор идома хоҳад ёфт, вазифа иҷро хоҳад шуд, орзу зинда хоҳад монд ва умед ҳаргиз нахоҳад мурд. (Аз суханони собиқ президенти ИМА Ҷон Кеннеди)
Аъзам Бобоев, рӯзноманигор