Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИНДАГӢ ДАР ОЛАМИ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз шоирон ва мутафаккирони барҷастаи тоҷику форс ба ҳисоб меравад, ки бо ашъори безаволи хеш дар радифи пурмаҳсултарин нобиғаҳои илму адаби ҷаҳон қарор дорад. Китоби «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо садҳо забони дунё тарҷума гардида, аз лиҳози теъдоди нашр дар радифи серхонандатарин асарҳои ҷаҳонӣ ва беҳтарин ганҷинаҳои маънавӣ арзёбӣ мегардад.
Баъди баргузории ҷашнвораи 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе, ки ин ҳамоиши бузург олимону мутафаккирон ва толибони ашъори Мавлоноро аз саросари ҷаҳон ба ҳам оварда буд, масъалаи мавлоношиносӣ аз нав мавриди таваҷҷуҳи адабиётшиносони тоҷик қарор гирифт. Дар ин росто, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» равзанаи муҳиме дар шинохти шахсият ва бозтоби ҳаёту эҷодиёти ин мутафаккири беназири Шарқ мебошад.
Ташкилоти ҷамъиятии Маҳфили илмӣ-оммавии «Бонги най»-и назди Муассисаи таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар аз соли 2020 инҷониб фаъолият дошта, даҳҳо дӯстдорони «Маснавии маънавӣ»-ро ба ҳам овардааст. Роҳбарии маҳфили «Бонги най»-ро як тан аз шефтагони ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, собиқадори соҳаи маориф Сайҳомиддин Назруллоев ба уҳда дорад.
-«Маҳфили илмӣ-оммавии “Бонги най” ҳамчунин дар назди МТМУ №9-и Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара фаъолият дошта, тайи солҳои охир онро дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Данғара ва Ҷалолиддини Балхӣ низ бо иштироки мухлисони ашъори Мавлоно ташкилу баргузор намудаем. Аъзои маҳфил, ки аксаран толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, дар баробари қироати порчаҳо аз “Маснавии маънавӣ” ва ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ҳамзамон оид ба вижагиҳои эҷодиёти ин нобиғаи оламафрӯз, хусусиятҳои панду ахлоқӣ ва нақши “Маснавии маънавӣ” дар тарбияи худшиносиву худогоҳии инсоният суҳбат менамоянд, – мегӯяд Сайҳомиддин Назруллоев.
Ҷозибаи ашъори пурҳикмати ин суханвари беназир миллионҳо нафар толибони каломи бадеъро дар саросари олам тасхир намудааст. Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд, ки: “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва бешаку тардид, эҷодиёти ин орифи маъруфу андешаманди башардӯст на танҳо ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи инсонро ба зиндагӣ дигар менамояд, балки маъниҳои ангезабахши шоҳгуфтаҳои ӯ дар ташаккули худшиносӣ, шинохти Офаридгор ва такмили донишу тақвияти афкору хаёлоти хонанда нақши муассир мегузорад.
Зиндагӣ дар олами ашъори ноби Мавлоно, яъне саршору сармасти сухани баланд будану дар банди андешаҳои бузурги худсозиву худшиносӣ ба сар бурдан, фазилату ҳикматҳое дорад, ки дар баёнаш вожаи мувофиқ ёфтан мушкил аст. Мутолиаи “Маснавии маънавӣ”, яъне баҳрамандӣ аз маъниҳои бикр ва шарҳу тавзеҳи оятҳои “Қуръони карим” ва дарёфти маъниҳои роҳнамо аз ҳадисҳои набавӣ мебошад. Чуноне ки дар ин маврид Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Ба андешаи роҳбари Маҳфили илмӣ-оммавии «Бонги най», танҳо дар мавриди нақши бузурги «Маснавии маънавӣ» дар тарбияву ташаккули афкори инсон ва қиёси ин шоҳасар ба китобҳои муқаддас ҳафт нафар бузургони илму адаби Шарқ шеъру ғазалҳои мондагор навиштаанд, ки ин аз махзани илму ҳикмат арзёбӣ гардидани ин шоҳасари беназир дарак медиҳад.
-Аз баракати меҳру муҳаббат ба “Маснавии маънавӣ” ва донишандӯзиҳо дар масири шинохти Мавлоно ба кишварҳои Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва Туркияву дигар мамолики олам сафар карда, аз мавлоношиносони ҷаҳон суханони тоза ва асарҳои ҷолиберо дар ин мавзуъ ҷамъ меоварам, ки имрӯзҳо онро аъзои Маҳфили “Бонги най” мавриди омӯзиш қарор додаанд, – иброз дошт зимни суҳбат Сайҳомиддин Назруллоев.
Дар маҳфилҳои «Бонги най» толибони сухани баланд ҷанбаҳои иҷтимоиву ахлоқии эҷодиёти Ҷалолиддини Балхиро меомӯзанд. Таълимоти шоиру орифи бузург на танҳо ба рушди зеҳнӣ ва тарбияи маънавии башар дар руҳияи худшиносиву ахлоқи ҳамида, балки ба огоҳӣ аз асрори олам ва шинохти ҳақ мусоидат менамояд. Ҳазрати Мавлоно ба василаи шарҳу тавзеҳи оятҳои Қуръони шариф ва ҳадисҳои саҳеҳ парда аз рӯйи розҳои ду олам ва Офаридгори онҳо бардоштааст. Ба гуфти Сайҳомиддин Назруллоев, оташи ишқу муҳаббат ва дилбастагӣ ба пири хирад ва эъҷози «Маснавии маънавӣ» аз ҳикматҳои пурасрори розу ниёзи ӯ ба Офаридгор маншаъ мегирад.
Ончуноне ки Шамси Табрезӣ, он шайхи дарвешнамо, Мавлоно Ҷалолиддин – саҷҷоданишини бовиқорро аз минбарҳои сухан бо хоксориву тақвои бузург ҷазб намуд, ҳамакнун низ, садсолаҳо боз ва дар асрҳои минбаъд ҳам, Мавлонои бузург бо эҷодиёти оламафрӯзаш толибони каломи бадеъро аз олами ноогоҳӣ бедор намуда, дар масири худогоҳиву хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. Тавре ки дар ин маврид шоири ҳиндустонӣ Муҳаммадафзали Сархуш (Гиромӣ) овардааст:
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Мурдаи садсоларо бахшад навӣ.
Он қадар донам, ки он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.
Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ 12:37ЗИНДАГӢ ДАР ОЛАМИ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” 12:32ДАР ҶОДАИ ДИЛ ПО НЕҲ 12:29Дар пайравии Мавлоно 12:25ШАҲДИ МЕҲНАТИ БАҲОР 12:20МЕРОСЕ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА 12:15МАҚОМИ ЗАН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ 12:09ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 12:05
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



