ОРАШ АЛОӢ: — ОЁ МО БИТАРСЕМ Ё ИН КИ ҲУШЁР БОШЕМ?!

Имрӯзҳо  дар саросари ҷаҳон мардум танҳо сари як мавзӯъ - ин ҳам бошад коронавирус ё худ бемории COVID-19  баҳс мекунанд ва бемуболиға дар замири мардум як каме ба тарсу ҳаросро ҷой намудааст. 

Бо ин вуҷуд, ки Тоҷикистон чун тамоми кишварҳои дунё барои мубориза бо ин беморӣ бархоста, давлату ҳуккмат аз тамоми имкониятҳои мавҷуда фаррох  истифода мебарад, олимони тибу дин, мутахассисони варзида оиди ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии паҳншавии он суҳбату вохӯриҳо доир намуда, мақомот хона ба хона гашта мардумро огаҳӣ мебахшанд, аммо ҳанӯз ҳам бархе аз мардум ба ҷои он ки барои  риояи талаботҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ  рафтор намоянд, баръакс  ба ҳар гуна овозаҳои беасос дода мешаванд. Ҳатто Пешвои муаззами миллат доир ба ин мавзуъ зимни муроҷиатҳои ахири худ боисрор такрор менамоянд, ки мардум ба овозаҳо дода нашаванд, давлату ҳукумати кишвар қодир аст, то мардумро то ба 2 соли дигар бо маводи ғизоӣ таъмин намояд ва ин мушкилиҳо низ паси сар мешаванд. 

Мутаассифона, чанд савдогари бозор ва ё фурушандаҳои дорухонаҳо ба таври сунъӣ нархи баъзе маводи ғизоӣ ва дорувориро боло бурданд, ки ин амали онҳо боиси ба таҳлука кашидани мардум, овозаҳо ва ба ноумедӣ таҳрик додани мардум гардид. Албатта, давлат фавран пеши роҳи ин амалҳоро гирифт ва гирифта истодааст, чун ҷиддан мехоҳад дар чунин вазъияти мураккабу душвор боварии мардумро сазовор бошад ва барои мардумаш хизмат шоиста карда тавонад.

Пеш аз ҳама барои мубориза бо ин беморӣ ва пешгирии он мардуми мо бояд ба ҳамон асолати худ, ба одатҳои бобоиву исломии хеш, яъне шустани дастон, риояи талаботҳои беҳдошти шахсӣ, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву дари худ рӯ биёранд. Тавре ҳамагон шоҳид будем, ҳатто роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ  аз тариқи ТВ «Ҷаҳоннамо»  ба таври ҷиддӣ ва содаву фаҳмо мардуми тоҷикро мухотаб қарор дод, ки дастонро бо собун бишуед, қойидаҳои беҳдоштро риоя кунед, дар хона бимонед. Тамом вассалом.

Маҳз хидмати рӯзноманигорони ТВ «Ҷаҳоннамо»  дар он ки тавонистанд чунин як барномаи ҷолибу ҷиддӣ ва аз ҳама муҳим саривақтиро таҳия намоянд, боиси сипос ва таҳсину офарин аст.  Ин суҳбат чанд маротиб аз тариқи расонаҳои Тоҷикистон низ бозпахш гардид, ки ин кор низ хеле кори манфиатовар буд, ки тавонист руҳияи мардумро дигар кунад, ихтилофу таҳлука ва шубҳаҳоро аз байн бирӯбад ва мардумро аз вартаи яъс ба зиндагии муқаррарӣ баргардонад.

 Бояд тазаккур дод, ки албатта, гуфтаҳои Ораш Алоӣ аз гуфтаҳои олимону мутахассисони соҳаи тиби тоҷик бартарӣ надоштанд, аммо Фирдавсии бузург мефармоянд, ки 

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.


ва  Ораш Алоӣ, ки мутахассиси варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ, дорои касбияти баланд аст, тавонист бо як лаҳни зебову ширин, аз ҳама муҳим бо далоили ҷиддӣ, аммо бо сабки сода ба қалби мардум суханашро ҷой кунаду мардумро ба зиндагӣ дилгарм созад.

