БОЙЧЕЧАКУ СИЯҲГӮШ-МУЖДАИ БАҲОР
Дар вилояти Хатлон маросими гулгардонӣ дар минтақаи Кӯлоб хеле бо шукӯҳу шаҳомати аҷиб мегузарад. Бачаҳо бо машаққати зиёд ба кӯҳ мебароянд, ҷойҳои алопесаи кӯҳсорро бодиққат аз назар гузаронида, гули сияҳгӯш мечинанд ва гулдаста ороста, ҳавлӣ ба ҳавлӣ мегарданд, сурудҳои наврӯзӣ мехонанд ва мардумро аз омад-омади баҳор ва фаро расидани киштукор ҳушдор медиҳанд:
Баҳор омад, баҳор омад,
Гули савсан қатор омад,
Ба деҳқон вақти кор омад,
Баҳори нав муборак бод!
Баҳор омад ба нимрӯзӣ,
Бичин гулҳои наврӯзӣ,
Бимон тоқии гулдӯзӣ,
Баҳори нав муборак бод!
Гули сиёҳгӯш ҳафтранг аст,
Миёни хоку ҳам санг аст,
Ҳамеша дар сараш ҷанг аст,
Баҳори нав муборак бод!
Одамон гулҳои наврӯзиро ба чашму абрувон молида, «Оҳе, барои одами зинда баҳор шуд!» гуфта, шукр мекунанд, ки то баҳори нав Худованд онҳоро расонид ва ба бачаҳо вобаста ба ҳимматашон пул, ширинӣ, чормағз, гандум, нахӯд ва ғайра ҳадя мекунанд.
Гули сияҳгӯшро дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо номҳои гули ҳасрат, гули наврӯзӣ низ ёд мекунанд. Барои он гули ҳасрат мегӯянд, ки он гӯё бори аввал баҳорон дар рӯйи гӯри Сиёвуш рӯидааст.
Маросими гулгардонӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон қариб аз байн рафтааст. Танҳо иқтисоди бозорӣ бозори савдои гулҳои наврӯзиро тафсонидааст: бачаҳо дар оғози баҳор дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, дар минтақаи Хуросон гулҳои наврӯзӣ чида мефурӯшанд ва мардумро аз вуруди Наврӯз хабар медиҳанд.
Маросими бачагонаи гулгардонӣ дар қисмати шимоли Тоҷикистон бо номи «бойчечак», ки онро гоҳо «бойкандак» низ мегӯянд, машҳур аст. Бачаҳо бо оҳанги дилнишину форам ба ҳавлӣ наздик мешаванд. Сарбайтхон пешсафи гулгардонҳо дар даст гулдаста ба сурудхонӣ ҳусни оғоз мебахшад:
Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрӯйи химчак.
Дигар гулгардонҳо мисраи гардонро такрор мекунанд:
Сарбайтхон:
Бӯйи баҳор бойчечак,
Муждаи кор бойчечак!
Ҳама:
Бойчечак, бойчечак!
Лозим ба ёдоварист, ки бойчечак дар русӣ бо номи «подснежник» ёд мешавад. Мардуми Эрон онро гули сурӣ мегӯянд. Маликушшуаро Баҳор дар ғазали машҳури «Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед» мефармояд:
Андалебон гули сурӣ ба чаман карда вуруд,
Баҳри шодбоши қудумаш ҳама фарёд кунед.
Решаи вожаи «сурӣ» «сур»-тӯй аст, яъне мардум бо дидани гули сурӣ шодиву хурсандӣ мекунанд, ин гулро, ки муждаи наврӯзист, шодбош мегӯянд ва вуруди муборакашро арҷ мегузоранд, баробари андалебон мардум низ аз дидори ин гули зебо хушнуд мегарданд.
Вожаи «бойчечак» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (ҷилди 1, Душанбе, 2010, с.230) чунин шарҳ дода шудааст: «Гиёҳи гули зарду сафедчадор, ки дар кӯҳу саҳро баъди тамом шудани барфҳо мерӯяд ва муждарасони баҳор шумурда мешавад, гули баҳман, наргис». Ба назари мо бойчечак баъди тамом шудани барфҳо не, балки дар таги барф мерӯяд, нашъунамо мекунад ва мешукуфад. Барои ҳамин русҳо онро «подснежник» мегӯянд.
Маънии калимаи «бойчечак» дар ягон фарҳанги тавсирӣ шарҳ дода нашудааст. Гумони ғолиб он аст, ки ин вожа аз ду қисм (бой+чечак) таркиб ёфтааст. Бой - шахси тавонгар, соҳиби молу ҷоҳ ва чечак - вожаи туркӣ ба маънии гул баровардан, обила, як навъи беморист. Бой нисбат ба гули сурӣ («подснежник») ҳисси баланди бадбинӣ дорад ва бо дидани ин гул дар тани бойи чорводор чечак (гул) медамад. Зеро рамаи бузу гӯсфандони ӯ бо рӯидани бойчечак дигар алафи хушк намехӯранд ва ҷониби бойчечак рука мекунанд. Онҳо гулҳои наврӯзиро барфомехта ҳарисона мехӯранд ва табиист, ки ҷигару шушашон варам карда, паиҳам афтода мурдан мегиранд ва ҳатто то ба сари корд намерасанд. Гоҳо иттифоқ афтодааст, ки аз як рама гӯсфандону бузҳо яксара мемиранд ва даҳмарда таёқаш сари китф холӣ ба деҳа ба назди бой бармегардад.
