Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАМОАТИ ҲАЛЕВАРД. САМТИ ПЕШРАФТ ВА САҲМИ АҲОЛӢ ДАР РУШДИ НОҲИЯ
Ҷамоати деҳоти Ҳалевард дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз ҷамоатҳои калон ва пешрафта буда, бо аҳолии зиёду фаъолияти пурра дар соҳаи кишоварзӣ ва инфрасохтор дар рушди ҷомеа саҳми муҳим дорад. Дар ин мавзуъ бо Адолат Имомзода, раиси Ҷамоати мазкур мусоҳибае анҷом додаем.
– Лутфан дар бораи аҳолӣ ва таркиби ҷамоат маълумот медодед.
– Ҷамоати деҳоти Ҳалевард яке аз ҷамоатҳои калонтарин дар ноҳия буда, дар он 34 859 нафар аҳолӣ дар 5 803 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад.
– Шуғли асосии сокинон кадом аст ва онҳо чӣ гуна ба рушди ҷамоат саҳм мегузоранд?
– Аксари сокинон ба кишоварзӣ, хоҷагидорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Ин соҳаҳо дар рушди иқтисоди маҳаллӣ нақши калон доранд ва аҳолӣ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда дорад.
– Шумо дар ҷамоат кадом муассисаҳои иҷтимоиву хизматрасониро доред?
– Дар ҷамоат 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 масҷиди панҷвақта ва 11 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунанд, ки барои пешбурди ҳаёти сокинон кофӣ мебошанд.
– Чӣ гуна ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо сокинон ва дигар ташкилотҳо сурат мегирад?
– Кумитаҳои маҳалла бо ҳамкории бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ, имом-хатибон, фаъолон ва соҳибкорон дар ҳама деҳаҳо ба рушди ҷомеа мусоидат мекунанд.
– Дар соҳаи кишоварзӣ кадом навъи маҳсулот бештар истеҳсол мешавад ва нақши ҷамоат дар содирот чӣ гуна аст?
– Кишти пахта яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ аст. Ғайр аз он, маҳсулоти дигар ба мисли пиёз, олу ва меваҳо низ истеҳсол ва ба бозорҳои хориҷӣ содир карда мешаванд. Дар соли 2025 мо бояд 913 тонна маҳсулот содир мекардем, аммо беш аз 1000 тонна содирот анҷом додем.
– Дар ҷамоат дар соҳаи ободонӣ кадом корҳо ба анҷом расидаанд?
– Дар маҳаллаҳои ҷамоат мо корҳои ободониро тибқи нақша ба роҳ мондаем. Аз ҷумла, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мағозаҳо, сехҳои дӯзандагӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ. То имрӯз зиёда аз 65 фоизи нақшае, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буд, иҷро гардидааст.
– Лутфан дар бораи сохтмони синфхонаҳо маълумот диҳед.
– Айни ҳол мо бо кумаки соҳибкорон, дастгирии падару модарон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ва 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи рақами 13-ро идома медиҳем. Раиси ноҳия Холиқзода Ҳикматулло Рустам низ дар ин раванд саҳми калон дорад.
– Иштироки занону бонувон дар корҳои ободонӣ чӣ гуна аст?
– Занону бонувони ҷамоат хеле фаъол ҳастанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар бартарафсозии мушкилот саҳмгузори босамар бошанд.
– Дар ҷамоати Шумо намояндагони миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Лутфан дар бораи муносибат бо онҳо ва ҳамгироии иҷтимоӣ маълумот медодед?
– Бале, дар маҳаллаи Талхачашма қавми лӯлиён зиндагӣ мекунанд, ки то андозае фарқиятҳои фарҳангии худро доранд. Аммо мо ҳаргиз ин фарқиятҳоро ҷудо намекунем. Онҳо низ шаҳрвандони баробарҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонанд. Мо кӯшиш мекунем, ки онҳо пурра ба раванди таҳсил ва фаъолияти ҷамъиятӣ ҷалб шаванд.
– Оё кӯдакони лӯлиён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд?
– Дар деҳаи Зархез, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 6, хонандагони ин гурӯҳ таҳсил мекунанд. Агарчи баъзе мушкилиҳои фосила ва ҷобаҷогузории хонандагон вуҷуд дошт, мо талош кардем, ки онҳоро пурра ба таҳсил ҷалб намоем. Синфҳои ибтидоии алоҳида ва ҳам дарс дар мактабҳои болоӣ низ барои онҳо муҳайё шудааст.
– Муносибати онҳо ба хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ чӣ гуна аст?
– Онҳо бо дигар шаҳрвандон баробар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб мешаванд. Дар корҳои ҷамъиятӣ, ярмаркаҳо, саҳмгузорӣ дар ободонӣ, сохтмон ва дигар фаъолиятҳо хеле фаъоланд. Ин гувоҳи он аст, ки фазои дӯстӣ ва ҳамзистӣ дар ҷамоат таъмин аст.
– Ташаккур барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво!
– Ба шумо низ ташаккур барои таваҷҷуҳ.
Суҳбаторо М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



