Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
03 мар 09:48АСОСӢ / Саноат ва кишоварзӣ
ЛИМӮПАРВАРӢ РУШД МЕКУНАД

Имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳун қариб оилае нест, ки нозукиҳои лимӯпарвариро аз худ накарда бошад. Тибқи иттилои Пирназар Нуров, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун ҳоло дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия ҳам дар гармхонаҳои замини наздиҳавлигии сокинон ва ҳам хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони умумии 135 гектар лимӯ парвариш карда мешавад, ки аз онҳо ҳамасола кишварзон ҳосили фаровон ба даст меоранд. Деҳқонони ноҳия ба натиҷаҳои хубӣ меҳнатӣ ноил гашта, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 169 тонна ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд.

Фарҳод Собиров яке аз чунин лимӯпарварони муваффақ аст, ки панҷ сол пеш дар масоҳати 20 сотих гармхона бунёд намуда буд. - Соли якуму дуюм ниҳолон камтар ҳосил доданд, ҳосили имсола қаноатбахш аст, -мегӯяд Фарҳод. Ин мавсим аз 180 ниҳол ӯ 180 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намудааст. 10 тонна лимӯи ғундоштаи Фарҳодро соҳибкорон ба Россия содирот кардаанд ва ҳоло 8 тоннаи дигарро дар анбораш ба тарзи махсус нигоҳ медорад.
- Ду сол боз як қисми ҳосили лимӯро дар хона нигоҳ медорам. Албатта, бо тарзу усули хос. Ҳар як донаи лимӯро дар салафан маҳкам мебандам, то ин ки ба дохили он ҳаво надарояд ва онро дар рафҳои чӯбин мечинам. Вақте талабот ба ин навъи маҳсулот меафзояд онро бо нархи нисбатан беҳтар ба фурӯш мегузорам. Соли гузашта ин корам самар дод ва фоидаи хуб ба даст овардам. Имсол бошад нарх хеле арзон шуд ва барои ҳамин боз ҳам аз ин таҷриба истифода карда истодаам, - идома дод лимӯпарвар.
Лимӯ дар якчанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат парваришу истеҳсол карда мешавад. Вале ба гуфтаи мутахассисони соҳа тамъи лимӯи Ҷайҳун дар қиёс бо дигар ноҳияҳои кишвар фарқкунанда аст. Инро олимони соҳа дар нисбатан гарм будани иқлими ноҳияи Ҷайҳун ва қумзамин будани мавзеи он медонанд. Кишоварзони ноҳияи болозикр дар истеҳсоли якчанд намуди маҳсулот, аз ҷумла лимӯ, полезӣ, сабзӣ, пиёз ва ҷуворимакка барои дон нишондоди аз ҳама боло доранд. Саҳроҳои ин ноҳия майдони корзори ҳақиқиро мемонад, ки тамошои он манзараҳо ба кас бечунучаро ҳаловат мебахшад.
Дар вилояти Хатлон аслан ноҳияҳои лимӯпарвар Ҷайхун, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва шаҳри Левакант маҳсуб меёбанд. Кишоварзони ноҳияҳои дигар ниҳолони пайвандии лимӯро аз деҳқонони собиқадори ноҳияи Ҷайҳун дастрас карданд. Ҳамин аст, ки дар дигар ноҳияҳо низ иштиёқи сокинон ба истеҳсоли лимӯ афзун мегардад. Зеро ин мева дар хориҷ аз марзи мамлакат харидори бештар ва арзиши баланд дорад. Тибқи иттилои масъулини Раёсати иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамин мавсим то 7-уми феврали соли ҷорӣ дар вилоят беш аз панҷ ҳазор тонна лимӯ истеҳсол шуда, бештар аз 50 фоизи он ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Бобосанг Ҳироев, мудири бахши содироти вилоят иттилоъ дод, ки ба ҳолати 6-уми феврали соли равон 2 ҳазору 600 тонна лимӯи вилоятро соҳибкорони вилояти Суғд харидорӣ намуда, ба дохил ва хориҷи кишвар содирот намудаанд. Ҳамчунин онҳо 300 тоннаи дигарро харидорӣ намуда, дар анборҳо захира кардаанд.
Содироти лимӯ аз ҳудуди вилояти Хатлон тавассути Дидбонгоҳи гумрукии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сурат мегирад. Соҳибкорон аз шаҳри Ҳисор ва вилояти Суғд 1 килограмм лимӯи ноҳияи Ҷайҳунро бо арзиши то 5 сомонӣ харида, дар берун аз марзи мамлакат маҳсулоти хушсифати Тоҷикистони офтобии моро муаррифӣ менамоянд. Тавре лимӯпарварон мегӯянд, мизоҷони ҳамешагӣ асосан Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳрҳои Челябинск, Магнитагорск, Санкт-Петербург ва Москваи Федератсияи Россия мебошанд.
Лимӯ ҳамчун меваи ситрусӣ дар соҳаи тибби мамлакат низ истифода мешавад. Истеъмоли он барои рафъи бемории фишорбаландӣ, тунук кардани хун ва рӯшноии чашм низ муфид дониста мешавад. Аз ҳамин хотир бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимӯпарварони ноҳияи Ҷайҳун вазифадор шуданд, ки майдони гармхонаҳоро боз ҳам васеъ гардонанд. Ҳоло сохтмони гармхонаҳои нав дар ноҳия дар масоҳати умумии панҷ гектар идома дорад.
Амонҷон МАҲКАМОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд