ТАБЪИ МАН ҲАР ЧИ БИСОЗАД БАР САРИ ХОНИ СУХАН
Дар бораи шоири лирик ва ғазалсарои бузурги адабиёти асри XIV-и форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ пажӯҳишгарони ватанию хориҷӣ асарҳои намоён таълиф намуда, мақому мартабаи ин эҷодкори борикбин ва нуқтасанҷро дар арсаи илму адаб муайян кардаанд. Бо вуҷуди ин, ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам ғановати осори ин адиби мумтоз ва ватандӯсту меҳанпарвар ба таври фарогир омӯхта нашудааст.
Камоли Хуҷандӣ вақте аз қалби пуршӯру пуртуғёни худ дурдонаҳои шеъри форсиро берун оварда, ба ҳаводорону ихлосмандони адабиёти нафиса ва каломи мавзун эҳдо мекард, забони форсӣ ба пояҳои баланди равнақу ривоҷ ва тараққиёти худ расида буд. Сардафтари адабиёти форсу тоҷик, устоди каломи бадеъ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар забони форсӣ дурри сухан суфта, назми форсиро оламгир сохта, ба тахти салтанат нишонд.
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аз имкониятҳои васеи забони форсӣ истифода намуда, дар ҳамосанависӣ ва таърихи манзуми халқу шоҳони эронӣ дастовардҳои беназирро ноил гардида буд. Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ достонҳои барҷастаи ишқии романтикӣ ва фалсафӣ офариданд, ки он асарҳо ҷилвагаҳи назаррабои забони форсӣ мебошанд ва дар роҳи ғановат, салосат, нафосат ва балоғати забони форсӣ чакидаҳои эшон басо назаррас буда, ҳар яке аз ин адибон дар адабиёт мавқеи хоси худро сазоворанд.
Хоҷа Камол дар ҳамин гуна давраи тараққиёт, қудрат ва густариши забони форсӣ ба ҷодаи шеъру шоирӣ ва адаб ќадамҳои устувор гузошт. Дар садаи XIV дар байни кулли шоирони давр мавқеъ, мартаба ва мақоми Камол ва Ҳофиз хеле баланд будааст. «Дар саросари ҷаҳон форсидонон ғазалҳои диловези Камоли Хуҷандиро мехонанд ва лаззат мебаранд, - навиштааст академик Муҳаммад Осимӣ. - Ҳар гоҳе, ки сухан аз ғазал меравад, кас беихтиёр ду ғазалсарои беҳамтои нотакрор - Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандиро пеши назар меорад. Онҳо дар ғазалсароӣ доди суханро додаанд ва бо ин қанди форсӣ тутиёни Ҳиндро шакаршикан кардаанд».
Хизмати шоиста ва бузурги Камол дар ҳамин аст, ки ӯ бо осори худ, махсусан ба жанри ғазал ҳусни тоза ва ҷилваҳои рангин ато фармояд, забони форсиро низ ба пояи нави тараққиёт расонад:
Аз парда ҳар кӣ рӯяд, як рӯз дида бошад,
Кас дар назар наёрад, гар нури дида бошад.
Суратнигор донад, к-аз моҳ чарбад он рух,
Бо сурати ту маҳро, гар баркашида бошад.
Аз ҳолати Зулайхо он бӯ барад, ки чун гул,
Пероҳани сабурӣ сад ҷо дарида бошад.
Дуздида ҳусни Юсуф диданду каф буриданд,
З-ин шева дасти дуздон доим бурида бошад.
Дорад маҳи нав инак, хунро ба гирди нохун,
Ангушти ҳасрат аз ту шояд газида бошад…
Ҷолиби диққат аст, ки устодони сухан дар баробари истеъмоли зарбулмасалу мақолҳои халқӣ худашон дар он қолаб афоризмҳои зиёде эҷод кардаанд, ки бо гузашти рӯзгор ба қатори зарбулмасал ва мақолҳои китобатӣ дохил шудаанд. Ягон фикри наҷиберо, ки шоир ё нависанда мегуфт, дигаре сайқал дода, ба қолаби зарбулмасалу мақол мерехт. Ба қавли донишманди тоҷик М. Фозилов, «зарбулмасалу мақолҳо аз жанрҳои адабиёти бадеии халқӣ мебошанд. Ин жанрҳои адабиро асосан шоирон ба қолаби арӯз даровардаанд ва аз ҳамин сабаб дар либоси нав боз хушоҳангу зеботар гаштаанд».
