ЁДЕ АЗ УСТОДИ СУХАН
Манзур аз ин гуфтаҳо ба ёд овардани марде, ки бо пайкари покаш, бо ҳазлу хушгӯиҳояш, бо хоксорию нексириштиаш, бо қалами ҳақиқатнавису бадеияти баландаш, ки як олами маъниро бо худ зери хок бурд, қисса кардан аст. Инак, аҷали ноҳадшинос боз даст ба гиребони аҳли илму адаб зад ва аз байни мо - рӯзноманигори варзида, донишманди касби хеш Ҳусейн Маликовро рабуд.
Субҳи барвақт камина вориди дафтари корӣ гаштам. Ногоҳ аз пасам Ҳусейн Маликов ворид шуда, чун ҳамешагӣ бо ҳазлу шӯхӣ аз ҳолам пурсон шуд. Ҳарчанд ӯ дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ифои вазифа мекард, вале барои дидорбинӣ ҳар субҳ ба идораи маҷалла меомад. Одати хубе ҳам дошт, то табъи ҳамагонро бо ҳазлу шӯхӣ болида нагардонад, ба фаъолият шурӯъ намекард. Ҳамон субҳ дар чашмонаш яъсу ноумедиро дидам, ки тӯли фаъолияти чандинсолаи кориам боре надида будам. Вале боз ҳам кӯшиш мекард, хуш мегуфту табассум мекард. Он субҳ ҳаво сард буд, ки дастонаш меларзид. Сухан мегуфту ҳама гузаштаро ба ёд меовард. Пайхас ҳам накардам, ки ин охирин сухан ва суҳбатҳост. Худи ҳамон рӯз, ки худ нороҳат буду ҳаво хело сард боз ҳам аз пайи эҷод ва назди қаҳрамони матлаби навбатиаш мешитофт. Зимни рафтан бо нигоҳи пурмеҳр хайрухуш карду боре чанд ба ақиб нигарист ва такрор ба такрор дар паноҳи Худо бошед, гуфтанҳояш сухани охирини ӯ буд.
Ҳусейн Маликов дар ҳаёти пурбаракати хеш фарзандони солеҳу содиқ, шогирдони номдор ва боз, қиматтар аз ҳама, китобхонаи шахсӣ, очерку лавҳаҳо ва маводҳои ҷолибро ба ёдгор монда. Фақат дар зиндагӣ кору рафтори наку бояд кард, то ки аз кас боғе монад, ки меваҳояш зеби хону шаҳди ком бошанд.
Ӯ ҳамеша дар талоши он буд, ки дар боғи эҷодаш дарахте бо номи ҳақиқат парварад ва шохаҳои он меваҳое ба бор орад, ки онро ном ростӣ, адолатпарварӣ, меҳандӯстӣ ва ҳақиқатнигорӣ бошад. Ин тавр ҳам шуд. Имрӯз шогирдони Ҳусейн Маликов на танҳо дар матбуот ва ВАО-и вилоят, балки дар ҷумҳурӣ баҳри рушду нумуи соҳаи матбуот ва телевизиону радио фаъолият доранд.
Ҳусейн Маликов шахси заҳматдӯсту хоксоре буд, ки рафтору гуфтораш миёни пиру ҷавон ҳамчун узви як оила буд. Аз рӯи эҳтиром ба хома ва дониши баланди ӯ рӯзе ӯро устод ном бурдам. Аз ин гуфторам чандон хушаш наомад ва хоҳиш кард то дигар ӯро устод ном набарам. - Ман кистам ки ту маро «устод» ном мебарӣ? Устод он нафареро бояд гуфт, ки на танҳо фарзандон ва шогирдонро тарбия кард, балки шахсе, ки ҷомеаро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад амсоли Рӯдакиву Сино, Хайёму Фирдавсӣ, ки то абад дар дилу дидаҳо бо ашъори зиндаёдашон боқӣ мондаанд, арзандаи ин сухананд,- гуфт Ҳусейн Маликов.
