Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МАҚОМИ ЗАН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Мусоҳибаи вижа бо Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатмадор, доктори илмҳои фалсафа, профессор
– Нахуст хуб мешуд оид ба моҳияти таърихӣ ва нақши истиқлолият дар рушди давлатдории миллӣ ибрози андеша мекардед.
– Истиқлоли давлатӣ имкони таърихӣ баҳри ташаккули давлатдории миллии мо буда, масъулияти бузурги ҳифзи онро мо ба дӯш дорем. Ҳар як рӯзи соҳибистиқлолӣ, ки мо имсол аз 35-умин солгарди он истиқбол менамоем, арсаи таърихсозист. Истиқлолият ҳамчун раванди таърихию иҷтимоӣ ва сиёсӣ хусусияти давомдор дошта, ҳар як марҳилаи он вобаста ба вижагиҳои худ фарқкунанда мебошад. Соҳибистиқлол гаштан ин марҳилаи аввали расидан ба мақсади худсозӣ мебошад, ки тавассути ҳамгироии зичи ҷомеа, талошҳои созанда ва руҳияи истиқлолхоҳӣ ба даст омада, тақозо менамояд, ки он ҳамчун арзиши тағйирпазир ва рушдёбанда доимо ҳифз карда шавад. Тағйирпазирии ин раванд аз омилҳои гуногуни дохилӣ ва берунӣ, объективӣ ва субъективӣ вобаста буда, сафинаи дар баҳр қарор доштаро мемонад, ки фақат идоракунии дуруст метавонад онро аз фалокат наҷот диҳад.
Таҳлили раванди соҳибистиқлолии давлати мо низ бозгӯи ҳақиқати болозикри назариявист, ки воқеияти имрӯза онро бо тамоми ҷузъиёташ собит намуда истодааст. Таҷрибаи иҷтимоию сиёсӣ нишон медиҳад, ки истиқлолияти сиёсӣ заминагузори асосӣ барои расидан ба истиқлолияти комили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, раванди пуртазод ва мушкил мебошад. Ба он табдили муносибатҳои иҷтимоӣ, ислоҳоти низом ва сохтор, ташаккули ниҳодҳои комилан нави ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ, мавқеъгирии дуруст дар муносибатҳои беруна ва тақвияти қобилияти худмуҳофизатӣ дар самтҳои гуногун хос мебошад.
Шаҳди истиқлолият миллатҳоро ба корзори шадидтарин бархӯрдҳо кашидааст, бо вазнинтарин шикастҳо рӯ ба рӯ сохтааст. Вале ин ҳама дар назди истиқлолияти комил рӯйдоде беш нест, зеро он ба миллатҳо имконияти мустақилона муаррифӣ намудани худ, тақдирсози зиндагии худ шудан ва соҳибватаниро фароҳам меоварад. Аз ин рӯ, месазад, ки баҳри таҳкими он талош варзида, дар ҳассостарин лаҳзаҳо аз он бо арзиши ҷони худ дифоъ намоем.
– Дар радифи дастовардҳои бузург дар тамоми самтҳои давлатдорӣ ва рушду пешрафтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, хусусан ҳузури занон дар фаъолияти сиёсӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда аз муҳимтарин тадбирҳоест, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари арҷгузор ба арзишҳои инсонӣ – баробарии гендерӣ ва ҷойгоҳи шоистаи зан-модар дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Самараи татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаву стратегияҳои миллиро дар ин самт чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Таҳлилу омӯзиши сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он хусусияти бисёрҷанба дошта, баробарҳуқуқии занону мардон қариб дар ҳама соҳаҳо ба инобат гирифта шудааст. Конститутсия дар навбати худ ҳамчун кафили асосии ин баробарҳуқуқӣ арзёбӣ гардида, дар моддаи 17 баробарҳуқуқии мардону занон ҳамчун меъёри конститутсионӣ муқаррар карда шудааст. Масъалаи мазкур дар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ низ устувор гардонида шудааст. Дар ин раванд фармони таърихии Президенти мамлакат аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аҳамияти хоси сиёсӣ дорад. Он такони ҷиддӣ дар роҳи фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа гардид.