Забони ашъори Камоли Хуҷандӣ аз зарбулмасалу мақол, панду ҳикмат ва афоризмҳои тоҷикиву форсӣ хеле бою рангин аст. Ҳар яке дар таркиби мисраъ ва байти шоир омада, маънии онҳоро амиқтар ва шакли бадеиашонро комилтар гардонидаанд. Зарбулмасали машҳури «шунидан кай бувад монанди дидан»-ро Хоҷа Камол чунин устодона ба риштаи назм кашидааст:
Ту гӯш ниҳодастӣ, мо дида ба дидор,
«Аз дида басе фарқ бувад то ба шунида».
«Ангурро хӯру боғашро напурс» ишора ба он мазмун аст, ки аз чизе қонеъ гаштӣ ва мақсадат ба даст омад, дар бораи сабабу манбаи он пурсидан шарт нест. Камол ин зарбулмасалро дар пероҳани сухан чунин перостааст:
Ба бӯса себи зақан гуфтамаш, зи гулшани кист?
Камол гуфт, ки «Ангур хӯр, мапурс аз боғ!».
Зарбулмасали «Булбул аз хушовозии худ гирифтори қафас аст», яъне ин мазмунро, ки ҳунармандон боиси рашку бадхоҳии беҳунарон ва гирифтори мусибатҳои онҳо мебошанд, чунин ба назм даровардааст:
Камол аз лутфи табъ омад асири ишқи моҳрӯе,
Чу «булбул, к-аз хушовозӣ гирифтори қафас бошад».
Шоир, Камол зарбулмасали «дар балобуда, азоб кашидан, беҳ аст аз он, ки дар хориҷ надида сӯхтан»-ро ба таври зер мавриди корбурд қарор додааст:
Ваъдаи нозам кардӣ, ин ҳама таъхир чист?
Он нахондӣ «дар бало беҳтар, ки дар бими бало».
Зарбулмасали «Девор муш дорад, муш гӯш дорад» чунин бори маънӣ бардоштааст, ки дар гуфтани роз эҳтиёт бояд кард, ки мабодо касе онро нашунавад. Корбасти Хоҷа Камол:
«Девор гӯш дорад»-у ағёр низ чашм,
Мо чун кунем бо ту зи беруни дар?
«Душманро бо шакар куштаанд», ки маънии “зарари душманро бо некуиву нармӣ дафъ кардан беҳтар аст”-ро дорад, ин гуна аз тарафи шоир ба назм дароварда шудааст:
«Ба шакар гуфтаанд, душман куш»,
Дӯстонро лабат чаро кушт?
Масали «Мастиро ростӣ», ки ҳаммаънои маст, ҳарчӣ дар дил дорад, онро мегӯяд, аст, аз ҷониби устоди сухан чунин зебову дилрабо нигошта шуда:
Гарчӣ чашмаш гӯядам ҷӯям дилат, лекин кӣ ёфт?
«Қавли масте рост», аҳди номусулмоне дуруст.
Зарбулмасали «марги баанбӯҳ ҷашн аст» чунин маънӣ дорад: марг бо одамон дар кори хайр хурсандӣ аст, марг дар роҳи манфиати мардум дилхушӣ ҳаст. Ин маъниро Хоҷа Камол зебову устодона ба қалам додааст:
Масал аст ин ки «бувад мурдани бо ёрон ид»,
Кушт ғам Вомиқу Маҷнун, ту бикуш низ маро.
Зарбулмасали халқии «Дар хона ду нафар бону бошад, ҳавлӣ норӯфта мемонад»-ро шоир моҳирона дар пероҳани назм пероставу ороста тасвир намудааст:
Дил зи зулфу холи хубон тираву ошуфта аст,
«Хонаро чун дуст бону, лоҷарам норӯфтааст».
Адабиётшинос Атахон Сайфуллоев нигоштааст: “Соҳибдевон будани шоир, на танҳо аломати сермаҳсулии ӯ, балки нишони бузургӣ ва нуфузу эътибори вай дар байни шуаро низ маҳсуб мешуд…
Хушбахтона, Хоҷа Камол дар таърихи адабиёти форсу тоҷик аз ҷумлаи он симоҳои дурахшонест, ки на танҳо соҳибдевон аст, балки мактаби адабӣ низ ба вуҷуд овардааст”.
Хулоса, Камоли Хуҷандӣ шоире буд, дар осмони илму адаби қарни XIV чун наҷми пурҷило тобишу дурахши махсусе дошт. Ташнагони ашъори ноби адиб имрӯзҳо дар кишвари соҳибистиқлоламон аз он қаноатмандӣ мекунанд, ки Камол дар радифи сухансарои машҳури адабиёти форсу тоҷик, ҳамасри худ Ҳофиз дар як поя қарор дорад.
Табъи ман ҳарчӣ бисозад бар сари хони сухан,
Қисмати туст агар нек в-агар бад созам.
Банда дар ҳар ғазале кард адо қавли Камол,
То ба тасниф туро муътақиди худ созам.
Ҳотам ҲОҶӢ, омӯзгор