Бойгонӣ

НАВРӮЗ - ҶАШНИ СОЗАНДАВУ СУЛҲОВАР

Сухани сармуҳаррир
     
     Ба кишвари хуршедии мо боз баҳор омад ва бо вурудаш шодию нишот, сафову зебоӣ ва рӯзи навро ба ҳар хонадон овард. Бале, бо оғози баҳор ба зиндагонӣ таровати нав, ба дилҳо умеди тоза эҳдо мегардад. Табиат аз пайки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз шукӯҳу ҷалоли бештар пайдо мекунад. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ, махсусан табиати Хатлони бостон чатри мунаққашу назаррабое аз мавҷи шукуфаҳову гулу рустаниҳои баҳорӣ дорад, пайке аз ҷашни қадимию гиромии мо - Наврӯз меорад.

Наврӯз аз арзишмандтарин ва муборактарин ҷашни мардуми мо мебошад. Аз ин ҷашни куҳану тозарӯ дар ҳар хонадон, кӯчаву маҳал, шаҳру навоҳӣ арзандаву шоиста истиқбол мегиранд. Ба истиқболи ин ҷашн хонаву дар тозаву озода мегардад. Басо рамзист, ки дар ин айём корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, гулпӯшкунию хуррамгардонӣ вусъати бесобиқа касб мекунад, зеро фазилати Наврӯз низ ба амалҳои наку ҳидоят кардан, ободонию созандагист. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат зимни яке аз суханронҳо иброз дошта буданд: «Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла пойтахти он мебошад». 

Мардуми заҳматқарини вилояти Хатлон ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро бо омодагиҳо, ҷаҳду талошҳо баҳри ободии диёр, саодати рӯзгору зиндагии арзанда ва истиқболи шоиста аз ҷашни бузурги миллат- 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ  пазироӣ мекунанд. Аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бастаанд. Имрӯзҳо дар вилояти Хатлон бо ибтикори бевоситаи роҳбари вилоят Қурбон Ҳакимзода яке аз суннатҳои наврӯзӣ- аёдат ва кумак ба калонсолону беморон, маъюбону ятимон ва дигар шахсони ниёзманд хеле хуб роҳандозӣ гардидааст.

Роҳбарияти вилояти Хатлон пайваста барои дидорбинӣ ба аёдати модарони бузургсол, собиқадорони меҳнату иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945  рафта, кумакҳои моддӣ мерасонанд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз низ даҳҳо нафар ниёзмандон аз кумакҳои мақомоти иҷроияи давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатманд бархӯрдор гардиданд.

Ҳамчунин ба истиқболи ин ҷашни фархунда дар шаҳру навоҳии вилоят даҳҳо иншоотҳои гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Кӯчаву хиёбонҳо ҳама гулпӯш ва сабзкорӣ карда шудаанд, ки аз омодагиҳо ба озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дарак медиҳанд. 

Наврӯз эҳёи табиат, ҷашни зебоӣ, нишотбахшу шодиовар, рамзи покию ободӣ, саодату сурур аст. Наврӯз сафо, ободӣ ва ташаббусҳои созандаву ояндасоз аст. Хатлониён низ чун дигар сокинони кишвар барои шоиста истиқбол намудани ин ҷашни миллӣ ҳамаи фазилату суннатҳои наврӯзиро ба ҷо меоранд, то кишвар амну обод ва саодати рӯзгор насибашон бошад.

Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборак!


Латофати МИРЗОСАИД
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019