Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 июл 17:07АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод
НАЗОРАТИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҷониби Сарраёсат ва зерсохторҳои он беш аз 1900 амалиёти назоратӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷа, қариб 2000 нафар шаҳрванд барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузории экологӣ ба маблағи беш аз 870 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд ва то имрӯз 99 дарсади ин маблағҳо ситонида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан 370 ҳолати расонидани зарар ба табиат ошкор шуда, зиёда аз 310 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ рӯёнида шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз зиёд шудани шумораи зарар ва кам гардидани ҳаҷми маблағи зарари рӯёндашуда шаҳодат медиҳад.
Нақшаи пардохтҳои ҳатмии экологӣ пурра таъмин шуда, бештар аз ду миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. Ҳамчунин, зиёда аз 360 аксияи тозагии маҳал, беш аз 330 тозагии шоҳроҳ ва беш аз 310 маротиба тозагии соҳилҳо амалӣ гардидааст.
Маблағи ҷарима ва зарарҳои солҳои қаблӣ, ки то ҳол ситонида нашудаанд, бештар аз 260 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
М. Акрамов, “Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР
ШАРАФ БА ПЕШВО



