Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЙИ ҲИДОЯТИ ПАДАР
Зани миёнасоле автомошинаи сабукравро чобукона ронда, ба зери сояҳои анбӯҳи дарахтони чинор истод. Аз мошин берун шуда, дурудароз ба қатори чинорҳои сар ба афлоккашида дида дӯхт. Шоху навдаҳои дарахтон аз насими форами баҳорӣ алвонҷ мехӯрданд. Накҳати гулҳои рангорангу гиёҳу сабза, садои чаҳ-чаҳи парандагон, шилдироси оби сарди чашма, ки аз боло ба поён мешорид, манзараи дилрабоеро мемонд, ки гӯё бо мӯқалами мусаввире бо рангҳои ҷодуӣ наққошӣ шудааст.
Ӯ низ чун дигар зиёраткунандагон оҳиста – оҳиста аз зинаҳо баланд шуда, роҳи мақбараи Ҳазрати Султонро пеш гирифт. Зиёратгоҳи Ҳазрати Султон аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг аст, ки диққати сайёҳони дохилу хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.
Дар шаҳр ҷавондухтаронро дида будам, ки сари чамбараки мошин менишинанд, аммо ин дафъа бароям хеле аҷиб намуд, ки зани миёнасоле чобуксаворӣ мекунад. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту аз қафои ронандаи моҳир ман низ боло шудам.
Ҳама дар харакҳои атрофи мақбара нишастем. Ронандаи чобуксавор (ман он зани ношиносро чунин ном гузоштам) бо кормандони мамнуъгоҳ ва мутаваллии зиёратгоҳ ҳолпурсӣ намуд. Ба назарам, ӯ бори аввал нест, ки ба ин ҷо меояд, – аз дил гузаронидам ман. Ӯро мешиносанд, боэҳтиром ҳолу авҳол пурсиданд. Мутаваллӣ дуо кард. Ҳама ба назди чашмаҳои оби мусаффо поён шуданд. Ӯ оҳиста - оҳиста ба тарафи чапи мамнуъгоҳ сӯи марқаде раҳсипор гашт. Он ҷо истода, атрофи марқадро аз хасу хошок тоза карда, нишаста дуо кард. Даме он ҷо ором гирифта, ба гумонам бо худ гуфтугӯ мекард. Мо ҳам бо зарфҳои обдор наздик шудем.
САФЕДОРҲОИ МЕҲР, ТАЪРИХИ ЯК ФИДОКОРӢ
– Дар баландиҳои атрофи зиёратгоҳи Ҳазрати Султон ҳоло ҳам дарахтону буттаҳои худрӯ, олучаҳои зардаку сурхаки туршмаза ва анбӯҳи дигар буттаҳои кӯҳӣ месабзанд. Чанд даҳсола пеш ин ҷойҳо ҷангале беш набуд, гузашта намешуд, зеро дарахту буттаҳо хеле зич буданд, – гуфт Муслима ба ин дарахтон ишора карда ва суханашро идома дод.
-Дар оила мо панҷ духтар будем. Ман духтари калонии хонавода будам. Азбаски волидон писар надоштанд, нақши писару корҳои мардонаро ман анҷом медодам.
Дар шаҳри Кӯлоб мезистем. Падарам дар муассисаи давлатӣ ба ҳайси ронанда кор мекард. Охирин рӯзҳои тирамоҳӣ ва пеш аз баҳор аз кадом муассисаи ниҳолпарварӣ ниҳолҳои дарахти чинорро харида, моро гирифта ба ин мавзеъ меовард. Мо бо худ белу каланд ва ғизо меовардем. Бо заҳмати сангин ин ниҳолҳоро мешинонидем. Ба дастони пуробилаи қиблагоҳам назар карда, ҳайрон мешудам, ки чаро ӯ фарсахҳо дур аз манзили истиқоматиямон омада, ин мавзеи ноободро обод карданӣ аст. Баъзан молу говҳои фермаи маъруф ба номи “Андрей”-и ҳамон замон ҳамаро поймол карда, несту нобуд мекарданд.
ДАР ЗЕРИ СОЯИ ВАСИЯТ
– Падарам автомобили нав харид. Ба “Нива”-и зард моро савор карда, боз ба ин макон меовард. Дарахт мешинонидему чинорҳоро нигоҳубин мекардем. Боре ҳангоми гаштугузор дар ин мавзеъ падарам маро ба ҷойе ҳоло хобидааст овард, васият кард, ки чун даргузарад, ӯро дар ҳамин ҷо дафн кунем.
