Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН
Ҳамдиёрони азиз,
Сокинони сарбаланди вилояти Хатлон!
Фарорасии ҷашни куҳанбунёди ниёгонамон ˗ Ҷашни бостонии Тиргонро, ки ҳамчун рамзи покӣ, ободӣ, дӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа ҷойгоҳи хос дорад, барои ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳёи суннатҳои миллӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Эҳёи ҳамаҷонибаи Тиргон на танҳо гиромидошти як суннати куҳан, балки арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги чандҳазорсолаи миллат мебошад.
Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии миллӣ аз нав эҳё гардида, мақоми шоистаи худро дар ҳаёти ҷомеа пайдо намудаанд.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҷашнҳои аҷдодӣ воситаи муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ мебошанд.
Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги миллӣ таъсири гуногун мерасонад, эҳё ва густариши чунин ҷашнҳо барои ҳифзи асолати миллӣ аҳамияти бузург дорад.
Дар ин замина, Тиргон ҳамчун бахши ҷудонашавандаи мероси фарҳангии тоҷикон моро ба қадршиносии об ҳамчун неъмати ҳаёт, эҳтироми табиат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳидоят мекунад.
Тибқи сарчашмаҳои муътамади таърихӣ, ҷашни Тиргон аз қадим бо оғози мавсими боронҳои тобистона ва ситоиши илму маърифат пайванди зич дорад. Ниёгони мо ин ҷашнро дар нимаи аввали тобистон, ҳамчун оғози давраи нави тақсимоти оби деҳқонӣ ва эҳтироми ин неъмати ҳаётатбахш таҷлил мекарданд.
Ин анъана собит месозад, ки тамаддуни кӯҳанбунёди тоҷикон ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл ба низоми пешрафтаи обёриву заминдорӣ ва табиатшиносӣ асос ёфта, ифодагари фарҳанги созандаи миллати мо мебошад.
Барои вилояти Хатлон, ки бузургтарин минтақаи кишоварзии ҷумҳурӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши калидӣ дорад, суннатҳои Тиргон аҳамияти хоси амалӣ доранд.
Заминҳои зархези мо, ки бо обҳои дарёҳои Панҷу Вахш шодоб мегардад, маҳз дар ҳамин айёми авҷи кишту кори такрорӣ ба меҳнати софдилонаи деҳқонони соҳибтаҷриба вобаста аст.
Дар ин замина, фалсафаи Тиргон дар шароити муосир моро вазифадор месозад, ки ба масалаҳои идоракунии оқилонаи захираҳои об, истифодаи самараноки заминҳои обӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Таҷрибаи таърихии мо нишон медиҳад, ки рушди устувори иқтисодӣ ва ҳифзи оромии Ватан, пеш аз ҳама, ба иттиҳоду якпорчагии худи мо вобаста аст. Ободии ин гӯшаи диёр маҳсули саҳми арзанда ва меҳнати софдилонаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Аз ин рӯ, мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тавъамсозии таҷрибаи бойи кишоварзонро бо усулҳои муосири илмӣ ва технологияҳои нав яке аз самтҳои асосии фаъолият медонад. Танҳо бо ворид намудани дастовардҳои илмӣ ба истеҳсолот мо метавонем самаранокии соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати вилоятро ба маротиб баланд бардорем.
Итминони комил дорам, ки таҷлили ин суннати бостонӣ дар фазои суботу амнияти устувори кишвар руҳияи ватандӯстии сокинони вилоятро боз ҳам қавитар гардонида, мардуми сарбаланди Хатлонзамин минбаъд низ бо такя ба ин арзишҳои неки аҷдодӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ибрози ин ниятҳои нек, бори дигар кулли сокинони вилоятро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Тиргон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар як хонадон тандурустӣ, рӯзгори осуда, файзу баракат ва саодати зиндагӣ орзумандам.
Ҷашни бостонии Тиргон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” 26.06.2026 12:15
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



