Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР ҶОДАИ ДИЛ ПО НЕҲ
Бар маҳфили мо боз о, то пухта шавӣ, эй хом,
Коми ту раво гардад, эй дилшуда, эй ноком,
Дар ҷодаи дил по неҳ, бар шонаи дунё неҳ,
Ботил бигузор, охир, мастона ба Ҳақ бихром.
Аз бадгуҳарон дурам, ман ҳамсафари нурам,
Некигаравӣ охир, бинмуд маро бадном,
Бо дидаи дил бингар, рӯйи ду ҷаҳон бинӣ,
Писханд занӣ он гаҳ, бар оинаву бар ҷом.
Бар тоири андеша, ман сӯзи дил омӯхтам,
Шаҳбози хирад охир, афтод маро бар дом.
Домони замин танг аст, андеша фурў бигзор,
Дар пайраҳи шед инак, безаҳра гузорам гом.
Бигзар зи буду нобуд, мерав ба раҳи мақсуд,
Ҳеҷ аст туро ин нанг, нанг аст маро ин ном.
Эй Шамси ҳақиқатҷӯ, аз ботили ман бигзар,
Бар равзаи дил бингар, то дил бишавад ором.
Як панҷа дуое деҳ, бечора Билолиро,
То пой ниҳад берун, аз гардиши ин айём.
Усмон Билолӣ,
дар пайравии Мавлоно
Добавить комментарий
Ахбор
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ 12:37ЗИНДАГӢ ДАР ОЛАМИ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” 12:32ДАР ҶОДАИ ДИЛ ПО НЕҲ 12:29Дар пайравии Мавлоно 12:25ШАҲДИ МЕҲНАТИ БАҲОР 12:20МЕРОСЕ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА 12:15МАҚОМИ ЗАН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ 12:09ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 12:05
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