Дастгирии ташаббусҳои созандаи занон дар меҳвари сиёсати давлат қарор гирифта, ин нукта доимо дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад.
Самаранокии татбиқи сиёсати гендерӣ аз мавҷудияти иродаи сиёсӣ ва механизмҳои дақиқи интихобшуда дар ин роҳ вобастагии бевосита дорад. Василаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ниҳодӣ, ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият ба сифати механизмҳои муҳими амалинамоии тадбирҳо дар самти густариши мавқеи занон дар ҷомеа баромад мекунанд. Ҳар кадоми онҳо дар ин самт аҳамияти хоси худро дошта, имкон медиҳанд, ки ҳадафҳои сиёсати гендерӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда шаванд. Ба инобат бояд гирифт, ки таъмини баробарии гендерӣ ҳамчун унсури муҳими таъсиррасон ба рушди сармояи инсонӣ хизмат мекунад. Бо назардошти аҳамияти ин нукта, силсилаи тадбирҳои амалинамудаи Сарвари давлат дар масъалаи таҳсилу илмомӯзии занону духтарон моҳияти махсуси маърифатӣ дошта, имкон медиҳад, ки ин қишри фаъоли ҷомеа маҳорату дониш ва малакаҳои худро такмил дода, онҳоро баҳри таъмини пешрафт дар ҳама соҳаҳо истифода барад.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра дар кишвар зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст, ки масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои занонро танзим менамоянд. Татбиқи самараноки онҳо имкони воқеиро баҳри болоравии сатҳи намояндагии занон дар сохторҳои гуногун фароҳам овардааст.
– Тули солҳои фаъолияти шумо ба ҳайси раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан мансаби муовини раиси вилояти Хатлонро бар зимма доштанатон, масоили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, дастгирии соҳибкории занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва такмили сиёсати давлатӣ дар самти рушду ҳифзи оила ва занон ҳамеша дар сархати ВАО қарор дошт. Ба андешаи шумо, то куҷо ҳадафҳои пешгирифта дар сатҳи лозима амалӣ гардидаанд?
– Ман роҳбарии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз моҳи ноябри соли 2013 то январи соли 2015 ба уҳда доштам. Дар ин давра дар самти тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа низ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Аз он ҷумла, «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023» ва Нақшаи амали он таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 таҳти №229 тасдиқ гардид. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасвиби Протоколи иловагии Конвенсия оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон аз 6 октябри соли 1999 таҳия гардида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2014, №1485 тасдиқ гардид.
Нақшаи амали миллӣ вобаста ба иҷрои Конвенсия оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон таҳия гардида, 23 июли соли 2014 аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон тасдиқ гардид.
Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба иҷрои Қатъномаҳои №1325 ва №2122 Шурои амнияти СММ таҳия ва тасдиқ гардид, ки таҷрибаи нахустин дар ин самт буд. Ҳамчунин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015, №548 «Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 –2020» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории занон барои солҳои 2016 – 2020» барои давраи нав қабул гардид. Илова бар ин, ҳамзамон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад низ бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолӣ мавриди қабул қарор гирифт.
Дар самти густариши корҳои маърифатӣ ҳам фаъолиятҳои гуногун амалӣ шуданд. Аввалин маротиба шуруъ аз соли 2014 ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби илмомӯзии занон, баррасии нақши занон дар рушду такомули илм, саҳми густурдаи онҳо дар тараққиёти илму маорифи кишвар, муаррифии ҳаёт ва фаъолияти олимони шинохтаи тоҷик, дастовардҳову комёбиҳои занон дар ҷодаи пажӯҳиши илмӣ, мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Саҳми занон дар рушди илм» ташкил ва баргузор гардида, то имрӯз ҳамчун платформаи фаъол баҳри занони олима амалӣ шуда истодааст.
– Дар солҳои роҳбарии соҳаҳои маънавиёт, иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва масъалаҳои марбут ба занон ва оилаи вилояти Хатлонро ба уҳда доштанатон, дар Конфронси «Саҳми занон дар рушди илми муосир» шумо масъалаҳои умдаи самти рушди илм ва ширкати бонувонро баррасӣ намуда будед. Мегуфтед, ки тайи беш аз панҷ сол бонувони вилоят дар ин ҷода ба чӣ муваффақияту дастовардҳо ноил гардиданд?