Синои бузург- аввалин касест, ки барои мубориза бо вабо риояи талаботҳои беҳдошти шахсӣ,  нишастанд дар хона, яъне карантин, истифода аз сирко ва хурсандиву нишот кардан, яъне масуният( иммунитет)-и худро баланд бардоштанро пешниҳод карда буд. Ва  барои табибони тоҷик, ки ворисони барҳақу арзандаи ӯ мебошанд ва имрӯзҳо дар дар хатти  пеши мубориза бо ин беморӣ қарор доранд, баромади Ораш Алоӣ ошноӣ бо таҷрибаи табибони беруна ва табодули таҷриба буд, ки аз манфиат холӣ нест.

Ораш Алоӣ  баҳсҳоро сари мавзӯи дар бораи ба иқлими Тоҷикистон тобовар будан ё набудани ин вирус барҳам зад ва ба ин паҳлуи масъала низ рушанӣ андохт. Пеш аз ҳама мардум бояд донанд, ки ин вирус дар берун ҳамагӣ  то 3 соат зинда мемонад ва барои зиндагиашро давом додан барояш ягон ҷойи маҳкам лозим аст.  Агар аз даст ба даст, ба дастаи дар ё дастқапҳои нақлиёт часпид, то ба 3 рӯз метавонад  зинда бимонад. Барои намуди вируси COVID-19 шуши инсон хеле мувофиқ будааст.  Аммо дар мавриди он ки дар гармои тобистони Тоҷикистон тобовар аст ё, не Ораш Алоӣ гуфт, ки барои тасдиқ ё инкори ин фикр вақт лозим аст.

Далели ҷиддие, ки ин мутахассис пешниҳод кард, ин 85 фисади гирифторони COVID-19 бе ягон табобат, танҳо бо роҳи риояи талаботҳои беҳдоштӣ, риояи карантин сиҳат меёбанд, зеро онҳо ягон аломат надоранд ва ё нишонаҳои хеле сабук доранд.

15 фоизи боқимондаро доктор Алоӣ ба 2 гуруҳ тақсим намуд: гуруҳи аввал 10 фоиз аст, ки аломатҳои шадид доранд, аммо метавонанд дар хона бимонанд ва 5 фоизи боқимонда бояд ба беморхона бираванд. Вақте ҳарорат аз 39 дараҷа боло рафт ва нафаскашӣ дар 1 дақиқа камтар аз 25 маротиб шуд, сипас ба духтур муроҷиат кунанд, то кори духтурон ва муассисаҳои табобатиро мушкил накунанд. 

Далели дигаре, ки Ораш Алоӣ иброз дошт, ин на ҳамаи нафароне, ки сулфа мезананд ва ё таб доранд, гирифтори  COVID-19  шудаанд. Баръакс, нафароне метавонанд паҳнкунанди COVID-19  бошанд, ки ягон аломат надоранд. Пас, бояд ҳама дар хона бишинанд ва бе зарурат берун нараванд ва гигиенаи шахсиро риоя кунанд. Агар берун рафтанд, ниқоб ва дастпушак бипӯшанд ва аз якдигар 2 метр фосила бигиранд. 

Ораш Алоӣ ақида доранд, ки тарси мардум беҳуда буда, танҳо ба хатокорӣ меорад.

- Муҳим ин аст, ки оё мо битарсем ё ин ки ҳушёр бошем. Мо бояд ҳушёр бошем ва хуб бидонем, ки чӣ кор бояд кунем. Агар битарсем, хато мекунем. Баъзе касон сулфа мезананд ё ҳарорати баланд доранд, ба ташвиш афтода, сарсону саргардон ба ин ё он беморхона меравад. Онҳо бояд ба тавсияҳои табибони худ, вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбута итминон дошта бошанд, зеро изтироб ҳеҷ кореро ҳал намекунад. Ҳамон тавре гуфтам, агар нишонаҳои ин бемориро дар худ эхсос кардед, дар хона монед. Агар аломатҳои ин бемориро надоред, боз ҳам ду ҳафтаи дигар дар хона монед, чунки мардум ҳарчӣ бо ҳам наздик бошанд, ин вирус ҳамон қадар зуд паҳн мешавад, - илова кард ӯ.

Дар ҳоле, ки мутахассиси варзидаи соҳаи тиби ҷаҳонӣ Ораш Алоӣ дар хусуси риояи талаботҳои беҳдоштӣ ҳарф мезанад, олимони тоҷик бар онанд, ки истифода ва истеъмоли растаниҳои кӯҳии Тоҷикистон  барои пешгирии бисёр бемориҳои сироятӣ нақши муҳим мебозад.