«Бойкандак» номидани бойчечак низ ба гуфтаҳои болоӣ наздик аст, яъне бой бо дидани гули бойчечак канда (беҳуш) мешавад ё ки бой гули бойчечакро дидан замон онро канда мепартояд, зеро ҳаёту мамоти рамаи ӯ ба ин гул марбут аст.
Бойчечакро дар қисмати ҷануби Тоҷикистон, махсусан дар навоҳии вилояти Хатлон гули тағорашиканак, гоҳо гули қошуқтарошак мегӯянд. Гули тағорашиканак низ монанди гули сияҳгӯш аст, чашми барраро ба ёд меорад. Барои он «тағорашиканак» мегӯянд, ки мардум бо дидани ин гул аз оғози Наврӯз огоҳӣ меёбанд. Ба ин муносибат тамоми сару либосҳои зимистон ҷамъшударо покшӯӣ мекунанд ва аз ҷомашӯйи зиёд ҳатто тағораҳо мешикананд. Қошуқтарошак номидани ин гул низ ба ба шарҳи болоӣ рабт дорад. Одамон дегу табақу косаву қошуқи дар зимистон сиёҳу чарббастаро метарошиданд ва тоза мекарданд, то ки Наврӯзро бо сарулибоси тоза, хонаи озода, дегу табақи тамизшуда ва қалби пок истиқбол гиранд.
Тавре ки дар боло дар истинод ба «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ёдовар шудем, гули бойчечакро гули баҳман низ меноманд. Баҳман моҳи ёздаҳуми соли шамсиро мегӯянд, ки ба фасли зимистон рост меояд. «Чун лашкари баҳман рахти сафар барбаст, фасли баҳор расид» таъкид шудааст дар «Таърихи фаришта». Ҳамчунин номи гулест, ки дар моҳи баҳман мешукуфад:
Нигар бар рӯйи чаман аз сари ҳаводорӣ,
Шукуфта бар камари кӯҳ лолаву баҳман.
(Ҳоҷӣ Ҳусайн)
Гули бойчечак дар забони адабиёти классикӣ бештар бо номи «наргис» низ ёд мешавад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҷилди 1, Душанбе, 1969, с.833) оварда шудааст: «Наргис - номи гиёҳи пиёзбехи хурду нозук, ки гулҳои хушбӯйи сафед ё зард дорад:
Бар фарқи сари наргис - бар зард кулоҳ,
Бар фарқи сари чакова як мушт гиёҳ.
(Манучеҳрӣ)
Манучеҳрӣ дар ин байт наргисро тавре тасвир кардааст, ки аз бойчечак фарқе надорад: бар фарқи сараш кулоҳи зард дорад. Баръакси он, чакова (парандаи хушовози сӯфитурғай, ҳудҳуд) бар фарқи сараш гӯё як мушт гиёҳ гузоштааст. Адиби эронӣ Абдулалии Дастғайб мефармояд:
«Ҳоло фасли наргис аст, ки гулест зардчеҳра аммо гармсу бӯё.
Зимистон аст ва сӯзи сармо бар гунаҳо шаллоқ мезанад.
Вале гули наргис маҷмаре сӯзон, дар ҷоме сафедгуна месӯзад
ва атри пинҳонмондаашро парвоз медиҳад».
(Аз ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»
Амир Хусрави Деҳлавӣ низ дар абёти зер наргисро муждаи Наврӯз, зиннатбахши боғ ва оғози баҳор номидааст:
Боғ дар айёми баҳорон хуш аст,
Мавсими гул бар рухи ёрон хуш аст.
Чун дами Наврӯз кунад нофа боз,
Наргиси сармаст барояд ба ноз.
Сабза барорад хати ошиқфиреб,
Аз дили бинанда рабояд шикеб.
Барг шавад бар гулу насрин фарох,
Об чакад аз бару андоми шох.
Ба ҳамин тариқ, маросими гулгардонӣ, ки гули сари сабади бачаҳо гулҳои бойчечак (бойкандак, тағорашиканак, наргис, баҳман) ва сияҳгӯш (армон) мебошанд, ба мардум бори дигар барои хуррамона зиндагӣ кардан, донаи умед зери хок намудан, дӯст доштан, зебо пӯшидан, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва хонаву дар гӯё ҳушдор медиҳанд.
Ҳасан МУРОДИЁН,
доктори илмҳои филологӣ,