…Ҳусейн Маликов баъди хатми Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ)-и шаҳри Душанбе соли 1976 фаъолияти кориашро дар мактаби таҳсилоти умумии №4-и ноҳияи Вахш оғоз намуд. Ҳамзамон бо рӯзномаи ноҳиявии «Вахш» ҳамкорӣ мекард. Соли 1973 пурра ба кори ҳамин рӯзнома гузашт. Соли 1973 баробари таъсисёбии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (ҳозира «Хатлон») фаъолияти журналистиашро дар ин рӯзнома идома дод.
Соли 1993 ба кори телевизиони вилоят даъват шуд. Дар он давраҳои ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ Ҳ. Маликов бо хомаи созандаи хеш мардумро ба сулҳу дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ даъват мекард. Дар ин ҷо солҳои зиёд аз вазифаи муҳаррир то сармуҳаррири телевизион адои вазифа намуд. Меҳри беандоза ба соҳаи матбуот буд, ки солҳои охири ҳаётро дар идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» баҳри эҷоду инъикоси маводҳои мубрами ҷомеа паси сар намуд. Ҳусейн Маликов муаллифи китобҳои «Ду зинаи умр», «Тақдири инсон» ва якчанд маҷмӯаи очеркҳост. Дар ин росто ба ҷавонони навқалам маслиҳату тавсияҳо медод.
Акаи Ҳусейн ҳамеша аз рӯзгораш изҳори хушнудӣ мекард, ки чунин зани босабру таҳаммул, қавиирода ва нексиришт ӯро дар ҳаёт ҳамроҳу ҳамроз аст. Онҳо дар зиндагии хеш 5 духтарро ба камол расонданд, ки эшон низ баҳри ободии хонадон, рушди меҳан саҳми назаррас гузошта, ғамхору меҳрубонанд.
Ҳусейн Маликов бисёр инсони хоксору фурӯтан буд, пайваста баҳри иҷро намудани хоҳише омода буд, хатто дар роҳ дасти кумаки хешро аз шогирдон дареғ намедошт. Бо бисёр расонаҳо ҳамкорӣ намуда, миёна аҳли қалам соҳибэҳтирому соҳибном буд.
Яке аз рӯзноманигорони варзидаи соҳаи матбуот Давлат Султонов зимни навиштани матлабам дарди қалби хешро тавонист бо чанд мисраъ шеъре ифшо созад, ки дар он омадааст:
Аё ҳампешаи бар ҷон баробар,
Туро дигар намебинам ба дафтар.
Ба даргоҳи сухан ҷойи ту холист,
Аламҳои туро нолам саросар.
Ба ним асри шиносоӣ азизо,
На бад кардӣ, на бад гуфтӣ ягон бор.
Малак будӣ ту бешак эй Ҳусейнҷон,
Ки кас аз ту надида ҳеҷ озор.
Ба ними нони поки журналистӣ,
Қаноат кардию заҳмат кашидӣ,
Дилат саршори меҳри Меҳанат буд,
Муҳаббатҳош дар дил парваридӣ.
Танат дар хок рӯҳат ҷониби Ҳақ,
Само рӯҳи туро бигрифта дар бар.
Хабар аз хоби рӯҳонӣ гирифтам,
Ту меҳмони Худоӣ эй бародар.
Худо ҳам дӯст медорад касеро,
Ки ӯ аз некандеш одамон аст.
Ба даргоҳи азизаш мепазирад,
Агар мисли Ҳусейнҷон ҷони ҷон аст.
Соле қабл дар Рӯзи матбуоти тоҷик ӯ байни мо буд, идро якҷоя бо тантана ҷашн гирифтем. Инак, дар ин рӯзи муборак аз Яздони пок ободии манзили охираташро талаб карда, рӯҳат шод бод мегӯем.