Шашмақом - достони муҳташами савту калом
"Шашмақом шоҳкории оламшумури таърихиест, ки бунёдгузоронаш танҳо тоҷиконанд." Эмомалӣ Раҳмон.
Баъд аз мақоми давлатӣ гирифтани шоҳномаи мусиқии классикии тоҷик дар мамлакат ҳамасола 12-уми май ҳамчун Рӯзи Шашмақом таҷлил карда мешавад. Аз соли 2000-ум бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов додани мақоми давлатӣ ва дар вилояту шаҳру ноҳияҳо ташкили дастаҳои ҳунарии мақомсароён содир шуд. Ин дастури таърихӣ ба шоҳномаи мусиқии тоҷикон – шашмақом умри ҷовидона бахшид ва аз Машриқ то ба Мағриб дифоъ аз ин ганҷинаи оламгир кард. Дар ҳамин замина соли 2002 дар вилояти Хатлон ҳам ансамбли давлатии шашмақомсароён таъсис ёфт.
Аҳад Пулотов, овозхони шинохтаву маҳбуб аз шаҳри Бохтар, ки имрӯз дар ансамбли “Шашмақом”-и вилоят фаъолияти босамар дорад, мегӯяд, ки татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат имрӯзҳо бомаром ҷараён дошта, дар ин замина ба рушди Шашмақом, ки ёдгори бегазанди санъати мусиқии миллати мо ба ҳисоб меравад, диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар ҳақиқат ин шоҳасари мусиқӣ дар тўли асрҳои зиёд таърихи дуру дароз дошта, бо хазинаи бебаҳои худ дар ҳаёти фарҳангиву маънавии миллат нақши бузурге дорад. Ҳазор сол қабл аз ин дар замири миллати фарҳангдӯсти тоҷик, садоҳои ҳунармандони хушилҳом ва оҳангҳои пурасрор зери унвони Ушшоқу Наво ва Бузруку Чоргоҳ бори аввал ба талқин омада буданд. Шоирону навогарони тоҷикро шукӯҳу азамати давлати тоҷикон – салтанати Сомониён ба илҳом оварда, дар савту навоҳои шашмақоми тоҷик шеъри Рӯдакӣ ба рақс омад, ғазалҳои Анварӣ тароват пайдо намуд ва ба гӯши ҷаҳониён тавассути корвонҳои ҳунарии «Роҳи абрешим» нидои пурэъҷози мардуми мо танинандоз гардид. Ҳамин тавр сайри таърихии шашмақом аз Бухоро то ба Ҳинду Чин ва Ироқу Мағриб оғоз меёбад” – омадааст дар таърихномаҳо.
Аҳад Пулотов ҳамчун шашмақомсаро бо сабки ба худ хос ва садои марғуладораш имрӯз кӯшиш мекунад, то ишқи ин жанри классикиро дар дили ҷавонон бедор созаду миёни сокинони хатлонӣ онро зинда нигоҳ дорад.
-Воқеан ҳам санъати мусиқии тоҷик таърихи бою ғанӣ дорад. Он тўли ҳазорсолаҳо рушду нумўъ ёфта, то ба замони мо омада расидааст. Яке аз ганҷинаҳои бебаҳои таърихӣ ин шашмақом аст, ки имрӯз мақоми давлатӣ гирифтааст ва аз ин падидаи оламшумури фарҳангӣ мо мақомсароён меболем. Зеро на ҳамаи жанрҳои мусиқии миллатҳои гуногун ҳамчун шоҳкории мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба феҳристи шоҳасарҳои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО шомил гардидаанд. Аммо аз мо чӣ? Бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи сарвари ғамхори давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 шашмақоми мо ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуда, соли 2008-ум ҳамчун шоҳкории мероси фарҳангии ғайримоддии тоҷикон аз ҷониби ин созмони бунуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид - бо ифтихор иброз медорад, Аҳмад Пулотов.
Ба гуфтаи устодону ҳамкорон Аҳад ҳунари худододӣ дорад. Зеро танини садояш ба шашмақомсароӣ мувофиқ асту завқи баландаш нисбат ба ин жанри мусиқӣ имкон медиҳад, то ҳар як таронаро бо тамоми нозукиҳояш сароида бошад ва савту навои ӯ шунавандагон лаззат баранд.
Аҳад мегӯяд, ки хастагиашро танҳо бо замзама кардану навохтани рубобу танбӯр рафъ месозад. Зеро вай аз хурдї ба ин ҳунар муҳаббат дошт ва ҳамнавои шашмақом буд.
Аҳад бист соли умрашро маҳз ба санъати классикӣ бахшидааст. Ҳунари воло ва садои дилкашу форамаш буд, ки ӯ ба ансамбли шашмақоми вилоят даъват гашту миёни атрофиёну мухлисон обрую эҳтиром пайдо кард. Зеро чуноне, ки ҳамкоронаш мегӯянд, Аҳад ҳарчанд миёни мардум шинохтаву солҳои дароз дар хизмати халқ аст, аммо дар ин баробар ӯ бо хоксорӣ ҳамеша аз пайи омӯзиш ва баланд бардоштани малакаву маҳорати касбиаш ҳаст.
- Суруд барои он сароида мешавад, ки шунаванда аз ҳам истироҳат кунаду ҳам ибрат омӯзад. Барои ҳамин ҳам мо ғазалҳои пурмазмуну оҳангҳои хубро интихоб намуда, ба мардум пешкаш мекунем, - мегӯяд Аҳад.
Ба гуфтаи ҳунармандон шашмақом чун акси садои дили ҳазорон фарҳангиёни тоҷик дар самои Тоҷикистони азиз аз нав ба хуруш омад ва бо ҳамин сайри нави таърихӣ ин шоҳасари мусиқӣ дар сарзамини мо то абад танинандоз хоҳад гардид.
МУҲАББАТ