Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамдиёрони азиз!
Бо арзи эҳтиром сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона шодбошу муборакбод мегӯям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон рӯзи таърихӣ ва тантанаи хиради солим, иродаи қавӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ба бузургтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон табдил ёфта, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи мардум заминаи боэътимод фароҳам овард. Ҳамаи дастовардҳои бузурги миллату давлати мо ба шарофати сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату амният аст.
Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад».
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва масъулиятшинос дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста ва эътирофшуда дорад. Далели возеҳи ин эътироф қабули ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036)» мебошад. Ин қатънома, ки бори аввал аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бозгӯи нақши созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ ва эътимоди ҷомеаи байналмилалӣ ба сиёсати сулҳпарваронаи кишвари мост.
Сокинони заҳматпешаи вилояти Хатлон низ дар фазои сулҳу субот бо меҳнати содиқона ва созанда дар рушди кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва ободонии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз ҳамин заҳмати софдилона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ боис мегардад, ки вилояти Хатлон рӯз ба рӯз ободу пешрафта ва зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардад. Мо вазифадорем, ки ваҳдат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобиларо ҳамчун муқаддастарин арзиши миллӣ ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо расонем.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар як хонадони вилояти Хатлон сулҳу сафо, бахту саодат, рӯзгори обод, ризқи фаровон ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоии боз ҳам бештар орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



