Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МЕРОСЕ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА
“Мо бояд аслу насаби худро бишиносем, таърихи сарзамини аҷдоди гузаштаи худро таҳқиқ намоем, бурду бохти онҳоро омӯзем, аз шикасту пирӯзиҳои онҳо сабақҳо андӯзем, зеро таърих ҳокими одил ва роҳбалади корозмуда буда, моро аз гузаштаҳои дур ба сӯйи асрҳои оянда ҳидоят менамояд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Барои мардуми шарифи Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари он Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаеро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул намуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ 25 июни соли 2026 ба вуқуъ пайваста, бозгӯи сиёсати сулҳҷӯёна ва сулҳпарваронаи давлати тоҷикон мебошад.
Пазируфта шудани пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҷаҳонӣ, шарикони рушд ва кишварҳои дӯсту бародар мояи сарфарозию ифтихори миллати тоҷик, кулли тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон мебошад. Хусусан имрӯз, ки ҷаҳонро низоъҳо ва ҷангҳои харобиовар фаро гирифтаанду инсоният ба сулҳу субот беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад, аҳамияти ин ташаббус боз ҳам бештар мегардад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» таъкид намуданд: “Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.
Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд”.
Мутахассисону кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон аз ин ташаббуси сулҳпарварона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол менамоянд.
Агар ба таърихи миллати тоҷик назар афканем, мебинем, ки тоҷикон таърихан миллати соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг, сулҳпарвар ва адолатҷӯ буда, ҳеҷ гоҳ ба сари миллате теғ накашидаанду ба забту ғорат машғул нашудаанд. Вале ҳар гоҳ ба истиқлол, озодӣ ва шарафи онҳо таҳдид эҷод шудааст, бар зидди таҷовузкорон муборизаи оштинопазир бурдаанд.
Корномаҳои фарзандони фарзонаи миллат – Куруши Кабир, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Доро, Шерак, Восеъ ва садҳо қаҳрамонони дигар, инчунин ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳазорон ҳомиёни Ватан дар ҳифзи марзу буми кишвар ҷовидонаанд. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири сулҳпарвар Мирзо Турсунзода дар васфи сулҳ чунин фармудааст:
Сулҳ бо имзои моҳо, мардумони фатҳёб,
Менамояд нақшаҳои ҷангҷӯёнро хароб.
Ва ҳамчунин:
Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар ин замина пеш аз ҳама ба наврасону ҷавонон, ки созандагони фардои миллат мебошанд, бояд моҳият ва арзиши сулҳро фаҳмонем. Онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоем.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои тамоми инсоният аст». Ҳамчунин Пешвои миллат таъкид кардаанд: “Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд”.
Дар баробари ин бояд аз фоҷиаҳои таърих барои худ сабақи ибратомӯз гирем. Солҳои 90-уми асри гузашта душманони миллати тоҷик тавонистанд моро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашанд. Ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 150 ҳазор ҳамватани моро қурбон намуда, ҳазорҳо кӯдакро ятим гузошт ва ба иқтисодиёти мамлакат миллиардҳо доллар зарар расонд.
Мо он рӯзҳои мудҳишро паси сар кардем ва аз он фоҷиаҳо сабақ гирифтем. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад.
Бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари сулҳу созиш ба рӯйи миллат боз гардид. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлати мустақил эътироф шуд, балки бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро густариш дод. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳу субот барои наслҳои оянда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дастгирии васеъ пайдо намуданд. Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ин воқеиятро чунин васф кардааст:
Ваҳдати мо дил ба рӯи якдигар во кардан аст,
Чеҳраҳои офтобиро ба дил ҷо кардан аст.
Аз нигоҳи Садри Олии Ватан бо ҳамдилӣ,
Тоҷиконро садршини тахти дунё кардан аст.
Тоҷикони рӯи дунё зодагони ваҳдатанд,
Ҷон ба ҷон бинҳода бо ҳам, ҷон ба ҷони ваҳдатанд.
Хушбахтона, ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, сиёсатмадорон, олимон ва давлатҳои ҷаҳон бо самимият пазируфта шуд.
Тавре академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз намудааст, ин ташаббус саҳифаи тозае дар таърихи дипломатияи сулҳ, фарҳанги муколама ва масъулияти байнинаслӣ буда, аз доираи як пешниҳоди сиёсӣ фаротар рафта, дорои мазмуни амиқи инсоншиносӣ, давлатшиносӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва фалсафӣ мебошад.
Аз ин нигоҳ, бузургии Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки роҳи наҷоти ҷомеаро дар сулҳ, муколама, хирад, бахшиш ва ваҳдати миллӣ мебинанд. Воқеан, ҷанг танҳо садои тир нест. Ҷанг шикасти дили модар, ларзиши дасти падар, хомӯш шудани хандаи кӯдак, холӣ мондани мактаб, сард гардидани танӯри хонадон ва захмӣ шудани руҳи ҷомеа аст. Фардое, ки бар пояи сулҳ, ваҳдат, адолат ва муҳаббат ба инсон бунёд мешавад, беҳтарин мерос барои наслҳои оянда хоҳад буд.
Ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат василаи муҳими расидан ба сулҳи пойдор мебошанд. Баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа муҳимтарин роҳи пешгирии ҷаҳолату хурофот, таҳкими амнияту субот ва таъмин намудани пешрафти давлат аст. Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» моро водор месозад, ки ба оянда бо масъулияти бештар назар афканем. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем. Танҳо дар ҳамин сурат метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу субот, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад.
Саъдуллозода Исматулло Наим,
сардори РСМС ва НС-и вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ 12:37ЗИНДАГӢ ДАР ОЛАМИ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” 12:32ДАР ҶОДАИ ДИЛ ПО НЕҲ 12:29Дар пайравии Мавлоно 12:25ШАҲДИ МЕҲНАТИ БАҲОР 12:20МЕРОСЕ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА 12:15МАҚОМИ ЗАН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ 12:09ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 12:05
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