Тавре Сафарбек РАҲИМОВ- доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» гуфтааст,  дар Тоҷикистон 37 намуди авлоди камолҳо (FERULA  L.) мавҷуд мебошанд, ки 2 намуди онро рошак ва 2 намуди дигари онро ров  номбар менамоянд. Онҳоро ҳамчун растании сабзавотӣ дар аввали баҳор истифода мебаранд. Баргҳои назди решамеваи онҳо ҳамчун мавод барои тайёр намудани атолаҳои гуногун барои табобати касалиҳои шамолхӯрии  роҳҳои нафас ва  зуком васеъ истифода бурда мешавад. Таркиби ин растаниҳо аз моддаҳои фаъоли биологӣ, ба монанди  мазаи сирпиёзи тунду тез   ва равғанҳои эфирӣ — сулфидҳо, бисулфидҳо, кислотаи резинол  ва эфирҳои мураккаби ферутин, ферутинин,теферин ва ғайра иборатанд. Солҳои охир дар Тоҷикистон  шираи камоли тоҷикон (Ferula tadshikorum M. Pimen.)-ро захира мекунанд. Чунки онро дар саноати тиб ҳамчун доруҳои зидди микробию  вирусӣ ва барои ҳамроҳ намудани он дар таркиби ғизоҳои гуногун, ҳамчун хӯриш истифода мебаранд.

Мутахассиси дигари тоҷик доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ шираи камолро дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таҳти № 0000531ба қайд гирифта, соҳиби шаҳодатномаи № 2215749 аз 14. 06. 2001 шуда, илман тасдиқ намудааст,  ки шираи камол таъсири зиддипаразитӣ, зиддивирусӣ, зиддиомосӣ ва қавигардонии масуният дорад. Тибқи маълумоти Институти микробиология ва вирусологияи АИ Россия, шилми камоли бадбӯйтарин рушди вирусҳоро бозмедорад, метавонад барои табобати оташак (сифилис), сӯзок, гепатити вирусӣ (қубод) ва простатит истифода бурда шавад.

Дар ҳоле ки олимони тоҷик аз истифодаи растаниҳои ба мисли камол (шираи камол) ҳарф мезананд, дар бозорҳои Тоҷикистон  нархи як бандча испанд (ҳазориспанд), ки миёни мардум ҳамчун растании зидимикробӣ ва зиддивирусӣ васеъ истифода мешавад, аз 1 то ба 10 сомонӣ ( 1000 %!!!) боло рафт. 

Тавре Ҳомидҷон Зоҳидов –олими рустанишиноси тоҷик дар китоби Канзи шифо меорад, Испанд (Исфанд) -ин растанӣ дар маҳалҳои Шарқ ва аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ машҳур аст, ки ҳазориспанд низ меноманд ва ба русӣ «Гармала обыкновенная» ном дорад.  Истеъмоли испанд узвҳои даруни сина ва шушро аз рутубатҳои часпак пок мекунад, бодҳои рӯдаҳоро пароканда месозад, моддаҳои ғафсгаштаро таҳлил медиҳад, пешоб, шир ва ҳайзро равон менамояд, моддаи савдо ва балғами ғафсро бо исҳол дафъ мегардонад, кирмҳои кадудонаро аз рӯдаҳо дафъ мекунад.

 Дар мавриде, ки табибони тоҷик бо ин вабои аср ҷоннисорона мубориза мебаранд, ҳар як фарди тоҷикро лозим аст, ки дар ин мубориза ба табибони кумаки бевоситаи худро танњо бо чанд амали сода- риояи талаботи беҳдошти шахсӣ, шустани дастон, безарурат ба берун набаромадан, пушидани ниқоб ва даспӯшак ва риояи фосилаи 2 метр аз ҳамдигар, бо даст салом накардан, расонанд. 

Имрӯз, эй ҳамватан, на фақат саломатии ту дар дасти туст, балки саломатии наздикон, хешу ақрабо, ҳамсояву ҳамдеҳа дар дасти туст. Биёед якҷоя бо ин вирус мубориза мебарем!

                                                                                     Абубакри Файзалӣ



Добавить комментарий