Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 3 сентябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони нозироти андоз, молия, гумрук ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Масъалаҳои ташкили Намоишгоҳ-фуруши маҳсулотҳои кишоварзии вилояти Хатлон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, вусъат бахшидани корҳо дар соҳаи кишоварзӣ-кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили кишти зироатҳо, аз ҷумла пахта, инчунин сохтмони иншооти ҷашнӣ, мусбӣ ҷамъбаст намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар 8 моҳи соли 2025, соҳаи саноат, омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ ва дигар мавзуъҳо дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мебояд чораҳои амиқу саривақтӣ андешанд.
Иброз гардид, ки ҳанӯз ҳам дар вилоят имкониятҳои истифоданашуда барои рушди иқтисодиёт зиёданд, ки дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии рушд барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Раиси вилоят вобаста ба роҳандозии фаъолияти дурусти корхонаҳои пахта, бо дарназардошти мураккабу вазнин ва ҳатарзо пешгӯӣ гардидани солҳои дарпешистода сарфаю сариштакорӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, пешбурди корҳои оммафаҳмонӣ ва вохӯриҳо бо ҷавонону сокинон, ҳидоят намудани онҳо ба ватандорию хештаншиносӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, беҳтар намудани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ, вусъат бахшидан ба раванди бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз масъулон пурсон шуда, дастуру супориш ва тавсияҳои муфид доданд.
Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ва истифодаи тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда вобаста ба таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД




