Бойгонӣ
Февраль 2026 (12)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)
Ноябрь 2025 (25)
Октябрь 2025 (20)
Сентябрь 2025 (21)

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ САДА

Сокинони шарафманди вилояти Хатлон,
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори фаро расидани яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёду тамаддунсозамон – Сада, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод, баракати зиндагӣ ва муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям. Бигзор ин ҷашни аҷдодӣ, ки рамзи гармию нур мебошад, омили қавии ваҳдату ҳамдилӣ ва фардои дурахшони халқи соҳибфарҳанги мо гардад.
Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар рушду такомули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми созгор гузоштааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 2009 Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии мо бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт.
Баъдан, дар таърихи 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми ЮНЕСКО Сада ва 4-уми декабри соли 2024 дар 19-умин ҷаласаи ин созмони бонуфуз Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Имрӯз ин се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозиии ҳар фарди ин меҳан аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: “Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус, Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад. Ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст. Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад. Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад”.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқ ба солшумории мелодӣ ба поёни рӯзи 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, ишора ба мондани 50 шабу 50 рӯз то ҷашни дигари миллӣ- Наврӯзи оламафрӯз мекунад.
Ҷашни Сада, ки як замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати худро миёни мардум барқарор намуд.
Ба муносибати ҷашни Сада сокинон ба киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд, аз ҳавлию хонаҳо ашёи фарсудаву партовҳоро берун карда, ба корҳои ободонию тозагӣ вусъат мебахшанд, либоси тоза ба бар мекунанд, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни ороста, онро бо меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, обмева ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ ва нахудӣ оро дода, зимни таҷлили он гулхан мефрӯзанд.
Яке аз унсурҳои дигари иди Сада баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар боғҳои истироҳатӣ ва ташкили намоиш-фурӯши ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо ба шумор меравад, ки ин иқдом ишораю ҳидоят ба оғози маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ мекунад.
Дар ин рӯз, сокинон ба хотири тақвияти дӯстию рафоқат ва таҳкими ҳамзистӣ ба хонаи ҳамсояҳои худ рафта, ба ниёзмандон ба қадри имкон ҳадя мефиристанд. Ин амали эҳсонкорию саховат, ҷавонмардию фурутанӣ ва дастгирии ниёзмандон аз фарҳанги аҷдодону гузаштагони некноми миллати мо сарчашма мегирад.
Ҷашни Сада муждае аз наздик расидани баҳор ва гузаштани сардиҳои зимистон, гиромидошти ойини ниёгон ва бузургдошти Хуршед ҳамчун манбаи нуру гармӣ ба ҳисоб меравад.
Соли 2025 маҳз бо шарофати имкониятҳои фароҳамшуда ва заҳмати садоқатмандони сокинони сарбаланди вилоят дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шуд.
Сафарҳои кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар доираи он ба истифода додани даҳҳо иншооти муҳимми таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, маъмуриву маишӣ, саноативу кишоварзӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ аз ҷумлаи дастовардҳое мебошанд, ки ба некуаҳволии мардум ва боз ҳам боло рафтани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат намуд.
Кишоварзони вилоят соли гузашта тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар намуда, дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расониданд.
Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 45,2 миллиард сомониро ташкил дод, ба 109,7% - нақшаи гузошташуда баробар гардид, ки ин нишондод, дар муқоиса ба соли гузашта 3,9 миллиард сомонӣ зиёд аст. Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 53,4%-ро ташкил дод.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 417,3 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, дар майдони 188675 гектар ғалладонагиҳо, 18802 гектар полезиҳо, 119455 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 108125 гектар пахта, 35891 гектар сабзавот, 12920 гектар картошка ва 41559 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуда, иҷрои дурнамо баробар ба 100,8 фоиз таъмин гардид. Ҳамзамон, дар майдони 127,8 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ҳосили бадастомада саҳми сокинони шарафманди вилоят дар ғани гардонидани бозори истеъмолии аҳолии мамлакат мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ҳолати мелиоративии 4657,7 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуда, 330 гектар заминҳои аз гардиш берунмонда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 1,1 миллион тонна ғалладонагиҳо, 2,1 миллион тонна сабзавот, 1,5 миллион тонна полезӣ, 232,6 ҳазор тонна картошка, 450,2 ҳазор тонна меваҷот, 158,6 ҳазор тонна ангур, 273,1 ҳазор тонна гӯшт, 609,5 ҳазор тонна шир, 182,1 миллион дона тухм, 6500 тонна пашм, 137 тонна пилла, 1200 тонна асал ва 3600 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ аз 100,8 то 157,5 фоиз таъмин гардид.
Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар майдони 2495,7 гектар гармхонаҳои доимӣ ва мавсимӣ кишти сабзавотҳо гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 75,2 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст.
Соли 2025 дар талу теппаҳои бо намӣ таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 54,1 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 138 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуданд.
Бо мақсади ободу зебо гардонидани ватани азизамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2024-2025 ба миқдори 717523 бех ниҳолҳои гуногун, 6439697 бех гулу гулбуттаҳо шинонида шуда, дар масоҳати 93406 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабз гузаронида шудааст.
Айни замон, кишоварзони вилоят бо андешидани тадбирҳои омодагӣ, амсоли шудгор, нуриандозӣ, обмонии захиравӣ, обшӯйкунии заминҳо, яхобмонӣ, нигоҳдорӣ ва шиба кардани барф дар бехи дарахтон, захира намудани тухмиҳои сифати аъло ва нуриҳо дар анборҳо ба хотири фаровонҳосилӣ, буриш ва башаклдарории дарахтон, мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳо, таъмири олотҳои коркарди хок ва омода намудани техника ба кишту кори баҳорӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.
Эътимоди комил дорам, ки соли ҷорӣ низ мардуми заҳматқарину сарбаланди вилояти Хатлон ба хотири амалишавии барномаҳои стратегӣ ва нақшаву ниятҳои неку созандаи Пешвои муаззами миллатамон, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, бо нангу номус ва ғурури баланди миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва бо азму иродаи қавӣ баҳри ободиву шукуфоии сарзамини биҳиштосоямон меҳнат намуда, дар раванди давлатдорию меҳансозӣ ва таъмини пешрафту тараққиёти сарзамини биҳиштосоямон саҳми бештари худро мегузоранд.
Бо ҳамин марому ниятҳои нек, бори дигар мардуми иззатманду сарбаланди вилояти Хатлони бостониро бо фарорасии ҷашни Сада самимона муборакбод гуфта, ба кулли ҳамдиёрон сиҳатмандиву нишоти умр таманно дорам.
Ҷашни Сада муборак бод!
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019