Падарам ин дунёро тарк намуд. Ҳамон сол зимистони сахту сербориш омада буд. Барф дар ин ҷо баланд борида будаст, ки ҳама ҳайрон ба ман менигаристанд, ки чӣ кор мекарда бошам. Ман, ки то ин дам ҳамеша канори падар будам, наметавонистам охирин хоҳиши ӯро иҷро накунам. Рӯзи сахти зимистон падарамро дар ин макон ба хок супурдем, – қисса кард Муслима.
АЗ АНДЕША БА АМАЛ – РОҲЕ, КИ БА РОНАНДАГӢ ОВАРД
Ронандагӣ кардан ҳеҷ гоҳ ба зеҳни Муслима Ятимова наомада буд. Аммо ҳоло намедонист, ки чӣ кор кунад. Падараш ин дунёро тарк намуд, анъанаи ободонии мавзеи онҳо чӣ мешуда бошад? Шояд бо ҳамин ҳамааш ба охир расид, мепурсиданд аз ӯ.
– Чӣ гуна ба охир расид,- мегуфт ӯ. Падарам онҷост, кори оғозкардаи ӯ чӣ мешавад. Чинорҳое, ки бо обилаи дастони аҳли хонаводаи ӯ нумӯ доранд, магар хушк мешаванд. Саволҳои бешумор зеҳни ӯро мағшуш мекарданд. Хонавода, кору бори хона, фарзандон ва кори омузгорӣ. Бале, ба ӯ душвор буд, аммо ӯ аз тоифаи одамоне набуд, ки аз мушкилот ҳаросад. Ба қавле миён басту даст ба кор шуд. Ба мактаби ронандагӣ ҳуҷҷат супорида, ронандагӣ омӯхт. “Нива”-и зарди аз падар мондаро савор шуда, роҳ сӯи ноҳияи Ховалинг – мавзеи Ҳазрати Султон гирифт. Дар ин мавзеи зебову дилрабо беш аз 300 дарахти сафедор қад кашидааст, бо заҳмату меҳнати хонаводаи онҳо, махсусан падари Муслима Ятимова.
СЕББОҒУ ЧИНОРҲО, ПОСИ ҲИДОЯТИ ПАДАР
Муслима сари ҳар вақт ба дидорбинии падар ва сафедорҳо меояд. Ба қатори дарахтони чинор, ки ҳоло бузург гаштаву ин мавзеи хушобу ҳаворо зебу зиннати дигар мебахшанд, дуру дароз дида дӯхта, ба маънии ҳидояти падар сарфаҳм меравад. Ҳидояти падар – рисолати ободонӣ ва бунёдкорӣ доштани инсон ва ба оянда умеди нек доштан. Аз ин рӯ, вай тасмим гирифт, ки дар мавзеи начандон дуртар аз ин мамнуъгоҳ, дар масоҳати 2 га боғе бунёд намояд. Ҳоло себбоғи апаи Муслима боровар гашта, нафарони зиёд аз он ком ширин мекунанд.
ЗАНИ ОБОДГАР, ОМӮЗГОРОНИ ФАРЗОНА
Муслима Ятимова аз шумули занони арҷманду некноми шаҳри бостонии Кӯлоб аст, ки бо ғаюрию ободгарӣ ва саховатмандияш ном баровардааст. Ӯ собиқаи омӯзгории 48 сола дошта, солиёни зиёд аз фанни математика дарс гуфтааст. Тули ҳашт сол сарварии яке аз дабистонҳои шаҳри Кӯлоб – МТМУ №1-ро ба уҳда дошт. Модари меҳрубони 5 фарзанд буда, муваффақияти хешро дар ҳар ҷода аз дастгирию ҳамдигарфаҳмии сарвари хонадон – ҳамсараш Искандар Хоҷаев медонад. Ҳамсараш низ омӯзгор буда, аз фанни физика дарс мегӯяд. Хонадони омӯзгорони обрӯманду некном, ки тору пудаш меҳру муҳаббат ва садоқату вафодорӣ аст, дар асоси боварию эътимод бунёд шуда, аз оилаҳои намунавии шаҳри Кӯлоб маҳсуб меёбад. Фарзандони хонадон хушодобанду ҳамагӣ соҳибмаълумот ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб кору фаъолият доранд. Фориғ аз фаъолиятҳои касбӣ ва дар рӯзҳои истироҳат ба макони орзуҳои модару падаркалони худ рафта, аз манзараҳои дилфиреби ин мавзеи фараҳбахш баҳраи маънавӣ мебардоранд.
Латофати Мирзосаид
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



