ДУШМАНОНИ АМНУ ОСОИШ БОЗ САДО БАЛАНД КАРДАНД

(Изҳороти гурӯҳи рӯзноманигорони вилояти Хатлон)

Имрӯзҳо мухолифони Ватан, ки зери чатри хоҷагонашон бурун аз марзи кишвар, дур аз ёру диёр, бо қалбҳои пур аз кину бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштосоямон, ки бо боду ҳавои пок, хиёбону гулгашт, шаҳру деҳу рустои обод, оби ҷонбахш ва гулу гиёҳи равонбахшаш қалби сайёҳону ҳар бинандаро мафтун намуда, сокинони ватан аз ин туҳфаи Офаридагор фараҳманду шукри истиқлолиятро доранд, санги маломат мепартоянд.

Аҳли қалами вилояти Хатлон, чун ҳамаи сокинони кишвар, дар фазои амну осоиштагӣ кору фаъолият намуда, бо расонаҳои дохилӣ, хориҷӣ, шабакаҳои интернетӣ робитаҳои корию таҳлилӣ ва тахассусӣ дошта, аз ба ном “изҳорот”-и ташкилоти ифротии “Паймони миллӣ” ва андешаҳои муғризони роҳбари ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом Кабирӣ ва думравонаш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудан доранд, бохабаранд ва чунин иғвобарангезиро шадидан маҳкум мекунанд.

Даъвои барқасдона пинҳон намудани вуҷуди бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби мақомоти давлатӣ нишонаи дур аз воқеият будан ва муносибати ғайрикасбии “изҳоротдиҳандагон” мебошад. Кадом давлат душмани халқ аст?! Дар Тоҷикистон тамоми чораҳои зиддиэпидемикӣ ҳанӯз аз моҳи март татбиқ гардида, сарҳадҳо баста шуданд, онҳое, ки ба ватан баргаштанд, то 21 рӯз зери назорати духтурон дар карантин қарор доштанд, безараргардонӣ ё дезинфексия дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо гузаронида шуд, ибодат дар масҷидҳо, дарс дар мактабҳо муваққатан манъ гардид. Ҳар кори имконпазир анҷом дода шуд ва имрӯзҳо вусъати тоза касб намудааст. Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистони мо як узви ҷомеаи ҷаҳонист. Ҳатто кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ҳам натавонистанд аз вабои фарогир дар амон монанд. 

“Изҳорот”-и Паймони ба ном миллии Тоҷикистонро хонда, кас ба хулосае меояд, ки аъзои ин паймон аз пайдо шудани ин вирус дар кишварамон шоду масрур гаштанд, боз як баҳонае барои сангандозӣ ба сӯйи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти он пайдо шуд. Аз ин вазъ на бо эҳсоси ғамхорию тараҳҳум, балки бо мақсади садо баланд кардану таваҷҷуҳро ба сӯйи худ кашидан, ба истилоҳ “хол” гирифтан баёния пахш мекунанд.

Мо аминем, ки ваҳдат - беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумӯъ ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Дар вазъияти имрӯз баамаломада ҳамаи мо – тоҷикистониёнро зарур аст, ки беш аз пеш муттаҳид бошем, ба ваҳмангезию тарсу валвала дода нашавем. Аз ин вазъ сӯйистифода карда, Кабирӣ ва бадхоҳони дигари миллату давлати мо чун ҳамеша кӯшиш доранд, ки ба сӯйи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санг андозанд, баду носазо гӯянд, дар қалби мардум тухми нифоқ бикоранд.

Аммо имрӯз аҳли зиёи мамлакат, ҳар як фарди худогоҳу меҳанпараст хуб дарк мекунад, ки ҳадафи ин гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар васила сиёҳ кардану бад гуфтан мебошад, ҳамон гуна ки қалби худашон ба мисоли ангишт торик аст.  

Миллати тоҷик дар гузаштаи таърихии худ борҳо ба рӯзгори ошуфтабор рӯ ба рӯ шуда, гирифтори шикастҳои бузурги давлатдорӣ гаштааст. Гузаштагони мо ин шикастҳоро паси сар карда, марзу буми худро дубора обод сохтанд.

Мо хуб эҳсос менамоем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта бо чӣ натиҷаҳо ба анҷом расид. Кӣ аз он зарар дид, барои кӣ манфиатовар буд, мардум инро хуб дарк намуданд. Ин ҳодисаҳои нангин дар таърихи Тоҷикистон абадӣ сабт гардиданд. Имрӯз Тоҷикистон қадамҳои устувори худро дар роҳи рушди босуръати иқтисодӣ, саноатикунонӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ гузошта истодааст. 

Тоҷикистон мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, тамоми фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба он равона гардидааст ва тамоми кӯшишу ғайрати худро аввалан барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ ва баъдан баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ равона шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст.

Оромию озодии кишвар як бойигарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Мо, аҳли қалам, аз тамоми ҳампешаҳои худ, мардуми шарифи Тоҷикистон даъват мекунем, ки беш аз пеш дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид бошем, ба роҳ ёфтани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ роҳ надиҳем, иғвогарони ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро маҳкум намоем, ба оянда хушбин бошему ҳар яке дар ҷойи кори худ содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем.

Мақсаду мароми мо боз ҳам густариш додани сарҷамъӣ, тифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлон, осудагии ҳамагон мебошад. Ҳаргиз намегузорем, ки як зумраи бадкинон ва хоинони Ватан бо ақидаҳои ботили худ мардумро, махсусан ҷавононро, гумроҳ созанд. Бо ақли солим ва рафтору гуфтори оқилона ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам мезанем, то ваҳдату ҳамдилӣ, Истиқлоли давлатӣ пойдор ва ягонагии мардум устувор бод.

Добавить комментарий