– Ташкилу баргузории конфронси нахустини «Саҳми занон дар рушди илм» дар вилояти Хатлон аз моҳи феврали соли 2016 оғоз гардид ва он ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм – 11 феврал бахшида шуда буд. Ёд дорам, ки баргузории ин конфронс баъди ҳамагӣ 15 рӯзи таъйин шудани ман ба мансаби муовини раиси вилояти Хатлон сурат гирифт.
Он дар муҳити нисбатан маҳдуд бо ширкати занони олима ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар баргузор шуда буд. Таҳлилҳо дар ҳамон давра нишон дода буданд, ки дар шаш муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилоят ҳамагӣ ду нафар доктори илм аз ҳисоби занон фаъолият доштанд. Ин ҳолат барои ман воқеан ҳам мояи ташвиш буд. Баъди ин ба тарғиби васеи машғул шудан ба фаъолияти илмӣ шуруъ намудем. Солҳои минбаъда ин конфронс дар доираи васеъ, бо ҷалби занон аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди вилоят баргузор гардида, маводи он низ ба нашр расид. Ин тадбирҳо омили ҳавасмандӣ ва фароҳам гардидани майдони хуби баҳсҳои илмӣ барои занону бонувони фаъол дар ин муассисаҳо гардида, теъдоди занони дорои унвони илмӣ дар солҳои минбаъда якбора афзоиш ёфт. Албатта, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин раванд таъсири бевоситаи худро расонид.
Ҳамчунин, дар ин давра бо мақсади таъмини робитаи байни наслҳо ва густариши мавқеи занону духтарон дар ҷомеа, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят маҳфилҳои «Донишҷӯдухтарони фаъол» таъсис дода, курсҳои сарвариро барои онҳо роҳандозӣ намудем, ки ин ҳам як мактаби тарбияи ҷавондухтарон маҳсуб меёфт.
– Шумо аз зумраи фаъолзанони даврони Истиқлоли кишвар мебошед, ки дар се самт – илм, хизмати давлатӣ ва корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолияти пешоҳангӣ доред. Лутфан мегуфтед, ки дар кадоме аз ин самтҳо орзуву ҳадафҳои бештари худро пайгирӣ хоҳед намуд?
– Дарвоқеъ, ин се ҷода аз самтҳои асосии фаъолиятам мебошанд, ки худро дар онҳо дарёфтам. Ин се ҷода аз ҳамдигар ҷудо нестанд, балки яке дигареро комил мегардонад ва ҳамаи инҳо маънии ҳаёти маро ташкил медиҳанд.
– Имрӯз ба сифати узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ин ниҳодро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷомеа, таҳкими фарҳанги интихоботӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор дар самти ташкил ва баргузор намудани интихоботу раъйпурсиҳо мебошад. Маълум аст, ки дар ҷомеаи демократӣ интихобот яке аз василаҳои асосии таъмини қонунмандии ҳокимият маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, рисолати ин ниҳод хеле бузург аст. Фаъолият дар ин ҷода корбарии фаъоли ҳамоҳангро бо дигар мақомоту сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳанги интихоботии шаҳрвандон тақозо менамояд.
Интихоботҳои гузашта нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон фарҳанги хоси интихоботӣ ташаккул ёфтааст, ки асоси онро таҳаммулпазирии сиёсӣ, эҳтироми байниҳамдигарии қувваҳои сиёсӣ ва эътирофи қонуният ташкил медиҳад. Ин равандест, ки фаъолият ва корбарии доимиро тақозо менамояд.
Мусоҳиб Юсуфи Собир
Добавить комментарий
Ахбор
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ 12:37ЗИНДАГӢ ДАР ОЛАМИ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ” 12:32ДАР ҶОДАИ ДИЛ ПО НЕҲ 12:29Дар пайравии Мавлоно 12:25ШАҲДИ МЕҲНАТИ БАҲОР 12:20МЕРОСЕ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА 12:15МАҚОМИ ЗАН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ 12:09ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД 12:05
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



